ТАҶАССУМГАРИ НЕКИЮ ПОКӢ ВА МЕҲРУБОНИЮ ХАЙРХОҲӢ

Наврӯз ҷашни миллии мардумони форсинажод буда, таърихи хеле қадимӣ дорад. Дар бораи қадимӣ будани ин иди миллӣ донишмандони хориҷӣ ва олимони форсизабон дар асарҳои худ маълумоти мухталиф овардаанд. Аз ҷумла, устоди Донишгоҳи ба номи Муҳаммад Таботабоии Эрон Мирҷалолуддини Казозӣ дар мақолаи «Наврӯз ҷашни бозгашт ба оғоз» оид ба маънии вожаи «Наврӯз» чунин шарҳ овардааст: «Вожаи Наврӯз бадон сон, ки ногуфтапайдост, ба маънии рӯзи нав аст. Ин дар паҳлавӣ Нукруч будааст ва дар ҳамин сохти паҳлавӣ ба забони тозӣ бурда шудааст ва Нукрӯз гардидааст» (маҷаллаи «Армуғон», шумораи 3, моҳи марти соли 1995, саҳ.24).

Олимону адибони гузаштаи форсу тоҷик чун Мӯсо ибни Исо Ал-Кисравӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Маҳмуди Гардезӣ, Муҳаммад Наршахӣ ва махсусан, Умари Хайём борҳо ба ҷашни Наврӯз ва маросимҳои он рӯ оварда, бузургиву шаҳомати ин ҷашни бостониро сутудаанд ва воқеияти ҳақиқии таърихии онро дар китобҳои хеш инъикос намудаанд. Чуноне ки Фирдавсии Тусӣ дар «Шоҳнома»-и худ оид ба боби Наврӯз менигорад:

Сари Соли нав Ҳурмузи фарвардин,

Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.

Бузургон ба шодӣ биоростанд.

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,

Бимонда аз он хусравон ёдгор.

Аз мутафаккирони бузурги асри миёна ба мисли Умари Хайём дар китоби худ «Наврӯзнома» дар боби Наврӯз маълумоти муҳиме ба мо додааст, ки оид ба ҷашни Наврӯз ва мафҳуми он чунин мегӯяд: «Аммо сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар 365 рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақт рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дар-ёфт, «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашну оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».

Яке аз олимони муосири тоҷик Мирбобо Мирраҳим дар китоби худ «Ҷашни Наврӯз ва ҷаҳоншиносӣ» оид ба таърихи ин ҷашни бостонӣ ақидаҳои олимони соҳаро чунин овардааст: «Донишманди забардасти китоби «Авасто» ва таърихи он Пури Довуд роҷеъ ба аҳди зиндагонии Зардушт чунин таъкидро раво дониста, ки гумон меравад ҳазрати Зардушт дар нимаи дуюми асри 7-ум ва оғози асри шашуми пеш аз Масеҳ, аммо нависандагони Юнон ва Рум таърихи бисёр қадимтареро аз барои муассиси дини Эрон қоил шудаанд». Маҳз ба ҳамин асос мо ҳақ дорем, ақидаи олимонро дар бораи таърихи бештар аз ҳафтҳазорсолаи Наврӯз дастгирӣ кунем. Чи тавре Мӯсо ибни Исо Ал-Кисравӣ нисбат ба таърихи ҷашнҳо чунин қайд мекунад: «Наврӯзро Ҷамшед, вале Меҳргонро Афридун ҷорӣ кардааст ва Наврӯз ду ҳазору панҷоҳ сол муқаддамтар аз Меҳргон аст» (М. Мирраҳим, «Ҷашни Наврӯз ва ҷаҳоншиносӣ», Душанбе «Ирфон», 1992, саҳ. 12). Муаллиф дар ҷои дигари китоб аз «Наврӯзнома»-и Умари Хайём чунин иқтибосе овардааст: «Пас, он оин то ба рӯзгори Искандари Румӣ, ки ӯро «Зулқарнайн» хонанд, бимонд. Ва то он муддат кабиса накарда буданд ва мардумон ҳам бар он мерафтанд, то ба рӯзгори Ардашери Бобакон, ки ӯ кабиса карду ҷашн бузург дошт ва аҳднома бинвишт ва он рӯзро «Наврӯз» бихонд. Ва ҳам бар он оин мерафтанд, то ба рӯзгори Нӯширавони Одил. Чун Айвони Мадоин тамом гашт, Наврӯз кард ва расми ҷашн ба ҷо овард, чунон ки оини эшон буд» (Ҳамон ҷо, саҳ.14).

Инчунин, доир ба ҳамин мавзӯъ олими маъруфи асри миёна Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби худ «Осор-ул-боқия» маълумоти мукаммал овардааст.

Хусусан, дар яке аз фаслҳои ин китоб «Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои порсиён аст», чунин мегӯяд: «Ва чанде аз ҳашвия (мунаҷҷимони беягон далел пешгӯикунанда, «мунаҷҷимони бозорӣ») мегӯянд, ки чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарини хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт, вале пас аз 40 рӯз бори дигар ангуштарини худро биёфт ва подшоҳиву фармондеҳӣ бар ӯ баргашт ва мурғон ба даври ӯ гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад!» Яъне, рӯзи тоза биомад» (Ҳамон ҷо, саҳ. 2320).

