ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи қабули сайёри шаҳрвандон, ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ омада, сокинони арзу ниёз доштаи онро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ибтидои қабул сокини кӯҳансоли деҳаи Сафедоби деҳоти Панҷрӯд Нодир Каримов аз номи аҳли деҳа хоҳиш намуданд, ки барои васеъ намудани қабристони деҳа аз ҳисоби заминҳои обӣ, қитъа ҷудо намоянд. Раис вобаста ба ин хоҳиш ба масъулон дастур доданд, ки аз ҳисоби заминҳои лалмӣ барои сокинони деҳаи мазкур замини мувофиқ ҷудо намоянд, зеро дар ноҳияи Ҳамадонӣ сатҳи оби зеризамини ниҳоят баланд асту замини ин мавзеъ барои қабристон ҷавобгӯ нест. Вакили кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Маскав Мирзоев аз раиси вилоят хоҳиш намуданд, ки дар асфалпӯш намудани кӯчаи онҳо мусоидат намоянд. Сокини деҳаи Меҳвари деҳоти Чӯбек Меҳрбону Нурова аз номи сокинони деҳа арз карданд, ки деҳаи навбунёди онҳо соҳиби 240 нафар хонанда мебошад ва онҳо роҳи тӯлониро тай намуда, ба муассисаи таълимии деҳаи ҳамсоя мераванд. Аз номи аҳли деҳа хоҳиш мекунам, ки дар бунёди мактаб кӯмак намоед, -гуфтанд М. Нурова.  Эмомхатиби деҳоти Меҳнатобод Абдулмаҷид Аюбов аз номи бошандагони деҳот шикоят намуданд, ки роҳи ба маркази ноҳия пайваст мегаштаи онҳо дар ҳолати ногувор қарор дорад ва мавсуф хоҳиши таъмири роҳи мазкурро намуданд.

Раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода баъди анҷоми қабули шаҳрвандон, аз масъулони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, дар хусуси  вазъи мавҷудаи хоҷагии халқи ноҳия, пурсон шуданд.  

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11