ЧАКАНДӮЗЕ АЗ ДИЁРИ ЧАКАН

Зане, ки ойинҳои бостонии мардумони ориёиро эҳё кард, бо нақшу нигору ханда, ки рамзи чакан аст, ба дилҳо умед бахшид, лолаву булбул, барги беду пар-пару себаргаву бас нақшҳои бебаҳо, қошу чашму мораку меҳробу беду гулангорро андар сӯзании наварӯсон наққошӣ намуду ба хонаи бахт гуселашон кард, Моҳшариф Шарифоваи гулдаст мебошад.

Ин зани ҳунарманд 53 сол дорад ва соҳиби ҳафт фарзанду 15 набера аст. Зодаи деҳаи Кӯчабоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ мебошад. Агар ҳар нафаре, ки номи ин зани чирадастро бипурсад, баробари ворид шудан ба ноҳияи Восеъ хурду калон ӯро мешиносанду нишони хонаашро медиҳанд. Зеро Моҳшариф гули сари сабади ҳар хонадони ин ноҳия аст.

Маҳорати кадбонугӣ, кулчаю қаламапазӣ, ороиши арӯс, қаламзании чодару болиштҳо, сарандозу тахти арӯсӣ ва нақшофарии куртаву локиву рӯмолҳои чакан, тоқу гаҳворапӯшу ҷонамози гулбасар, тоқиҳои нақшини кӯлобии рангибаранг ӯро барои ҳама азизу ошно намудааст.

Моҳшариф дар баробари ҳунарманд буданаш соҳиби оилаи намунавӣ, фарзандони хушодобу соҳибилм ва аз ҳама муҳимаш, ҳамсари ҳамдилу ҳамзабон аст, ки зиёда аз 35 сол мешавад, ки бо ҳам якҷоянд. Бо вуҷуди серкориаш Моҳшариф меҳмоннавозӣ ва барои меҳмон қаламапазию таҳияи шакаробро дӯст медорад. ӯ мегӯяд, ки ба меҳмондӯст буданаш шавҳараш кайҳо тан додааст. «Ҳар нафаре, ки саросема аз хонаи мо рафтанӣ шавад, ҳамсарам мегӯяд, ман иҷозат медиҳам, аммо Моҳи ман меҳмонро ба зудӣ ҷавоб намедиҳад. Вақте меҳмонро гусел мекунаму дар чеҳраи шавҳарам қаноатмандиро эҳсос мекунам, он замон аз худ шод мешавам. Вақте ҳамсари азизам мегӯяд, ки «Азизам, хайру баракат дар дастонат», ман эҳсос мекунам, ки шавҳарам аз ман розист ва ҳама хастагиро фаромӯш мекунам», - мегӯяд ин зани соҳибном.

Моҳшариф зани соҳибҳунару соҳибистеъдод аст. Дар сафари охирине, ки Роҳбари давлат ба ноҳияи Восеъ дошт, дар вақти намоиш ба Моҳшариф супориш доданд, ки чор мисраъ шеър қироат кунад. Моҳшариф назди Президенти кишвар фалаксароӣ карда буд (воқеан Моҳшариф садои хуб ва истеъдоди Худододӣ ҳам дорад):

Мо нақшу нигори ин Ватан медӯзем,

Бо риштаи меҳри худ чакан медӯзем.

Ин тоқии гулдӯзӣ барои Пешво,

Аз нусхаи гули ин чаман медӯзем.

Бо вуҷуди он, ки Моҳшариф маълумоти олӣ надорад, бо дастгирӣ ва қадрдонии раиси ноҳияи Восеъ ӯро дар МТМУ №63-и ин ноҳия ба ҳайси муаллима ба кор қабул карданд. ӯ аллакай ба 21 нафар духтарон ҳунари хешро омӯхта истодааст ва аз таҷрибаи гирифтаи онҳо санҷиш гузаронидааст, ки маҳсули онҳоро ба мо нишон дод. Барои Моҳшариф аз шунидани ҳарфи «ташаккур»-и шогирдон сухани дилнишинтаре нест. Ба андешаи Моҳшариф, ҳар зан бояд ҳунарманд, чевар, кадбонуи хуб бошад. Муҳим нест, ки ӯ дар оилаи доро аст ё камбағал. Зеро ҷомеа инро талаб мекунад. ӯ мегӯяд, ки «ҷойи пинҳон нест, ман низ бо заҳмати хеш дар баробари шавҳару фарзандонам имрӯз дар беҳсозии вазъи иҷтимоии оилаи хеш саҳм мегузорам».

* * * * *

НАҚШОФАРИҲОИ КӮДАКӢ

Чаканпӯшам, чаканпӯшам, чаканпӯш,

Саропоям ҳама гардида гулпӯш.

Гули хуршеду моҳу ҳам ситора

Гирифтандӣ маро ин ҷо дар оғӯш.

