ХАБАРҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Бо дастгирии Комитети байналмилалии Салиби Сурх ба беморхонаи рақами №1 дар ҷамоати Саричашмаи Ш. Шоҳин ба маблағи 185000 сомонӣ мизу таҷҳизотҳои ҷарроҳӣ, лампа пулсометр, ашёҳои басту банди ва риштаҳои ҷарроҳӣ ворид гардид.

Дар ҷамоати деҳоти Доғистон, деҳаи Доғистон аз ҷониби Сафорати Ҷопон 20 кати бистарӣ ба маблағи 709000 сомонӣ (ё 82252 доллари Амрико) сохта шуда, дар рӯзҳои назди сохтумони бинои беморхона анҷомёфта ба истифода дода мешавад.

Дар асоси ва Фармоиши Раёсати тандурустии вилояти Хатлон аз 24.01.2017, №19 ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 17 январи соли 2017, №2 “Дар бораи баргузор намудани чорабини маърифатию иттилооти таҳти унвони “Корвони маърифат”, бо ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи вилоят, дар ноҳияи Ховалинг дар дехаи Обидараи ҷамоати деҳоти Лохутӣ ба 752 нафар шаҳрвандон кӯмаки ройгони тиббӣ расонида шуд.

Дар санаи 15.06.201 ва 16.06.2017 дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон аз 13.06.2017 соли 2017, №455 бо мақсади беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тибби ба модарону кӯдакон дастраси аҳоли ба хизматрасониҳои сифатнок ва рушди малакаи кормандон тиб оид ба масъалаҳои ғизои солим даврҳои омӯзиши Хуросон, Ёвон, А.Ҷомӣ, Ҷ.Балхӣ, Бохтар, Қубодиён, Шаҳритус, Вахш, Н.Хусрав, Дӯстӣ ва оид ба “Роҳнамои солими модару кӯдак, ғизои иловагӣ ва баҳодихии инкишофи ҷисмонии кӯдакон” дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки бозомузони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ барои кормандони миёнаи тиб семинарҳои омӯзишӣ гузарониданд.

Дар доираи амали “Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷуҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ва “Нақшаи миллии мониторинг ва баҳодиҳи стратегӣ оид ба ҳимояи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” мутахассисони Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо мутахассисони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва намояндагони Лоиҳаи ХОУП ба 15 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппа сафари хизматӣ намуда, ба беморони дар қайди диспансерӣ қарордошта ёрии амалии методӣ расониданд.

Дар доираи чорабинии Рӯзҳои миллии иммунизатсия зидди бемории сурча ва гулафшон аз санаи 15 то 26 май соли 2017 сол даври иловагии эмгузаронии кӯдакони синнашон аз 1 то 9 сола доир карда шуд, ки тавассути он дар минтақаи Қӯрғонтеппа 477346 нафар ва дар минтақаи Кӯлоб 283053 дар маҷмӯъ 751945 нафар кӯдакони вилоят ва 2578 нафар меҳмонони берун аз вилоят ва ҷумҳурӣ ба иммунизатсия фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади тақвият бахшидан иқтидори хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ва вориднамудани механизми нави беҳтаркунии сифати он, дар ноҳияҳои таҷрибавӣ дар доираи Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар ноҳияҳои таҷрибавӣ Ёвон, Фархор, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён, А.Ҷомӣ, Вахш, Дӯстӣ, Панҷ, Темурмалик, Хуросон ва Ҷайҳун бо иштироки мутахассисони Марказҳои саломати деҳот ва бунгоҳои саломатӣ даври омӯзиш оғоз гардида, минбаъд  ҳар семоҳа гузаронида мешавад.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11