ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ «25» ДЕКАБРИ СОЛИ 2015, № 327

Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015 №591 «Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015 №591«Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои иҷро ба роҳбарӣ гирифта шавад.

2. Комиссия оид ба одоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис ва ҳайати он тасдиқ карда шавад.

3. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати татбиқи Кодекси мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Қарори раиси вилояти Хатлон аз 30 октябри соли 2010 №317 «Дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2010 №932 «Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссия оид ба одоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гузошта шавад.

 

                            Раис                                               Д. Гулмаҳмадзода

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11