ФАРЗАНДОНИ БОСАВОД ТАРБИЯ НАМОЕМ

Дар тамоми ҷаҳон доман паҳн намудани терроризму экстремизм, хатари ҷаҳонӣ доштани ин зуҳуроти номутлуб ва роҳҳои пешгирӣ намудан аз доман паҳн намудани он дар байни ҷавонон аз мавзӯъҳое ҳастанд, ки зимни вохӯрии намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони деҳаи Тоҷикободи шаҳри Сарбанд мавриди таҳлил қарор гирифт.

Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Сарбанд подполконики милитсия Нодир Муродов ба иллати нодонӣ ва ноогоҳӣ аз мақсадҳои нопоки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба майдони ҳарб кашида шудани бархе аз ҷавонон ва шомил шудани онҳоро ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба риштаи таҳлил кашида, бахусус падарону модаронро ҳушдор дод, ки ба ин масъала муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.

Ҳар ҷавоне, ки дониши амиқи сиёсӣ надорад метавонад ба бозичаи дасти ин афрод мубаддал гардад. Аз ин лиҳоз вазифаи падару модар ва ҷомеа аст, ки фарзандони огоҳ ва босаводу бофарҳангро тарбия намоянд,-қайд намуд Н. Муродов.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11