ХАБАРҲОИ КУТОҲИ ВАРЗИШӢ

Бахши кор бо ҷавонон, варзиши шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр бахшида ба 20-умин солгарди Вахдати Миллӣ ва соли ҷавонон дар китобхонаи шаҳр бо номи "Дӯстии халқҳо" бо варзишгарон ва мурабиёни мактабҳои варзишӣ вохӯрӣ доир намунанд.

Дар вохӯрӣ оид ба дастовардҳои 20 соли Ваҳдати миллӣ, ҷавонон ва шомилшудани ҷавонон ба гурӯҳои ифротӣ суҳбатҳо намуданд.

Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба ҷашни 20 - солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон 17 июни соли 2017 мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба шашка байни кормандони ташкилоту муассисаҳо баргузор намуд.

Чорабиниро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қурбонзода Хуршед оғоз намуда, иштирокчиенро ба ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуда, қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои таърихӣ ба ҳисоб рафта, барои сазовор ҷашн гирифтани он мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ба наша гирифта шудааст.

Мусобика байни мардон ва бонувон баргузор шуда, 36 нафар иштирок намуданд, ки аз ин 16 нафарашонро бонувон ташкил доданд. Ғолибони мусобиқа бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи бахш сарфароз гардонида шуданд.

Дар доираи Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олии кишвар оид ба футбол 17.06.2017 дастаи "Панчшер"- и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва "Вахш"-и шахри Қӯрғонтеппаро дар майдони худ қабул кард. Бозингарони дастаи "Панчшер" аз худ маҳорати хуб нишон дода ба дарвози дастаи "Вахш" 6 гол заданд.

Бози бо ҳисоби 6: 2 ба фоидаи дастаи Панҷшер анҷом ёфт.

20170616_091420_resized.jpg

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11