Қӯрғонтеппа: аксияи волонтёрон оид ба интихоби касби муносиб ва рақобатпазир барои ҷавонон

       Имрӯз аз ҷониби волонтёрони Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа аксия бо мақсади интихоб намудани касби муносиб ва рақобатпазир барои ҷавонон баргузор карда шуд.

      Дар доираи аксия 50 нафар волонтёрон тариқи ду хатсайр дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ба сокинону меҳмонон 1000 адад маводҳои иттилоотиро тақсим намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки барои ҷавонон гирифтани таҳсили муосиру сифатнок ва соҳиб гардидани касби муносибу рақобатпазир дар бозори меҳнат бисёр муҳим аст.

      Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон минбаъд низ чунин чорабиниҳои таблиғотиву иттилоотиро роҳандозӣ менамояд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11