ҲАМКОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад. Зеро мо ҳанӯз дар оғози эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорем. Таҷрибаи таърихии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон собит месозад, ки бунёди чунин давлат раванди тӯлонӣ мебошад.

Аммо, аз замони ба Истиқлолияти давлатӣ расидани кишвари азизамон-Тоҷикистон ҳанӯз давраи зиёд нагузашта бошад, вале мо аллакай шоҳиди густариши ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон ҳастем ва дар ин самт аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти озоди ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумлаи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъиёт ва мушаххасоти муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ сабти равшани худро ёфтаанд. Аммо ба андешаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мафҳуми истилоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, мутаассифона дар зеҳну шуури оммаи васеи мардуми ҷумҳурии мо то ба ҳоло ба қадри бояду шояд маълуму маъмул нагаштаст» ҳ2,35].

Ин дар ҳолест, ки дар шароити истиқлолияти миллӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун дараҷаи баланди рушди ҷомеа дониста шудааст ва Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва қонунҳоеро то ба имрӯз ба тавсиб расонидааст, ки онҳо барои ҳимояи саросарии тамоми шаҳрвандон равона шудаанд.

Зеро, таъмини озодии шахс аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва дахолат накардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон яке аз омилҳои муҳими ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад ва дар масири бисту се соли даврони Истиқлолияти давлатӣ барои мустаҳкам намудани асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои воқеӣ ба вуҷуд омадааст.

Яке аз он заминаҳо пайдоиши созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, ки яке аз нишонаҳои рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад, мебошад, зеро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ на ҳама вақт имконият дорад, ки проблемаҳои ба амал омадаи иқтисодию иҷтимоиро саривақт ҳал намояд.

Дар ин маврид ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли проблемаҳои бавуҷудомада, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ кӯмаки калон мерасонанд. Дар доираи ҳамин муносибат ва ҳамкориҳои судманд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ тадбирҳои судмандеро роҳандозӣ намудааст, аз ҷумла пешниҳод ва дархости ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи қонунгузорӣ дар ҳама ҳолат мавриди назар қарор дорад ва ба шаҳрвандон шароит муҳайё карда шудааст, ки фаъолияти баланди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ нишон диҳанд, то ҷомеаи шаҳрвандӣ рушд ёбад. Аммо мафҳуми истилоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дарки он мутаассифона дар зеҳну шуури оммаи васеи мардуми ҷумҳурӣ дар сатҳи лозима ҷойгир нагардидааст.

Ҳарчанд робитаи ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи лозима ба роҳ монда шуда бошад, ин раванд дар ҷомеа инъикоси пурраи худро наёфтааст, ки сабаби асосии ин ҳолат пеш аз ҳама воситаҳои ахбори оммаи кишвар мебошанд. Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, воситаҳои ахбори омма низ саҳми хеле калон доранд. Воситаҳои ахбори омма бояд моҳият, раванди рушд ва хусусиятҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ҳамаҷониба ташвиқ намоянд.

Зеро, ҷомеаи шаҳрвандӣ - ин ҷомеаест, ки дар он шакли рушдёфтаи муносибатҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ байни аъзоёни он ба назар мерасад ва он бе дахолати давлат, вале бо ҳамоҳангӣ бо он амалӣ мегардад. ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, оила, муассисаҳои хоҷагӣ, иттифоқи касаба, ҳимоячиёни ҳуқуқ, муассисаҳои эҷодӣ, варзишӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва ғайра институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил намуда, ҳамаи ҳамин институтҳо бе ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ рушд намеёбанд ва ба ҳали дилхоҳ проблемаи мавҷуда муваффақ низ намегарданд.

Болотар қайд намудем, ки ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ оғоз гардида дар ин муддат рушд кард, инро ҳар яки мо эҳсос карда истодаем, зеро озодии иҷтимоӣ, давлати демократӣ, вуҷуд доштани ҷабҳаҳои ҷамъиятии фаъолияти сиёсии баҳснок, ошкорбаёнӣ ва огоҳии иттилоотии шаҳрвандон, вуҷуд доштани кафолати ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон аз шароитҳои пайдоиш ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Ба қавли сиёсатшинос Г. Зокиров: «Талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути иродаи давлат ба амал меоянд, зеро дар шакли қонун аҳамияти умумӣ пайдо менамоянд. Дар навбати худ иродаи давлат аз талаботу манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бармеояд» ҳ1,278].

