ТАЪСИРИ ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА БА РАВАНДҲОИ СИЁСИИ ҶОМЕА

Васоити ахбори омма қисми таркибии фаъолияти сиёсӣ ва соҳаи сиёсат мебошад. Сиёсат нисбат ба дигар шаклҳои фаъолияти ҷамъиятӣ аз воситаҳои махсуси мубодилаи иттилоот вобастагии калон дорад ва бо ин роҳ алоқаҳои доимӣ ва устувори субъектҳои сиёсатро нигоҳ медорад. Бояд гуфт, ки дар ҷомеаҳои постиндустриалӣ ҳукмронии дониш ва иттилоот нисбат ба ҳукмронии боигарӣ дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Бинобар ин, ВАО пеш аз ҳама интиқолдиҳанда ва паҳнкунандаи иттилооти сиёсӣ мебошад.

Дар шароити ташаккули ҷомеа таъсири васоити ахбори омма ба равандҳои сиёсӣ хеле меафзояд. Айни замон ВАО афкори ҷамъиятиро ташаккул дода, дар раванди иҷтимоикунонии ҷомеа ба таври фаъол ширкат меварзад. Бешубҳа ВАО метавонад дар рушду инкишофи вазъияти сиёсӣ таъсири амиқ расонад. Зеро телевизион, радио, маводҳои чопӣ ва интернет яке аз воситаҳои муҳими сиёсати замони муосир мебошанд. Бинобар ин, дар зери мафҳуми ВАО маҷмӯи шабакаҳои мухталифи паҳн намудани иттилооте фаҳмида мешавад, ки бо мақсади ба таври фаврӣ расонидани иттилооти зарурӣ ба ҷониби доираи васеи одамон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва давлат равона карда шудаанд. Ҳамин тариқ, ВАО аз системаи иттилоотие иборат аст, ки он дар худ як қатор унсурҳои муҳимро нигоҳ медорад ва дар кишвар, минтақа ва умуман дар ҷаҳон бо шакл, усул ва дараҷаи рушду инкишофи худ зоҳир мегардад.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ВАО дар он ифода меёбад, ки он оммавӣ мебошад ва ба ҷониби доираи васеи одамон равона карда шудааст. Шумораи мухлисон ва ҳаводорони ВАО бошад аз манфиатҳои онҳо вобаста аст, ки бештар ба воситаи мақола ва ё барномаи телевизионӣ ифода меёбанд.

Айни замон унсурҳои муҳими васоити ахбори оммаро ба чаҳор зерсистема тақсим намудан мумкин аст: маводҳои чопӣ, радио, телевизион ва Интернет. Ҳар яки инҳо дар худ шумораи зиёди шабакаҳои иттилоотиро нигоҳ медоранд. Масалан, газетаҳои алоҳида, маҷаллаҳо, китобҳои мухталиф, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, саҳифаҳои интернетӣ ва ғайра.

Умуман, ВАО ҳамчун институти сиёсии пурқудрате мебошад, ки интиқоли иттилооти сиёсӣ ва ташаккули афкори ҷамъиятӣ асоси фаъолияти онро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, дар соҳаи сиёсат ва умуман дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ВАО як қатор вазифаҳои мушаххасро иҷро менамояд: коммуникативӣ, аксиологӣ, ташкилотчигӣ, маърифатӣ, лоббистӣ, танқидӣ, манипулятивӣ ва дигарон.

Сиёсатшиноси шинохтаи рус С. Г. Кара-Мурза қайд менамояд, ки дар замони муосир таъсири иттилоотӣ ва психологӣ ҷойи қувваҳои маҷбурнамоиро ишғол намудаанд[1]. Дар алоқамандии ин, бояд гуфт, ки инсон табиати биологию психологие дорад, ки ба тақлидкорию маъюсӣ майл менамояд. Бо дарназардошти чунин хусусияти инсон ВАО-и замони муосир ба тасаввуротҳои одамон таъсири амиқ расонида, ба воситаи стереотипҳои мушаххаси сиёсӣ муносибати ҷомеаро нисбат ба воқеаҳои сиёсӣ дигаргун месозанд. Тасаввуротҳои стереотипшуда ба ҷараёни интиқоли иттилоот ва ахбор ворид карда шуда, дар шуури омма ҳиссиёти манфӣ ва ё ҳиссиёти мусбиро ба вуҷуд меоваранд. Бинобар ин, барои нигоҳ доштани тавозуни тасаввуротҳои омма технологияҳои иттилоотӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Технологияҳои иттилоотӣ махсусан ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ имкон медиҳанд, ки онҳо хоҳ ба таври кушод ва ё хоҳ ба таври пинҳонӣ муносибатҳои худро нисбат ба масъалаҳои сиёсӣ ва воқеаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муайян созанд.

