ЧОПИ МАҶМӮАИ НАВ ДОИР БА МАСЪАЛАҲОИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ҶАВОНОН

«Аз ҷудоӣ то ошноӣ». Чунин ном дорад китоби нави журналист ва публитсист Носирҷон Маъмурзода, ки ахиран аз сӯйи муассисаи нашриявии «Ирфон» ба чоп расид. 

Дар ин маҷмӯа таълифоти публитсистии муаллиф оид ба масъалаҳои ваҳдату субот, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ, саҳми ВАО-и Хатлон дар бозтоби мавзӯи ҷанги шаҳрвандӣ ва сулҳи тоҷикон, ҷавонон ва худшиносии миллӣ, инчунин корномаи чанде аз чеҳраҳои шоистаи тоҷик гирд оварда шудааст. 

Маҷмӯаи мазкур аз ду фасл – «Сулҳ осон ба даст намеояд» (доир ба масъалаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ) ва «Фарзандони мо заррачаҳои қалби моянд» (доир ба масъалаҳои ҷавонон) - иборат буда, матолиби он дар қолаби жанрҳои мақола, ёддошт, андешаи хос, мусоҳиба, лавҳа, чеҳранигорӣ ва достонҳои инсонӣ навишта шудааст.

Мудири кафедраи журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсент Бахтиёри Қутбиддин дар пешгуфтори ин китоб навиштааст, ки «муаллиф ба мавзӯи рӯз дахли амиқ дорад ва дар масъалаи худшиносиву ҳушёрии сиёсии ҷомеа аз мавқеи хос сухан гуфта метавонад. Услуби хоси Носирҷон Маъмурзода он аст, ки аз умумигӯӣ ҳазар мекунад. Яъне «таҳсили ҳосил» хоси навиштаҳои ӯ нестанд. Моҳияти якнавохтии матлабро дарк карда метавонад. Навҷӯӣ ва навгӯӣ дар масъалаи ифротгароии ҷавонон бо такя ба мисолҳои мушаххас аз мавқеи патриотизми амиқи ӯ дарак медиҳанд. Махсусияти жанрӣ ва қолабҳои баёни фикр дар пешниҳоди мушаххаси ҳадаф ба муаллиф мусоидат карданд. Маънавиёту маърифати ҷавонон, тарбияи кӯдакону наврасон, ахлоқу гуфтору пиндори шоистаи аҳли ҷомеа ҳар кадом аз равзани хоси дунёи андешаҳои фардии ӯ сарчашма пайдо менамоянд. Зиндагиро бо чашми дил дида метавонад. Ҳар як руҷӯи нигоштаҳояш бӯйи зиндагӣ доранд ва ҳар чизе гуфтан мехоҳад, пайванди амиқе ба ҳаёти одамиён дорад. Ҳунари ташхис ба ӯ кумак мерасонад, ки  дар шинохти пайроҳаҳо ба хонанда дастурҳо диҳад. Аз маҷмӯи навиштаҳои мухталифи ӯ бармеояд, ки мавсуф усули тазоду қиёсро хеле осон ба кор мебарад».

Нашри маҷмӯаи «Аз ҷудоӣ то ошноӣ», ки аз 338 саҳифа иборат буда, бо теъдоди 300 нусха ба чоп расидааст, ба 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон бахшида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ин китоби севуми журналист Носирҷон Маъмурзода мебошад. То ин вақт аз ҷониби ӯ маҷмӯаҳои «Чеҳраи Хатлон» (2013) ва «Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» (2015) таҳия ва ба табъ расидаанд.

Н. Маъмурзода узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Ҳоло дар рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ба ҳайси муовини сармуҳаррир фаъолият дорад.

Баҳром МИРОВ,

мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоотию

таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11