ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ 24. 01.2017, №15

Дар бораи омодагӣ ва таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2017»-и вилоятӣ дар ноҳияи Фархор, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят

Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ва ташкилӣ баргузор гардидани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, мутобиқи моддаҳои 19,20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ҳайати Кумитаи тадорукот ва Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалии вилоятӣ дар ноҳияи Фархор, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят тасдиқ карда шаванд.

2. Раисони ноҳияи Фархор ва шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор карда шаванд, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ва ташкилӣ бо риояи суннатҳои Наврӯзӣ дар маркази ноҳияи Фархор, маркази шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор намоянд.

3. Кумитаи тадорукоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро оид ба ҷашни Наврӯзи байналмилалии вилоятӣ дар ноҳияи Фархор, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот зери назорат қарор диҳанд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи раиси Кумитаи тадорукот, муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон вогузор карда шавад.

 

Раиси вилояти Хатлон                                     Д. Гулмаҳмадзода

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11