Ҳамин тариқ, васоити ахбори оммаи замони муосир падидаи сиёсии гуногунҷабҳа буда, дар тафаккури одамон дидгоҳи муайяни сиёсиро ташаккул медиҳад ва ба шуури ҷамъиятӣ қолабҳои сиёсиро ворид намуда, оммаи мардумро водор менамоянд, ки ба амалҳои мушаххаси сиёсӣ машғул гардида, ба раванди қабули қарорҳои сиёсӣ таъсири амиқ расонанд.

Сиёсатшиносони бритониёвӣ Колин Спаркс ва Раймонд Уилямс нақши васоити ахбори оммаро дар раванди сиёсӣ муайян намуда, қайд менамоянд, ки низоми ВАО метавонад тиҷоратӣ, авторитарӣ, патерналистӣ ва демократӣ бошад[2]. Дар низоми тиҷоратӣ дараҷаи баланди озодии матбуот дида мешавад. Аммо дар фаъолияти онҳо маҳдудиятҳои ҷиддӣ ба мушоҳида мерасад, ки ин маҳдудиятҳо аз дараҷаи даромаднокии матбуот вобастагии калон дорад. «Дар чунин низом ҳама гапро гуфтан мумкин аст, аммо ба шарте ки суханони шумо фоида ва даромади амиқ дошта бошад»[3]. Низоми авторитарии васоити ахбори омма интиқоли дастурамал ва тарзи амалкарди гурӯҳи ҳукмронро яке аз вазифаҳои асосии иртиботот медонад. Низоми патерналистии ВАО бошад намунае аз низоми авторитарӣ мебошад, аммо дар ин ҷо синфи ҳукмрон дар назди ҷомеа каме масъулиятнок ҳастанд ва масъалаҳои арзиш ва ҳадафҳо танҳо ба нигоҳ доштани ҳокимият тааллуқ дорад. Ба таври назариявӣ инчунин модели демократии ВАО низ муайян карда шудааст, ки он дар асоси принсипҳои муҳими демократӣ ташаккул меёбад. Аммо фаромуш набояд сохт, ки дар ҳеҷ яке аз мамлакатҳои дунё намунаи воқеии модели демократии ВАО ба мушоҳида намерасад.

Мувофиқи чунин гурӯҳбандӣ ВАО-и замони Шӯравӣ аз рӯи низоми патерналистӣ, ВАО-и амрикоӣ аз рӯи низоми тиҷоратӣ амал намуда, ВАО-и Британияи Кабир бошад хусусияти омехта дошт. Яъне дар Британияи Кабир матбуот хусусияти тиҷоратӣ ва телевизион бошад хусусияти патерналистӣ дошт, ки чунин ҳолат ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасад. Бояд гуфт, ки айни замон низоми васоити ахбори оммаи аксари давлатҳои ҷаҳон омехта мебошанд [4].

Сиёсатшиносони рус А.И.Соловёв ва В.П.Пугачев барои муайян намудани нақш ва мазмуни васоити ахбори оммаи замони муосир аз ду мавқеъ муносибат намудаанд. Худи онҳо намояндагони муносибати инструменталӣ буда, қайд менамоянд, ки идоранамоӣ яке аз вазифаҳои асосии васоити ахбори омма мебошад. Ба ақидаи онҳо, «ВАО маҷмӯи ташкилотҳое мебошад, ки бо ёрии дастгоҳҳои махсуси техникӣ маълумотҳои заруриро ба ҳар як шахс ба таври кушод ва расмӣ интиқол медиҳанд» [5].

Дар баробари ин, дар замони муосир васоити ахбори оммаро ҳамчун «шохаи чоруми ҳокимият» низ муаррифӣ менамоянд, ки дар чунин ҳолат ВАО ҳамчун қувваи мустақили ҷамъиятӣ дониста мешавад. Роҷеъ ба ин масъала, хабарнигори рус Я.Н.Засурский қайд менамояд, ки раванди барқароршавии демократия дар давлатҳои пасошуравӣ бо ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқӣ, хоҷагидории бозорӣ ва таъсири бевоситаи матбуот алоқаманд мебошад [6].

