ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ДОИР ГАРДИД

Тибқи нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 14 декабри соли 2017 дар “Кохи Ватан”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки аъзоёни Шӯро, сардорони раёсату шуъбаҳо ва марказҳои мақомоти тандурусии вилоят, сохторҳои госпиталӣ, КАТС – и шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид.

Тибқи рӯзнома дар Шӯро раванди татбиқи “Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023”, рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 декабри соли 2016, №256, оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №456, “Дар бораи Барномаи иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, рафти иҷроиши қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 декабри соли 2010, №362 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010, №560 “дар бораи тасдиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва тасдиқи нақшаи кории Шӯро барои соли 2018 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасишаванда муовини сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, директори Филиали муассисаи давлатии иммунопрофилактика дар минтақаи Қурғонтеппа маърӯза намуданд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода М. У. корҳои дар самти мазкур анҷомдодашударо натиҷагирӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва вазифаҳои дар пеш истода дастуру супоришҳо дод.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11