Аз ин рӯ, ташаккул ва рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар як вақт бо ташаккулёбии институтҳои сиёсии давлат мегузарад. Бинобар ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатӣ бо якдигар дар алоқамандии зич рушд меёбанд ва онҳоро аз якдигар ҷудо кардан мумкин нест. Гуфтан ҳам мумкин нест, ки байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкориҳо вуҷуд надорад, зеро дар ҷомеаи демократӣ давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар байни худ ҳамчун шарики ҳамкор баромад менамоянд.

Зеро, ислоҳоти тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ба Тоҷикистон имконият дод, ки дар радифи дигар давлатҳои пешрафта рӯ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳад.

Дар ин маврид, Президенти кишвар, қайд намудааст, ки: «Ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷмӯи муносибату сохтори байнишахсӣ, оилавӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда, дар ҷомеа бе дахолати бевоситаи давлат ва берун аз сохтори давлат рушд меёбад ва барои демократия, ҳуқуқу озодиҳои шахсият ва ҷомеа шароит муҳайё мекунад» ҳ2,36].

Масалан, оила яке аз институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад. Вобаста ба ҳамин, оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоии ҷомеа пойдевори мустаҳками рушди он буда, низоми рушдёфтаи муносибатҳо дар он метавонад инъикосгари сатҳи фарҳанг ва маърифати аъзои он бошад.

Дар сиёсати иҷтимоии имрӯзаи давлат рӯ овардан ба оила яке аз ҳадафҳои муҳимест, ки тавассути он имконияти ҳалли як қатор масъалаҳои муҳиму калидии ҷомеаи шаҳрвандиро ба даст овардан мумкин аст. Ин пеш аз ҳама, ба қобилияти оила дар самти иҷрои вазифаҳое рабт дорад, ки он ҳамчун ниҳоди аввалини иҷтимоии ҷомеаро бояд иҷро намояд.

Аз ин рӯ, тақвият бахшидани пояҳои устувори маънавию фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии он вазифаи муҳим буда, равандест, ки фаъолияти ҳамарӯза ва ҳадафмандона тарҳрезишударо аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамкории судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тақозо менамояд. Дар ин самт тақвияти нерӯи созандаи занон метавонад омили муҳими таконбахшандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ гардад.

Бояд қайд, кард, ки сиёсати имрӯзаи роҳбарияти давлат, ки ба дастгирии ташаббусҳои созандаи занон, баланд бардоштани мавқеъ ва нуфӯзи онҳо дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти нерӯи зеҳнии онҳо нигаронида шудааст, аз ҷониби занон ташаббусу кӯшишҳо ва талошҳои бештареро дар самти ҳамкориҳои судманди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тақозо менамояд.

Аз тарафи дигар устуворгардонии заминаи меъёрии ҳуқуқии дастгирии занон василаи боэътимоди ҳалли аксари масъалаҳои гендерӣ аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ, манзури мо созмонҳои ғайридавлатии марбут ба масоили оила, гардида истодааст. Созмонҳои ғайриҳукуматии марбут ба омӯзиши проблемаҳои оила дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқӣ, аз қабили Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд.

Дар ҳамин маврид, қайд намудан бо маврид, аст, ки муроҷиати институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ як робитаи судмандӣ дар бахшҳои гунонгун аз ҳамкориҳои ин ду ниҳод гувоҳ аст.

Зеро, муроҷиати институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷой доштани мушкилоту камбудиҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ гувоҳӣ медиҳад. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки теъдоди муроҷиати институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қабули онҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар яксон нест. Яъне нобаробарии рушди ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақаҳои кишвар ҳоло ҳам ба чашм мерасад.

Масалан, мақомоти иҷроияи мҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои густариши бевоситаи ҳамкориҳои судманд бо ҷомеаи шаҳрвандӣ лоиҳаи «Бе миёнаравҳо»-ро роҳандозӣ намудааст. Лоиҳаи мазкур баҳри густариши робитаи бевосита бо сокинони шаҳри Душанбе, институтҳои шаҳрвандӣ ва фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ дар татбиқи потенсиали созандаи онҳо бо роҳи қабули мустақими муроҷиату пешниҳод ва ташаббусҳои созандаи шаҳрвандон, ки ба амалисозии барномаҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе нигаронида шудааст, хизмат мерасонад. Роҳандозии ҳамин гуна лоиҳа дар минтақаҳои кишвар робитаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ устувортар мегардонад.

