ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ВНМО

Дар асоси Нақша – чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ рӯзи 2 декабр дар шаҳри Сарбанд мулоқот бо иштиркои 300 нафар ҷавонон баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Бобоев Б., мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Сарбанд Имомалиева А. Устодону омӯзгорон, гурӯҳи волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ширкат доштанд.

Зимни чорабинӣ оид ба таърихи бемории ВНМО/БПНМ, худпешгирии ҷавонон аз ин беморӣ ва роҳҳои пешгирии бемории ВНМО/БПНМ баромадҳо карда шуданд.

Сипас, намоиши саҳначаҳои тарбиявӣ аз ҷониби ихтиёриёни назди Раёсат оид ба пешгирии бемории ВНМО/БПНМ пешниҳоди иштирокдорон гардид. Саҳнаҳо марбут ба ҳаёти ҳаррӯзаи наврасону ҷавонон таҳия гардида, ба воситаи намоиши саҳначаҳо ба ҷавонон оид ба пешгирии ин беморӣ ва дигар мемориҳои бо хун гузаранда маълумотҳо дода шуданд.

Чунин мулоқотҳо то рӯзи 5 декабри соли равон дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ баргузор карда мешаванд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11