Қабули меҳмонон аз тарафи раиси вилояти Хатлон

Рӯзи 7 апрели соли равон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳайати намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Михаил Кораблин вохӯрӣ анҷом дод.

Ба ҳайати меҳмонон директорони генералии ҶСП «Агротехнология» Станислав Оболентсев, ҶДММ «ИмпэксАгро» Константин Горяшенко ва намояндаи ширкати «Магнит» Виталий Чуприн шомил буданд.

Мақсад аз вохӯрӣ, густариши ҳамкорӣ, мувофиқаи корҳои минбаъда, баҳри рушд ва пешрафти вилоят буда, баҳри харидории маҳсулотҳои барвақтии кишоварзӣ гуфту шунид намуданд.

Аз тарафи меҳмонон қайд карда шуд, ки дар наздиктарин рӯзҳо маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз ва баъдан картошкаро ба Федератсияи Россия интиқол диҳанд.

Раиси вилоят дар баробари суханрониаш иброз намуд, ки банду басти маҳсулот дар худи вилоят ташкил карда шавад, ки ин боис мегардад то шаҳрвандон ба ҷои кор таъмин гарданд.

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки ҳамкориҳои судманд бо минтақаҳои Федератсияи Россия минбаъд густариш ёфта, дар бунёди корхонаҳои нав ва тайёр намудани маҳсулот барои таъмини бозори дохилӣ ва хориҷӣ, ки ба манфиати тарафайн аст ташкил карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи ёддошти тафоҳумҳои аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои вилоят имзошуда, оид ба ҳамкорӣ намудан ҷиҳати ирсоли зиёда аз 77 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ 70 ҳазор тонна, ангур -1200 тонна,  лимон 500 тонна гелос ва меваи хушк -300 тонна мувофиқа ҳосил гардидааст.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11