ҲАМКОРИҲО МИЁНИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛӢ БО ТАШКИЛОТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ РУШД МЕЁБАД

6 декабри соли 2017 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таҳти раёсати Раиси Шӯро – муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират баргузор гардид.

Дар корӣ ҷаласа роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва раисони Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки бо мақсади рушд ёфтани ҳамкориҳо мақомоти маҳаллӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тайи ин муддат корҳои муайян ба анҷом расида, бо дастоввардҳои назаррас ноил гардадаанд, аз ҷумла: - зиёда аз 1500 кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар таҳрезии лоиҳаҳо ва нақшаи стратегӣ, гузаронидани мониторинг - арзёбӣ, тадқиқотҳо дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ, ҷалби инвеститсияҳо – захираҳо, ташкили чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ фаъоланд. – Беш аз 170 лоиҳоҳои хурд оид ба сафарбаркунии аҳолӣ баҳри иҷрои мушкилотҳои иҷтимоӣ, аз қабили бо оби нӯшокӣ таъмин намудани мардуми деҳот, тоза намудани заҳбурҳо, таъмири роҳҳо, объектҳои иҷтимоӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳо, кӯдакистонҳо, пулҳо (копрук) таъмир ва барқарорсозии объектҳои инфраструктураи таъмини барқ амалӣ гардида ва зиёда аз 100 хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ соҳиби техникаи хоҷагии қишлоқ ва тухмиҳои хушсифат гардидаанд. – ба зиёда аз 3500 нафар намояндагони гурӯҳҳои ниёзманд дар барномаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ тавассути машваратҳои ройгон ба кӯмаки тиббӣ ва иқтисодӣ ҷалб карда шудаанд, ки саҳми ташкилотҳои байналмилалии “Фидокор”, “Хазинаи кӯдакони Созмони милали Муттаҳид “ЮНИСЕФ”, “Наҷоти кӯдакон”, “Ғамхорӣ” ва “Бонувони Хатлон” назаррас мебошад.

Дар охири ҷаласа нақшаи кории Шӯро барои соли 2018 тасдиқ карда шуд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11