Аз тарафи дигар ба роҳ мондани чунин як шакли ҳамкорӣ дар самти пешбурди назорати ҷамъиятии фаъолияти субъектҳои хизматрасон ба аҳолӣ, корҳои ободонӣ ва густариши робита бо институтҳои шаҳрвандӣ тамоми кишвар, инчунин ҷиҳати густариши робитаи бевоситаи мақомоти давлатӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри баланд бардоштани масъулияту маърифати шаҳрвандон, сатҳи иттилоотонии шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ дар татбиқи потенсиали созандаи онҳо бо роҳи қабули мустақими муроҷиату пешниҳод ва ташаббусҳои созандаи шаҳрвандон, ки ба амалисозии барномаҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии кишвар нигаронида мешаванд.

Зеро, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рақобат ва муқовимат бо сохторҳои гуногуни давлатӣ қарор надорад. Он танҳо дар рушди мақомоти давлатӣ саҳм мегиранд ва мақомоти давлатӣ бидуни ҷомеаи шаҳрвандӣ рушд карда наметавонад.

Дар назди ҳар як ҷомеа, проблемаҳои мавҷуданд, ниҳодҳои давлатӣ дар ҳали он бе ҳамкории институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ гардида, наметавонанд. Масалан, проблемаи доғи имрӯза ҳам барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва барои институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ- ин ҳали мушкилоти ҷавонон дар ҷомеа мебошад, зеро мувофиқи маълумоти оморӣ 70 дарсади аҳолии кишварро ҷавонони синнашон то 30 - сола ташкил медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки дар ояндаи наздик идораи ҷомеаи мо ҳам давлатӣ ва ғайридавлатӣ, роҳбарии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро якбора ба уҳдаи ҷавонон хоҳад афтод. Зеро 70 фоизи аҳолӣ ҳамеша нақши ҳалкунандаро мебозад.

Нақши ҷавонон дар таҳкими робитаи ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле муҳим аст. Агар миллат ва давлати мо аз назари иҷтимоӣ ва синну сол аз давлатҳои ҷавонтарини ҷаҳон маҳсуб гардад, пас таҳти мафҳуми «ҷомеа» бояд ҷавононро дар назар дошта бошем ва қабл аз ҳама мушкилоти ҷавононро ҳамчун мушкили тамоми давлат ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ намоем. Аз ин лиҳоз бояд дурнамои рушди ҳамкориҳои мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дархосту манфиатҳои ҷавонон тарҳрезӣ шуда, дар татбиқи барномаҳои созандаи худ ҳамеша ба нерӯи зеҳнии ҷавонони соҳибкасбу ташаббускор такя кунем.

Зеро, ҳам давлат ва ҳам институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша ба ҷавонон ҳамчун ворисони созандаи имрӯзу фардо эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, иқдомҳо ва ташаббусҳои созандаи онҳоро барои ободиву шукуфоии кишвар дастгирӣ менамояд.

Аммо масъалаҳои ҳалталабе ҳастанд, ки дар ҳали он институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории судмандро бо ниҳодҳои давлатӣ дар сатҳи зарурӣ то ҳол ба роҳ намондаанд. Масалан, ҳамроҳ шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, даст ба ҳодисаҳои ҷиноӣ задан, гирифторӣ ба бемории нашъамандӣ ва ғайра, ки ҷомеаро ба ташвиш овардаанд, бояд дар ҳамкории судманди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ниҳодҳои давлатӣ бартараф карда шаванд.

Ҳамчунин қайд намудан ба маврид аст, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таҳкими ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мақоми шоиста доранд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳз дар фазои орому осоишта дар ҳамкории мутақобила бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва маҳалҳо баҳри беҳдошти сатҳи иҷтимоии ҳаёти шаҳрвандон ва рушди ҷомеа саҳми босазо мегузоранд. Зеро иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳатҳои пурзӯр намудани имконият ва ҳалли мушкилот, роҳҳои беҳтар кардани ҳамкориҳои марбута бо сохторҳои давлатӣ дар беҳдошти хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ таклифу пешниҳодҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Зеро, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ қодиранд, якҷоя бо сохторҳои давлатӣ корҳои судмандеро ба анҷом расонанд.

