ЁДЕ АЗ МИР САИД ҲАСАН (ШОҲИ ХОМӮШ)

Сайид Ҳасан ибни  Ҳайдар соли 459-ҳиҷри қамарӣ, мутобиқ ба соли 1066-1067, дар шаҳри Исфаҳон ба дунё омадааст. Сайид Ҳасан то сини 20-21 солагӣ таълимоти ибтидоиашро дар зодгоҳи худ дар назди падараш гирифтааст, аз он ҷо ба Бағдод меравад. Чанд муддат дар ин шаҳр истиқомат намуда, аз он ҷо азми сафари ҳаҷ мекунад. Чун маросими ҳаҷро ба итмом мерасонад, дар Мадинаи Мунаввара, мудате чанд дар зиёрати оромгоҳи Ҳазрати Пайғамбар (с.а.с) дар муроқаба мемонад. Рӯзе, зимни нишастан дар муроқаба, аз ғайб овозе ӯро ба гӯш мерасад, ки «Эй Ҳусайншоҳ, аввал шароби маърифатро бинӯш ва пас бош хомуш». Аз ин баъд ӯ аз пайи касби илму маърифат гашта, хамушӣ пеша менамояд ва ин тахаллуси орифонаро ба худ мегирад.

Мир Сайид Ҳасани Шоҳи Хомӯш зиёрату сафари Ироқ, Покистон, Ҳиндустон, ҷануби Хитой, Афғонистон ва ба Бадахшон карда, муддате дар Шуғнони Помир ба таълими ислом машғул мешавад. Ниҳоят муҳаббати зодгоҳаш шаҳри Исфаҳон ӯро ғолиб омада, сӯи худ мекашад. Ҳазрати Шоҳи Хомӯш азм мекунад, ки ба Дорул-амон (он вақтҳо Хатлонро ҳамин тавр ном мебурданд) ояд. Ӯ баъди сафарҳои тӯлонӣ, яъне солҳои 1114-1120-мелодӣ роҳи Исфаҳон, Бадахшон ,Дарвозу Ванҷро пиёда тай намуда, дар синни 60 солагӣ вориди Дорул-амон мешавад. Дар роҳи чорсӯи мулки Хатлон, ҳозира шаҳраки Мӯъминобод ба ҷониби ҳазрати Мир Сайид Ҷалолиддини Гулдаста ҳамсӯҳбат гашта, то охири умри хеш дар Муъминобод мондааст.

Мир Сайид Ҳасан Шоҳи Хомӯш соли 1137 дар синни мубораки 70-71 солагӣ дунёи фониро падруд гуфтааст. Ихлосмандонаш дар деҳаи Лангар мақбараи хоксоронаи ӯро бунёд намуданд, ки то имрӯз по барҷо буда, ба зиёратгоҳи хосу ом мубаддал гаштааст.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11