ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ИФТИХОРИ МО ҶАВОНОН

Имрӯз ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндагон ва ихтиёриёни Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Қӯрғонтеппа сӯҳбату вохӯриҳо таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – ифтихори мо ҷавонон” доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ беш аз 100 нафар хонандагони Литсейи касби техникии шаҳри Қӯрғонтеппа иштирок намуданд. Ихтиёриён ва намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар мавзӯҳои Президент-ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, “Иҷлосияи тақдирсоз”, “Шинохтани Тоҷикистон аз тарафи ҷаҳониён бо корҳои наҷиби Эмомалӣ Раҳмон”, “Ташаббусҳои беназири Пешвои миллат оид ба 10-солагии байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” баромад намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ хонандагони фаъоли Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Қӯрғонтеппа дар васфи Пешвои миллат шеърҳо қироат намуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11