ҚАҲРАМОН ФАРЗАНДИ МИЛЛАТ

 Миллати тоҷик роҳи  пуршебу фароз ва монеаҳои душвори замонро маҳз бо қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони фарзонааш пушти сар гузошта, аз имтиҳонҳои сангини таърих борҳо гузаштааст. Воқеан, дар ин марҳилаҳои тақдирсоз чи дӯсту чи душман гумон мекарданд, ки миллати тоҷик охирин нафасҳои ҳастияшро мешуморад ва вазъият ҳам ин гумонҳоро тасдиқ мекард. Аммо алорағми ҳама бадиву бадгумониву бадгумонҳо миллати тоҷик мисли самандар аз миёни хокистар болу пари нав кушода дигарбора бо неруву тавони дучанд эҳё мегардид ва ин болу пар фарзандони қаҳрамонаш буданд!

 Яке аз чунин қаҳрамонфарзандони миллат устод Садриддин Айнӣ мебошад, ки барои эҳёи номи миллат ҳам банду зиндон ва зарби чӯби аморат ва ҳам таҳдиди репрессияи душманон дар замони шӯравиро таҳаммул кард. Ҳама сахтиҳоро ба худ гирифт, аммо ба миллат хиёнат накард. Азобу уқубат дид, вале ҳуввияту асолати миллии худро аз даст надод. Даруну берун сӯхт ва бо ин фидокорӣ оташи абадии фарҳангу адаби миллати тоҷикро фурӯзон нигоҳ дошт.

Инак, устод Айнӣ 140-сола шуд. Беҳуда нест, ки шоир мегӯяд:

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

 Устод Айнӣ тӯли умри бобаракати худ бо азхудгузарии беамсол тавонист номи садҳо шахсиятҳои бузурги илму фарҳангро ҳамчун намояндагони асили миллати тоҷик зинда нигоҳ дорад ва таърихи миллатро аз чанги миллатдӯздону миллатфурӯшон ҳифз намояд.

 Ин аст, ки номи ӯ ҳамчун шахсияти бузурги миллат аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поянда нигоҳ дошта шуда, дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун аввалин нафаре, ки унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро гирифт, абадан сабт гардидааст.

 Ин суханони Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон намунаи олии эҳтирому қадршиносӣ аз хизматҳои устод Айнӣ эътироф намуд, ки дар яке аз суханрониҳояшон гуфтаанд: «Дар вазъияти мураккаби таърихӣ ба майдони мубориза устод Айнӣ ба ҳайси як қаҳрамони миллӣ ворид шуд. Китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дар солҳои бистуми асри гузашта ба сифати шаҳодатномаи миллати тоҷик хизмат карда, боиси ҳамчун халқи қадима ва фарҳангӣ эътироф гардидани тоҷикон гардид».

 Дар ҳақиқат, устод Айнӣ бо «Ҷаллодони Бухоро» миллатро аз фитнаи душманон огоҳ сохт, бо «Одина»-ву «Дохунда» нангу номус ва рӯҳи муборизи миллатро эҳё намуд, бо «Марги судхур» ба хоинону ватанфурӯшон аз оқибати корашон паём дод, бо «Ёддоштҳо» хотираи таърихии миллатро бедор сохт ва бо «Намунаи  адабиёти тоҷик» тоҷиконро ба ҷаҳон дигарбора шиносонд.

Дар охир мисраҳои зерини устод Айнӣ оварда мешаванд, ки хоси аҳвол ва заҳматҳои кашидаи ӯ дар тӯли ҳаёт мебошанд:

Ин хона зи хишти куҳан андохтаам, 

Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам.

То аҳли замони мо бидонанд, ки ман,

Як умри ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам.

 

                                                                                                                                          /АМИТ «Ховар»/ 

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11