Берунӣ дар ҷои дигари асараш боз чунин менигорад: «Баъзе аз уламои Эрон мегӯянд: «Сабаби ин ки ин рӯзро наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас, собиа (аз дине ба дине раванда) ошкор шуданд. ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз буд. Ва боз ид будани Наврӯзро чунин гуфтаанд, ки чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шайотин онро бардоштанд. Ва дар як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд» (Ҳамон ҷо, саҳ. 233).

Чи тавре ки аз осори уламову удабо маълум мешавад, Наврӯз аз замони подшоҳии Ҷамшед ҳамчун иди мардуми эронинажод ба миён омада, то ба замони мо бо ҳама анъанаву таомулаш расидааст, ки ин нишонаҳояш имрӯзҳо дар идҳои Наврӯзии мардуми тоҷик аёну баён мешавад. Ҳамрадифи олимон аҳли шоирони классику муосир низ оид ба Наврӯз ва доир ба чигунагии ҷашни он шеъру ғазалҳо сурудаанд, ки ин мазмунро мо дар ашъори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Умари Хайёму Унсурӣ, Ҷалолиддини Румию Анварӣ ва дигар адибони гузашта мебинем ва мехонем. Аз шоирони муосир бошад, оид ба ин арзиши миллӣ Айниву Лоҳутӣ, Турсунзодаву Миршакар, Муъмин Қаноату Раҳимӣ, Бозор Собиру Лоиқ Шералӣ ва даҳҳо нафарҳоро номбар намудан мумкин аст, ки шеъру ғазалу рубоиву таронаҳои намакину муҳтавои худро дареғ надоштаанд.

Инчунин, кӯдакон ва муҳассилини муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ бо хондани шеъру сурудани таронаҳо, бо базму ҳангомаҳои Наврӯзӣ ва ороишӣ дастурхони Наврӯзӣ, ҳамчунин, бо бозиҳои варзишӣ Наврӯзи хуҷастапайро ҳар сол рӯзи 21 март ботантана ҷашн мегиранд, ки он акнун аз рӯзи истиқлолият чун иди расмӣ ва анъанавӣ беш аз пеш бошукӯҳу шаҳомати хоса гузаронида мешавад. Аз дигар тараф, ба хотири бузургдошти иди Наврӯз ва таҷлили пурраи он, дар ҳамаи корхона ва муассисаҳои давлатӣ, хусусан, дар муассисаҳои таълимӣ рӯзҳои истироҳатӣ қабул шудааст, ки он яке аз омил ва нишонаҳои эҳтироми самимӣ нисбат ба яке аз арзишҳои миллиамон – Наврӯз мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки заҳмату меҳнати ниёгонамон сабаби сарбаландии мо гашта, дар миқёси оламу одам нишони ҷаҳонӣ пайдо намудем. Аз ҷониби дигар, бо сабаби бузургдошту таҷлили ин ид, қадимиву асилии миллати тоҷик низ дар ҷаҳони муосир маъруф гашт. Албатта, пеш аз ҳама, дар ин самт саҳми босазои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза бузург аст. Ин буд, ки бо ташаббуси Президенти кишвари мо 23 феврали соли 2010 мувофиқи қарори ЮНЕСКО дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз «Иди байналмилалии Наврӯз» эълом гардид. Инак, соли ҳафтум аст, ки иди бузурги ниёгони мо–Наврӯз ҳамчун иди байналмилалӣ дар мамлакатҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Имсол ба андешаи олими асри 15 Ғиёсиддин Алии Исфаҳонӣ вуруди соли нав-Наврӯз ба марти соли 2017–и мелодӣ, рӯзи якшанбе рост меояд. ӯ дар китоби худ иди Наврӯзро тавсиф намуда, оид ба оғози Наврӯз ба рӯзҳои ҳафта ишора карда, ҳар соле ба яке аз рӯзҳои ҳафта ибтидо намудани Наврӯзро зикр мекунад. Ва дар ҳар ҳафтае хусусиятҳо ва сифатҳои солро аз рӯйи илми нуҷум бо мансубият ва таъсироти хоси сайёрагон ба он рӯзи ҳафта маълумот додааст. Чуноне ки имсол аз рӯйи китоби «Нуҷум»-и Ғиёсиддин Алии Исфаҳонӣ оғози Наврӯз аз рӯйи тартиби гардиши навбатӣ ба рӯзи якшанбе рост меояд (соли гузашта-2016 Наврӯз ба рӯзи шанбе қоим буд) ва ӯ чунин менигорад:

Якшанбе агар фитода Наврӯз,

Шоҳу умарост баҳраандӯз.

Ҳар шайе пайдо шавад фаровон,

Гандуму ангуру ҷав дучандон.

Бориш неку шавад дар ин сол,

Меҳру муҳаббату аҳду висол.

Мо низ аз фурсат истифода бурда, ин иди Ҷамшедиро ба ҳамаи шумо ҳамдиёрони арҷманд муборак гуфта, даст ба дуо бардошта мегӯем:

Эй Худованди замину осмон,

То ба Наврӯзи дигар моро расон!

 

 

Латофат АСОЕВА,

донишҷӯи соли аввали факултаи

филологияи тоҷики ДДҚ

ба номи Носири Хусрав

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11