ЭЪЛОН: ОЗМУНИ БЕҲТАРИН МАВОДИ ЖУРНАЛИСТӢ ЗЕРИ УНВОНИ «НЕРӮИ СУХАН»

Бо мақсади дастгирии рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон дар инъикоси масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла рушди иқтисодию иҷтимоии вилояту кишвар, тарғиби расму оин ва арзишҳои миллӣ, раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона,  ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар, нерӯ бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 1 июли соли 2016, №150 озмуни вилоятӣ зери унвони «Нерӯи сухан» барои беҳтарин маводи журналистӣ эълон гардида буд.

Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Нерӯи сухан» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рӯзноманигорон ва кормандони васоити ахбори оммаи вилояти Хатлон гузаронида мешавад.

Шарт ва талаботи Озмун

1. Дар Озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии вилояти Хатлон, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, иштирок карда метавонанд.

2. Баррасии масъалаҳо вобаста ба пешравии вилоят дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳадафи асосии маводи журналистиро бояд ташкил диҳад.

Мавзӯъ ва номинатсияҳо

Иштироккунандагони Озмун дар мавзӯҳои зерин метавонанд мавод пешниҳод намоянд:

1. Масъалаҳои актуалии соҳаи иҷтимоӣ дар ҷомеа:

- тадбирҳо оид ба пешравӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш, тандурустӣ, занон, иттилоот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон;

- вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии шаҳрвандон, эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва сохтмони иншооти варзишӣ.

2. Масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодиёт, кишоварзӣ ва замин:

- рафти тақсимоти замин ба деҳқонон, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҷорӣ гардонидани технологияи муосир, усулҳои замонавии хоҷагидорӣ, таҷрибаи пешқадам, навовариҳо, дигаргуншавии муносибат ба истеҳсолот ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии кишоварзӣ, ташкили ҷойҳои корӣ.

3. Масъалаҳои марбут ба саноат, сохтмон, нақлиёт ва роҳсозӣ:

- эҳё ва рушди саноати сабук, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ, сохтмони корхонаҳои нав, сармоягузорӣ дар соҳаи саноат, сохтумони хонаҳои баландошёна ва корхонаҳои гуногун;

- фаъолияти корхонаҳои хурди саноатӣ, пешравӣ ва мушкилоти мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби занон ба фаъолияти меҳнатӣ;

- таъмири роҳҳо, рафти ободкориву созандагӣ, саҳми ҳокимият, соҳибкорон ва аҳолӣ дар беҳтар гардонидани ҳолати роҳҳо, инчунин рафти корҳои таъмиру тармими хатҳои нақлиётӣ.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

- беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ;

- беҳтарин барномаи телевизионӣ;

- беҳтарин барномаи радиоӣ;

- беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ);

- беҳтарин сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо

Маводи чопӣ ва интернетӣ дар шакли нусхаи саҳифаи рӯзнома ва сомона бо ишора ба манбаъ ва санаи нашри мавод қабул карда мешавад. Маводи радио ва телевизион бо пешниҳоди афзори CD/DVD ё ҒSV, ҳамзамон бо нусхаи сенарияи мавод ба забони пахши барнома бояд пешкаш гардад.

Ҳар як иштирокчии Озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод пешниҳод намояд. Дар Озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гурӯҳи эҷодӣ танҳо аз рӯи як номинатсия ба мукофот довталабӣ карда метавонад.

Маводи журналистии ба Озмуни вилоятии «Нерӯи сухан» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи Интернет дар марҳилаи аз 1 январ то 30 декабри ҳамин сол пахш ва ё нашр гардида бошад.

Мӯҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар Озмун аз 1 ноябр то 31 декабри соли 2017 муқаррар карда шудааст.

Хоҳишмандон метавонанд, ки дар муҳлати муайянгардида маводҳои худро ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят пешниҳод намоянд.

Барои маълумоти муфассал бо шумораи (+992) 917618614 Миров Баҳром муроҷиат намоед.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11