ҒАМХОРӢ ДАР НИСБАТИ МАЪЮБОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

2-уми декабр дар толори маркази фарҳангии ҷавонон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он 150 нафар маъюбон иштирок доштанд.

Иштирокчиёни чорабиниро муовини раиси шаҳри Кӯлоб Саймурод Исмоилозода табрик гуфта, аз ҷумла қайд намуданд, ки таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба шахсонӣ маъюб дар маркази диққати Президенти мамлакат ва давлату Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар партави ин сиёсати ғамхорона даҳҳо марказҳои иҷтимоӣ ва мактабҳои махсус бо доштани шароитҳои зарурӣ, бунёд гардиданд. Барои истироҳату таҳсил ва кор ба ин табақаи ниёзманди ҷомеъа, ҳеҷ гуна мушкилоте вуҷуд надорад. Дар арафаи иду ҷашнҳо чорабиниҳои гуногун баргузор шуда, пайваста нисбати онҳо дастгирӣ ва ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо, ин нишони эҳтиром дар нисбати ашхоси дорои имконияти маҳдуд доштаи ҷомеа аст,- арз намуданд дар анҷоми баёни андешаҳои хеш С. Исмоилзода.

Дар идомаи чорабинӣ, ҳунарҳои дастии маъюбон ба маърази тамошо гузошта шуд ва иштирокдорон аз онҳо дидан намуданд.

Ҳамзамон аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заршедабону” ва ташкилоти байналмилалии “Миссияи Шарқ” ба як қатор маъюбон тӯҳфаҳо тақдим гардид.

Рӯзи байналмилалии маъюбон бо барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ идома ёфт ва дар он санъаткорони шинохта ва маъюбони боистеъдод табъи ҳозиринро бо суруду оҳангҳои ҷаззоб болида намуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11