Қуроқдӯзӣ

Намудҳои ҳунарҳои қадимаи миллии тоҷикон хеле зиёд аст. Яке аз онҳо қуроқдӯзӣ мебошад, ки ин намуди ҳунар таърихи қадима дорад. Қуроқдӯзӣ нақшҳои миллии тоҷикон мебошад, ки аз пораҳои матоъ иборат аст. Занҳои ҳунарманди тоҷик аз пораи матоъҳои гуногун ба шаклҳои чоркунҷа, секунҷа ва тасмачаҳои ҳархела асосан курпа, курпачаҳои кӯдакона, болиштҳои калону хурд, ҳатто куртаҳои қуроқӣ, ҷомаҳои кӯдакона, дастурхон, дастбанди гаҳвора, оинахалта, чойхалта ва ғайраҳоро духта таёр мекунанд. Инсонҳо дар болои дастурхони қуроқӣ хурок хурданро “савоб” медонанд.

Қуроқдӯзӣ шаклҳои гуногун дорад, агар матоъ секунҷа бурида шуда бошад “дӯмаки боша” номида мешавад, чоркунҷаи калон-калон бурида шуда бошад “чашми гов” меноманд ва ғайраҳо хулоса ҳар як шакли қуроқ номҳои хосаи худро дорад.

Асосан қуроқҳо аз матоъҳои сурх, сафед, сабз, сиёҳ, кабуду зард, бунафш ва ғайра духта мешавад. Занон аз ҳунари қуроқ истифода бурда, пораҳои ҳама гуна матоъҳои аз либосҳо зиёдати баромада низ қуроқдӯзӣ мекунанд.

Имрӯзҳо ин ҳунари мардуми тоҷик аз нав эҳё гашта истода духтарон ҷомаҳои қуроқӣ, сумкаҳои қуроқӣ ва дигар маводҳоро қуроқдӯзӣ намуда истифода мебаранд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11