БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИ  БАХШИДА БА РӮЗИ Ҷ. БАЛХӢ     П А Ё М И     Т А Б Р И К И И    Раиси  вилояти  Хатлон  Гулмаҳмадзода  Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба  муносибати  Иди  касбии   омӯзгорон     ФУРӮДГОҲИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ «КӮЛОБ» ПЕШСАФИ МАЪРАКАИ «ОБУНА-2018»     ФУТБОЛБОЗОНИ РАЁСАТИ АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚАИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ     ДОРУҲОИ МУҲЛАТГУЗАШТА СӮЗОНДА ШУДАНД       Қӯрғонтеппа: баргузории силсила чорабиниҳо бо мақсади ҷонибдории ҷавонон аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳифзи фарҳанги миллӣ     ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ  ДӮСТӢ     Баргузории  озмуни   Иншои беҳтарин, бахшида ба  «Рӯзи  Рӯдакӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа     ЛОИҲАҲО АМАЛӢ МЕГАРДАНД     ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ОСОРХОНА     

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОИЛА ДАР НОҲИЯИ Ш. ШОҲИН

Рӯзи 15 майи соли ҷорӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар бинои бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бахшида ба «Рӯзи оила» чорабнии фарҳангӣ доир гардид, ки дар он оилаҳои намунавӣ, навхонадорон иштирок доштанд.

Сараввал муовини раиси ноҳия Ғафорзода Санам ҳозиринро аз номи раиси ноҳия муҳтарам Зарифзода Почохон Ҳабибулло ба ин санаи хотирмон шодбош намуда, вобасата ба ин иброз дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи бевоситаи сарвари муаззами кишвар Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем дар як муддати кутоҳ барои ташкил намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ки мақсадаш бунёди адолати иҷтимоӣ аст, муваффақ гардем. Имрӯз мо меболему шодӣ мекунем, ки сарчашмаи ҳамаи ин аз ваҳдату бародарии мо гувоҳӣ медиҳад. Пас ҳар як фарди бедордилро мебояд баҳри ободӣ ва амну субот дар кишвар камари ҳиммат баста, то қадре ҳам бошад, барои ободии ин гӯшаи зебои Ватан хизмат намояд.

Дар ин рӯз аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ба се тифлаки навзод шаҳодатномаи таваллуд ва ба ду ҷуфт арусу домод шаҳодатномаи қайди никоҳ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин вобаста ба ин аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии ноҳия ба оилаҳои беҳтарин, ки ба ин чорабинӣ даъват шуда буданд, бо туфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия хотири иштирокчиёнро шод намуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11