Масалан, сиёсатшиноси амрикоӣ Герберт Алтшулл вазъияти ВАО-и амрикоиро таҳлил намуда, чунин натиҷагирӣ менамояд:

- мазмун ва мундариҷаи иттилооти васоити ахбори омма дар аксар маврид сиёсати нафаронеро ифода менамоянд, ки онҳо барои фаъолияти ВАО сармоягузорӣ намудаанд;

- газетаҳо, маҷаллаҳо, телевизион ва радио ҳарчанд ба сифати нерӯи мустақил ва пуриқтидор баромад намоянд ҳам, вобастагии онҳо доимо ба мушоҳида мерасад[7].

Ҳамин тариқ, дар замони муосир васоити ахбори омма дар миёни институтҳое, ки дар раванди иҷтимоикунонии ҷомеа ва ташаккули маданияти сиёсии одамон иштирок менамоянд, мавқеи махсусро ишғол менамояд. ВАО-и замони муосир – ин маҷмӯи муассиса, корхона ва ташкилотҳое мебошанд, ки ба ҷамъоварӣ, коркард ва интиқоли иттилоот машғул гардида, оммаи мардумро ба воситаи матбуот, радио, телевизион ва интернет аз воқеа ва ҳодисаҳои мухталиф хабардор менамоянд. Ба андешаи мо, васоити ахбори омма замоне хусусияти сиёсӣ пайдо менамояд, ки агар унсурҳои мухталифи он дар раванди муборизаи сиёсӣ ва барои ба даст овардан ва нигоҳ доштани ҳокимият истифода гардад. Чунин ҳолатро ба инобат гирифта, дар аксар мавридҳо васоити ахбори оммаро ҳамчун «шохаи чоруми ҳокимият» муаррифӣ менамоянд. Дар ҳақиқат ВАО хусусияти фаврӣ дошта, зудтағйирёбанда мебошад ва аз ин рӯ чунин вижагиҳо ба ӯ имкон медиҳанд, ки ба ҳаёти маънавии ҷомеа ва шуури оммаи васеи мардум таъсири ҳалкунанда расонад. ВАО метавонад афкори ҷамъиятиро барои дастгирии ҳадафҳои муайян равона созад ва ҳамзамон дар ҷомеа равандҳои ҳамгироиро ба вуҷуд оварда, одамонро водор месозад, ки арзишҳои бавуҷудомадаро қабул намоянд.

Васоити ахбори оммаи муосир ва аз ҷониби онҳо мавриди истифода қарор додани технологияҳои навини иттилоотӣ ва компютерӣ имкон медиҳанд, ки доираи васеи оммаи мардум дар раванди сиёсӣ иштирок намоянд ва махсусан ба ҳукумати мамлакат, ба ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, ба сарварони ҳизбҳои сиёсӣ, кормандони сиёсӣ ва ба раванди қабули қарорҳои сиёсӣ таъсиргузорӣ намоянд.

Инчунин ВАО одамонро ба ҷаҳони сиёсат ворид намуда, онҳоро ба арзишҳои сиёсии аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ пешниҳодшуда наздик менамояд. Бинобар ин, раванди паҳн намудани иттилоот низ ба он хотир сурат мегирад, ки гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон барои дастгирии стратегияҳои сиёсӣ омода карда шаванд.

Дар шароити муосир бодарназардошти дигаргуниҳои рушду инкишоф ва ташаккулёбии ВАО, хусусиятҳои муҳим ва фарқкунандаи онҳо чунинанд:

- оммавият, яъне доираи васеъ ва номаҳдуди одамон дар шароити муосир аз васоити ахбори омма истифода менамоянд;

- технологӣ, яъне васоити ахбори омма барои интиқоли иттилоот аз дастгоҳҳои навини компютерӣ ва рақамӣ истифода менамояд;

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар ҳар як ҷомеаи муосир ВАО як қатор вазифаҳои сиёсиро иҷро менамояд, ки чунин хусусият мазмуни сиёсии онро боз ҳам афзун мегардонад. Иҷроиши вазифаҳои иттилоотӣ, маърифатӣ, иҷтимоикунонӣ, танқид, назорат, сафарбарнамоӣ ва ҳамгироӣ ба васоити ахбори омма имкон медиҳад, ки дар ҷомеа ва дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ мавқеи худро рӯз аз рӯз мустаҳкам намояд.