(Хиромон Неъмат)

- Модарам барои занҳои деҳа болишту чодарӣ медӯхт, - қисса мекунад бону Моҳшариф. - Ман бошам, пинҳон-пинҳон ба қаламзании онҳо нигоҳ карда, рӯйи коғази кӯҳна ба чени тавони худ нақш меофаридам. Гоҳо маро, ки баъзан ба корашон халал мерасонидам, аз наздашон берун мекарданд. Аммо хирагӣ карда, ба қаламзании онҳо диққат медодам. Ёд дорам, дар иди бонувон – 8 март - ҳамеша барои худ ва ҳамсабақонам гулдастаҳо мекашидам. Вақте дар синфи шаш-ҳафт мехондам, аз дарси нақша баҳои «аъло» мегирифтам. Оҳиста-оҳиста, вақте калонтар шудам, дигар ҳунарҳои модарамро низ омӯхтам. Шукри Худованд, ки модарам имрӯз 80 сол дорад ва ӯ то замони тавонмандиаш бо ҳунари кадбонугӣ ва чеварию нақшофариаш ҳамеша байни мардум буд. Байни ҳафт гулдухтари модар танҳо ман аз пайи ӯ рафтам ва шукри Худованд, ки имрӯз чун модар миёни мардуми ноҳия ва берун аз он иззату эҳтиромро соҳиб гаштаам.

Аз модарам омӯхта будам, ки чеварони кӯлобӣ ҳунари гулдӯзӣ ва чакандӯзияшонро асосан дар куртаю почаи чаканӣ, рӯймоли миён, тоқии чакан, бардеворӣ, рӯкурпагӣ, рӯгавҳорагӣ, таксарӣ, парда, салла (дастор) хуб нишон додаанд. Дар қадим куртаи чакан васеъ дӯхта мешуд, аммо бо гузашти солҳо нисбатан тангтар ва ба муди замона мувофиқ дӯхта мешавад. Куртаи чакани кӯлобӣ аз чакандӯзиҳои дигар манотиқ бо ранги баланди матоъ ва ресмонҳояш фарқ мекунад.

Куртаю почаи чаканро аслан занҳо рӯзҳои ид, махсусан, дар Наврӯз ба бар мекарданд. Ба заноне, ки рӯзҳои ид куртаи чакан ба бар мекарданд, онҳоро арҷгузорони фарҳанги қадимаи тоҷикон медонистанд.

Асоси гулдӯзии чаканро шакли гулбандина ташкил медиҳад. Намудҳои маъруфи нақши чакан аноргул, аштак, барги бед, бодомак, каҷак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, думи товус, моҳу ситора, пойи гунҷишк мебошанд.

* * * * *

«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲУНАРҲОИ МИЛЛИИ МОРО ДУБОРА РӮЙИ ОБ БАРОВАРД»

Ман чакан ҳастам, чакан ҳастам, чакан,

Ман чаман ҳастам, чаман ҳастам, чаман.

Ман чакан ҳастам, ки нақшамро ҳазор асрор ҳаст,

Ман чаман ҳастам, ки булбул дар чаман бисёр ҳаст.

(Хайрандеш)

- Мо шукргузори сулҳу ободӣ ва фарзанди фарзонаи миллат ҳастем, - идома дод Моҳшариф. - То замоне, ки мақому манзалат ва ҳунари мо - занҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардошту муаррифӣ кард, моро танҳо дар ҳудуди деҳа ҳамчун як зани кадбону мешинохтанду халос. Дар байни халқ мақоле ҳаст: «Дунёдида бошу дунёхӯрда не». Ман аз қабили ҳамин нафаронам. Бо дастгирии раиси ноҳияи Восеъ муҳтарам Мӯсо Ғафурзода соли гузашта мо тӯли чанд рӯз бо намоиши ҳунарҳои дастӣ ва ҳунари кадбонугӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будем. Вақте мебинед, ки як зани деҳотиро роҳбарон таърифу тавсиф мекунанду ба ҳунараш баҳои баланд медиҳанд, дигар ҳама хастагиро фаромӯш мекунед. Мо инчунин дар арафаи Рӯзи модар бо намоиши ҳунарҳои хеш дар «Кохи Борбад»-и пойтахт қарор доштем, ки Роҳбари давлат низ дар он маросим иштирок карданд. Он рӯз бо шунидани суханҳои дилнишини он кас нисбат ба зан-модар ва панду насиҳаташон ба ҷавонон, то эҳтироми модарро дар ҷойи аввал гузоранд, аз шодӣ ва ҳам аз ифтихори баланд аз чашми мо - модарон ашк рехт. Мо ҳамеша дуо мекунем, ки ҷойи модари Пешвои мо ҷаннатулмаъво бошад. Зеро дар ҳар як баромадашон таъкид месозанд, ки эҳтироми занон ва модарон бояд дар ҷойи аввал бошад.

