Чакан

Либос аз қадимулаём ифодагари таъриху маданият, фарҳангу иҷтимоиёт, тарзи зисту зиндагонӣ, урфу одат ва анъанаи мардум буда, дар ҳар маҳал хусусияти хоси худро дорад.

Чакандӯзӣ, гулдӯзӣ касби бисёр қадима буда, ҳунармандон дар ҳар давру замон мекӯшиданд, ки зебоӣ, рангорангии табиати замину офтоби ҷойи зисти худро ба тасвир бигиранд. Истифодаи рангубор дар санъати чакандӯзӣ, гулдӯзӣ бо риштаи пилаи рангдодаи сурх, сафед, сабз, зард, кабут, бунафш ва риштаҳои симин (нуқрагӣ), заррин ва ҳатто мисин болои матоъ бо сӯзан ё дирафш (чангак) дӯхта мешаванд. Асбобҳои асосии чакандӯзӣ: сӯзан, дирафш (чангак), уймоқ, тевона мебошанд. Ин кор аз тарафи бонувони синну солашон гуногун ба иҷро мерасад.

Вожаи чакан хеле қадима буда маълум аст, ки дар ибтидо нақшро дар болои чӯб, зарфҳо ва баъдан бо асбоби нӯгтез гул мезадаанд ва номи чакан аз он ибтидо гирифтааст. Чакани нақши гул бештар дар болои асбобҳои зебу зинати тилоӣ, нуқрагӣ ва мисин нақшкорӣ мешуд

Чакандӯзӣ аз насл ба насл гузашта, оилаҳои ҳунарманд ба он бештар машғул мешуданд.

Чакандӯзӣ, гулдӯзӣ дар болои чарм, зарфҳои тилло, нуқра, мис, гӯшвор, дастмона, сандуқ, сангҳои гаронбаҳо, рӯймол, кӯрпа, болишт,  сарупои арӯс, гаҳвора, пешбанд, остинӣ, пушти куртаҳо ва ғайра дида мешавад.

Мазмуну мундариҷаи чакандӯзӣ бой ва рангоранг аст. Мавзӯи нақшҳо дар замонҳои қадим вобаста ба дин буд. Нақшҳои тасвири офтоб, моҳтоб, осмону ситораҳо, оташ, рустаниҳои муқаддас, аз қабили анор, ангур, анҷир, нилуфар, себарга, шохбарг, гули офтобпараст, дарахти зиндагӣ, ҳайвонҳои муқаддас ба мисли нахчир, гов, уштур, асп, гавазн, паррандагон-шоҳин, ғоз, қу, моҳӣ ва ғайра инъикос мешуданд. Ҳайвонҳо, растанӣ ва дарахтони муқаддас то оғози ислом тасвир ёфтаанд. Дар замони ислом тасвири ҳайвонҳо ва одамон кам гардид, аммо нақшҳои рамзи салиби шикаста (крест), об ва растаниҳо боқӣ монданд. Ба мурури замон моҳияти динӣ ва рамзии онҳо аз хотири мо рафтаанд, бино бар ин, ба чашми имрӯзиён чун нақши беном метобанд. Масалан, нақши себарга яке аз нақшҳои марказӣ дар гулдӯзии тоҷикон аст. Бо ин гул шерозапоча, подоман, остинҳо ва ғайра ороиш меёбанд.

Занону духтарони Хатлон аз пилла ё пахта ришта тайёр намуда, онро бо рангҳои ҳархела ранг карда, аз ин риштаҳои ранга куртаи чакан, тоқии мардона, даврӣ, рӯймолҳои миёни мардона, зардеворӣ, болишт, пардаи тиреза медӯзанд.

Либосҳои миллии мардонаи Хатлонзамин, яъне ҷома, салла, миёнбанд, куртаҳои духти мардонаро ҳоло ҳам мардон ба бар мекунанд. Мардони тоҷик ҳамеша дар ҳама либосҳои худ миёнбандро истифода мекунанд.

Пероҳанро бештар аз сатини зард, ҷигариранг, сурх ва карбоси сафеди зардчатоб медӯзанд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11