Ҳангоми иҷроиши вазифаи иттилоотӣ раванди ҷамъоварӣ, коркард ва паҳн намудани иттилоот сурат мегирад, ки дар натиҷа шаҳрвандон ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар бораи ҳодиса ва воқеаи бамаломада иттилоои зарурӣ ба даст меоранд. Бояд гуфт, ки ВАО ҳангоми иҷроиши вазифаи иттилоотӣ метавонад иттилоотеро пешниҳод намояд, ки он хусусияти сиёсӣ надошта бошад (масалан, маълумот дар бораи обу ҳаво, барномаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва монанди инҳо). Ҳамин тавр, ба иттилооти сиёсӣ танҳо хабарҳое дохил мегарданд, ки агар онҳо диққати афкори ҷамъиятиро ба худ ҷалб намуда бошанд ва ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсир расонида тавонанд. Масалан, хабарҳо дар бораи фаъолияти ҳукумат, парлумон, ҳизбҳои сиёсии ҳукмрон ва ғайриҳукмрон, ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва ғ. муҳтавои асосии иттилооти сиёсиро ташкил медиҳад. Одамон ба воситаи чунин шакли иттилоот дар бораи ҳаёти сиёсии ҷомеа ва умуман равандҳои сиёсӣ маълумот мегиранд.

Ҳангоми иҷроиши вазифаи маърифатӣ раванди интиқоли иттилооте сурат мегирад, ки ба воситаи он шаҳрвандони мамлакат бо муҳтавои арзиш ва ҳадафҳои стратегии давлат ошно гардонида мешаванд ва ба онҳо донишҳои зарурӣ барои мутобиқ намудани худ бо рафторҳои ҷомеа пешниҳод карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар раванди аз ҷониби ВАО интиқол ёфтани донишҳои сиёсӣ ҳамчунин раванди иҷтимоикунонии сиёсӣ низ сурат мегирад. Ба ибораи дигар, иҷроиши вазифаҳои маърифатӣ ва иҷтимоикунонӣ дар як вақт ба вуқуъ меоянд. Иҷроиши вазифаи маърифатӣ хусусияти эволютсионӣ дошта, донишҳои сиёсии инсонро марҳила ба марҳила ташаккул медиҳад ва тасаввуротҳои ӯро ба дигаргуниҳои сифатӣ рӯ ба рӯ месозад. Аммо дар раванди иҷтимокунонии сиёсӣ мутобиқгардонии рафтори одамон бо воқеияти иҷтимоӣ сурат мегирад, ки чунин ҳолат хусусияти трансформатсионӣ дорад. Зеро тағйиротҳое, ки дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ба амал меоянд, ҳатман меъёрҳо, арзишҳо ва намунаҳои рафторро низ ба дигаргунӣ дучор месозанд.

Дар баробари ин, ВАО инчунин вазифаи танқидиро низ иҷро менамояд. Аслан фаъолияти танқидӣ хоси оппозитсияи сиёсӣ ва як қатор институтҳои махсусгардонидашудаии назоратӣ мебошад. Аммо танқиде, ки аз ҷониби ВАО ба амал бароварда мешавад, доираи васеътари масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифта, ба ҷониби фаъолиятҳои амалии ҳукумат, мақомоти судӣ, паҳлуҳои мухталифи сиёсати давлатӣ ва ғ. равона мегардад.

Васоити ахбори омма инчунин вазифаи назоратиро низ иҷро менамояд, ки нуфузи афкори ҷамъиятӣ асоси онро ташкил менамояд.

Гузашта аз ин, ВАО на танҳо ба фаъолияти танқидӣ машғул аст, балки дар зери таъсири унсурҳои алоҳидаи он раванди тақсими манфиатҳо ва ҳамгироии субъектҳои сиёсат сурат мегирад. Маҳз дар чунин шароит намояндагони гурӯҳҳои мухталифи ҷамъиятӣ имкон пайдо менамоянд, ки ақидаҳои хешро бевосита баён намоянд ва бо ин роҳ ҳаммаслакони худро муттаҳид сохта дар якҷоягӣ манфиатҳои онҳоро ҳимоя созанд. Ғайр аз ин, маҳз ба воситаи ВАО шаҳрвандони мамлакат барои иҷроиши амалҳои мушаххас сафарбар карда мешаванд ва дар баъзе мавридҳо даст кашидан аз анҷомдиҳии ин ва ё он амал тавсия ва пешниҳод мегардад. Иҷроиши вазифаи сафарбарнамоии ВАО низ дар ҳамин ифода гардида, онҳо қодиранд, ки ба ақлу хираду рафтори шаҳрвандон ва шакли фаъолияти онҳо таъсиргузорӣ намояд.