* * * * *

«ҲУНАРАМ БОИС ШУД, КИ СЕ МАРОТИБ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲАМСУҲБАТ ГАРДАМ…»

Зинда шуд аз нав чакан аз

ҳиммати Эмомалӣ,

Чун чакан поянда бодо давлати Эмомалӣ.

(Хайрандеш)

Ҳар сафаре, ки Президенти кишвар ба вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ анҷом дод, Моҳшариф дар намоиши либосҳои миллӣ бо Пешвои миллат рӯ ба рӯ омадааст. Ва ӯ худ-ро хушбахттарин зан-модар меҳисобад, ки се маротиб аз наздик бо Роҳбари давлат шинос шуда, таҳсину офарин шунидааст. ӯ мегӯяд: «ман бо муҳаббати хоса барои Пешвои муаззами миллати хеш тоқӣ дӯхта будам ва вақте ӯ туҳфаи маро қабул карду ба ман аҳсан хонд, аз шодӣ худро гум карда будам».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамошои маҳсули дастранҷи Моҳшариф ва занони дигари ҳунарманд ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд дода, онҳоро ба эҳёи расму оинҳои миллӣ ва рушди анъанаҳои хоси аҷдодон ҳидоят намуданд. Дар он намоишгоҳ асосан мардуми меҳнатқарини ноҳия бо эҳтиром ба гузаштагони бузургу тамаддунофар, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва расму ойинҳои миллӣ, анъанаҳои неку ибратбахши ниёгон ба хотири эҳё ва рушди онҳо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, маҳсули дасти устоҳои ҳунарманд ва дигар асбобҳои рӯзгорро пешниҳоди меҳмони олимақом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон карда буданд. Бону Моҳшариф зимни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз маҳсули дасти аҳли ҳунар иброз дошт, ки бо васеъ кардани доираи фаъолият дар хона ва коргоҳҳои алоҳида бонувони маҳаллӣ аз ин манфиати зиёд гирифта, барои пеш бурдани зиндагии худ истифода менамоянд. Занони ҳунарманд инчунин бо мақсади қонеъ кардани талаботи хонандагони мактабҳо дӯхти сару либоси мактабиро низ васеъ ба роҳ монда, бо мактабҳо шартномаи ҳамкорӣ бастаанд.

* * * * *

«ЧАКАН БО МАТОИ КРЕПСАТИН ЗЕБОТАР АСТ»

Чаканпӯшам, чаканпӯшам, чаканпӯш,

Фараҳнӯшам, фараҳнӯшам, фараҳнӯш.

Зи қаъри асрҳо оям ба сӯят,

Макун аз ман, макун аз ман фаромӯш.

(Хиромони Неъмат)

- Имрӯз мардум матои бо нақшу нигори попуриро низ чакан меноманд, - мегӯяд бону Моҳшариф. - Бояд мо ба нақши мустаҳками чакан сарфаҳм равем. Як куртаи чакан метавонад садсолаҳо бимонад, гарчанде нархи гарон дорад, аммо попуридӯзӣ ҳеҷ гоҳ ҷойи чаканро намегирад. Маро низ, чун дигар бонувони чакандӯз, аз гиёҳҳову рангҳои табиӣ камтар истифода намудани ҳунармандон ба ташвиш меорад, чун онҳо бештар аз бозор рангҳову риштаҳои сунъӣ мехаранд, ки арзиши аслии ҳунарашонро то андозае коста мегардонад. Бубинед, сайёҳони хориҷӣ вақте роҳии деҳае мешаванд, ба суроғи дастдӯзии қадимӣ мераванд. Агар як гулдӯзии солҳои 20-ум ва солҳои 90-умро пешниҳод намоем, ҳатман гулдӯзии солҳои 20-умро харидор мешаванд. Дар ҳоле, ки фарсуда шудааст ва истифода намешавад. Аммо арзиши таърихӣ болост ва сифати он ба саломатии инсон безарар аст. Пештар риштаҳое, ки тайёр мекарданд аз пилла ва табиӣ буд. Имрӯз ҳама чиз синтетикӣ ва сунъӣ гардида. Куртаи чаканамон низ аз матои синтетикӣ омода мешавад.

Гулҳои чакан ба худ ном доранд: овва, косагул, кӯзагул, қавсқалам, кунгура, каҷак, панҷа ва ғайраҳо. Ба андешаи мо, аввал ин, ки интихоби ранг аз худи ҷавондухтарон вобаста аст. Имрӯз ҷавонон дар матои сатин бештар бо ранги сурхи баланд ва наварӯсон ранги сафед фармоиш медиҳанд.

Дар арафаи Наврӯзи бостон ба ин зани меҳнатрӯзӣ, ки ҳомию идомабахши суннатҳои миллии мост, зиндагии чун нақшҳои рӯйи чаканаш рангибаранг ва рӯзгори пурфараҳро таманно дорем.

 

Ҳангомаи ИСМАТ

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11