Қӯрғонтеппа: баргузории аксияҳои ҷавонон ба муносибати Рӯзи Президент ва 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      ПРЕДПРИЯТИЯМ ПО ВОДОСНАБЖЕНИЮ И КАНАЛИЗАЦИИ ПЯНДЖСКОГО РАЙОНА И РАЙОНА ХАМАДОНИ ВРУЧИЛИ АВТОМОБИЛИ     Махфират Хидирзода встретилась с активистками Бохтара     Семинар  по  вопросам кадров     ОБРАЩЕНИЕ КОМПАНИИ «БАРҚИ ТОҶИК» К ГРАЖДАНАМ СТРАНЫ     Вохӯрии кории шабакаи хизматрасонии минтақавии вилояти Хатлон       Чорабини бахшида ба «25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»     Поздравление председателя Хатлонской области Гулмахмадзода Давлатшох Курбонали в честь 25-летия ХVI сессии Верховного Совета Республики Таджикистан и Дня Президента Республики Таджикистан     Намоиши корҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯён дар осорхонаи «Авасто»     ЧОРАБИНИ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ     

ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ «15» ФЕВРАЛИ СОЛИ 2017 № 41

Дар бораи гузаронидани аттестатсияи навбатӣ ва такрории хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, таъмини болоравии касбӣ, ҳавасмандгардонии меҳнати самаранок ва сифатноки хизматчиёни давлатӣ, пешбини намудани чораҳо оид ба такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, мутобиқи моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Аттестатсияи навбатӣ ва такрории хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар санаи 27-28 феврали соли ҷорӣ гузаронида шавад.

2. Ҳайати комиссияи аттестатсионии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тасдиқ карда шавад.

3. Ҷадвали баргузории аттестатсия ва рӯйхати хизматчиёни давлатии аттестатсияшавандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тасдиқ ва ба маълумоти аттестатсияшавандагон расонида шавад.

4. Муовини якум, муовинон, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ҳар як корманде, ки ба аттестатсия фаро гирифта мешаванд, тавсифномаи хизматӣ таҳия намуда, онро на дертар аз даҳ рӯз ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон пешниҳод намоянд.

5. Комиссияи аттестатсионӣ вазифадор карда шавад, ки тибқи талаботи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ҷадвали баргузории аттестатсия, аттестатсияи хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба амал бароранд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми раиси вилоят ва муовини роҳбари Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон гузошта шавад.

                                      Раис                                                                 Д. Гулмаҳмадзода

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11