Барои ҳамин қайд кардан бо маврид аст, ки ҳар чи қадаре, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ рушд ёфта бошад, ҳамон қадар майлони рушди демократии давлат меафзояд. Ё худ ҳар чи қадаре, ки сохтори сиёсии ҷомеа демократӣ бошад, ҳамон қадар унсурҳои ҷомеаи демократӣ рушд меёбанд.

Мебояд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубодилаи афкор бештар талош варзанд. Ин имконият фароҳам меорад, ки ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи тамоми барнома ва нақшаҳои судманди тарҳрезӣ намудаи ҳукумат бештар густариш ёбанд. Зеро, дар раванди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тамоюли ҳалли масъалаҳо мубодилаи афкор хос мебошад. Масалан, ҳалли масъалаҳои сиёсии дохилӣ ва барқарор шудани сулҳи умумӣ дар Тоҷикистон мисоли равшан шуда метавонад ва ин раванд на танҳо аҳамияти дохилӣ, балки аҳамияти байналхалқӣ дорад

Дар қисмати аввали гузориш, зикр намудем, ҳоло ҳам шаҳрвандон оид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкориҳои судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ маълумоти кофиеро дастрасӣ надоранд. Дар ин маврид, бисёре, аз муҳаққиқон иддао доранд, ки гӯиё ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳар гуна алоқаву муносибатҳои сиёсӣ ва институтҳои давлатиро истисно мекунанд, равобити онро бо оила, клубу маҳфилҳо, иттиҳодияву ҳизбҳо, дину калисо, иттиҳоди тоҷирон, гурӯҳҳо аз рӯи манфиат ва ниҳодҳои ба онҳо монанди ҷамъиятӣ маҳдуд месозад ва гӯиё ин ниҳодҳо ҳамчун антитезаи давлат баромад мекунанд.

Аммо, хушбахтона, воқеияти имрӯзаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ин қабил ақидаҳоро инкор кардааст. Қариб ҳама гуна қувваҳои қобили фаъолияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба дар асоси муқаррароти қонун ва иродаи нек ба хотири бунёди давлати ҳуқуқбунёди демократӣ дар таҳияи барномаҳои кории Ҳукумат ва санадҳои ҳуқуқӣ саҳми шоиста мегузоранд, яъне институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шарти муҳим ва кафолати мавҷудияту рушди худи давлати демократии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Чунончӣ, шартҳои бунёдии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маърӯзаи Президенти мамлакат дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ аз 11 марти соли 2002 баён гардидаанд, ки минбаъд чӣ дар фаъолияти қонунгузорӣ ва чӣ дар зиндагии рӯзмарраи ҷомеа дастури амалӣ гардиданд. Ҳарчанд, ки ин шартҳо зоҳиран як ҷомеаи ормониро ба назар меоранд, аммо зина ба зина амалӣ гаштани онҳо ҷомеаи моро ба давраи сифатан нави озод аз зӯроварӣ, мухолифат ва нуқсҳои бюрокративу фориғболӣ оварда мерасонанд ва асоси таҳкимбахши ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардида истодааст.

Дар охир метавон хулоса намуд, сифат ва самараи ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳар яки мо-хизматчиёни давлатӣ вобаста аст. Зеро бо таъкиди Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ба роҳ мондани хизматрасониҳои босифати давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини низоми хизмати давлатӣ буда, татбиқи он метавонад ба танзими масъалаҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тавассути фаъолияти самараноки хизматчиёни давлатии соҳибкасб ва риояи қатъии интизоми иҷроия мусоидат намояд. Сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва дастрасиву шаффофияти онҳо бояд ба талаботи имрӯза ва арзу ниёзи мардум мувофиқ ва наздик гардонида шавад.

Дар натиҷа ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар таҳияву қабули қарорҳои стратегӣ ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ торафт фаъолона ширкат намуда, дараҷаи ҳавасмандӣ ва эътимоди онҳо ба дастгоҳи идораи давлатӣ боло меравад, ки ин омил дар навбати худ яке аз василаҳои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум хоҳад шуд» ҳ4].

Вожаҳои калидӣ:  институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатӣ, рушд, масъала, робита.

 

Адабиёт:

1. Зокиров Г. Сиёсатшиносӣ. Душанбе. 2010.

2. Раҳмонов Э.Ш. Масъулият барои фардои миллат. Душанбе,2003.

3. Раҳмонов Э.Ш. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳё миллат. Ҷ.2. Душанбе:Ирфон,2002.

4.«Ҷумҳурият», 27.04.13 №: 59-60.

 

Самизода Санавбар

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11