Таҳлили иҷроиши вазифаҳои ВАО нишон медиҳад, ки ҳадафи аслии фаъолияти онҳо паҳн намудани иттилоот мебошад. Чун қоида, паҳн намудани иттилоот ва дастрас намудани он ба оммаи мардум дар ду шакл амалӣ карда мешавад: иттилооти муфассал ва иттилооти мухтасар. Иттилоти муфассал бештар дар матбуот истифода шуда, масъалаҳои сиёсӣ ба воситаи мақола ва асарҳои мухталиф ҳаматарафа баррасӣ карда мешаванд. Иттилооти мухтасар бошад хоси телевизион буда, дорои як қатор хусусиятҳои муҳим мебошад. Махсусан, бинандагон ва ҳаводорони чунин навъи иттилоот дар аксар мавридҳо барои дарк ва фаҳми моҳияти он мушкилӣ мекашанд[8].

Яке аз сабабҳои баланд гардидани нақш ва мавқеи ВАО дар ҳаёти сиёсии ҷомеа дар он ифода меёбад, ки ба воситаи он давлат ва субъектҳои дигари сиёсат на танҳо оммаи мардумро аз ҳадаф ва арзишҳои сиёсӣ хабардор мекунанд, балки қолабҳои мушаххаси муносибатҳои ҷамъиятиро ба вуҷуд оварда, пеш аз ҳама, дар ташаккули фаъолиятҳои элитаи ҳукмрон ва мақомотҳои намояндагии ҳокимияти давлатӣ хизмат мерасонанд. Ба ибораи дигар, ВАО дар шароити муосир яке аз воситаҳои муҳими ба танзим даровардани тартиботи сиёсӣ маҳсуб ёфта, муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ ва сиёсиро мушаххас месозад.

Муайян намудани мавзӯъҳои баррасишаванда ва самти пешниҳоди онҳо, ки дар натиҷа диққати ҷомеа ва ҳукумат ба он ҷалб карда мешавад, яке аз роҳҳои асосии таъсиррасонии сиёсии ВАО мебошад. Интихоби мавзӯҳои сиёсӣ танҳо аз манфиатҳои идоракунандагони ВАО иборат набуда, балки дар шароити плюрализми иттилоотӣ дар зери таъсири ҷомеаи муосири бозорӣ сурат мегирад. Ҳамин тавр, таъсири васоити ахбори омма ба равандҳои сиёсии ҷомеа шаклҳои гуногун дошта, дар рушду дигаргуниҳои мамлакат мавқеи хоса доранд. Аксарияти кишварҳои пешрафта ин бартариҳои ВАО-ро дарк намуда онҳоро дар сиёсати дохилию хориҷӣ мавриди истифода қарор медҳанд.

 

 

[1] Кара-Мурза С.Г. Манипуляция сознанием. –М., 2002. –С.165-166.

[2] Ниг.: Sparks C. Communism, Capitalism and Mass Media. / C.Sparks, A.Reading. –L., 1998. – P.52.

[3] Ниг.: Williams R. Communications. –L., 1982. – P.92.

[4] Сиберт Ф. Четыре теории прессы. Национальный институт прессы. / Ф.Сиберт, У.Шрамм, Т.Питерсон. –М., 1998. –С.21-34.

[5] Пугачев В.П. Введение в политологию / В.П.Пугачев, А.И.Соловёв. –М., 2002. –С. 331.

[6] Засурский Я.Н. Средства массовой информации как фактор процессов общественной трансформации на рубеже тысячелетий. // Журналистское образование в ХХ1 веке: кого, кому и как учить журналистике: сб. материалов междунар. учебно-методической конф. –Екатерингбург, 2000. –С.9.

[7] Ниг.: Altshull H. Agents of the Power: the role of the news media in human affairs. –N.Y. –L., 1984. –P. 276-277.

[8] Ниг.: Политология: Политическая коммуникация и СМИ. Могилев, 2008.

 

Самизода Санавбар

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11