ТАЪЛИФИ 23 РИСОЛАИ ИЛМӢ АЗ СӮЙИ ОЛИМОНИ ҶАВОН

   Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандсозии олимону устодони эҷодкор ва донишҷӯёни аълохон стипендияи раиси вилоят муқаррар гардидааст, ки айни ҳол 45 нафар олимони варзида ва 35 нафар донишҷӯёни аълохон онро дарёфт мекунанд.

     Олимони ҷавони вилояти Хатлон, ки шумораашон ба 38 нафар мерасад, соли 2017 дар 53 конференсияву нишастҳои илмӣ иштирок ва суханронӣ намудаанд. Теъдоди аспирантон ба 135 нафар мерасад, ки дар муқоиса ба соли гузашта 48 нафар зиёд гардидааст. Имрӯзҳо дар вилоят дар самти магистратура ва докторантура PнD 237 нафар ҷавонон ба таҳқиқоти илмӣ машғуланд. Соли 2017 аз ҷониби олимони ҷавони вилоят ба 23 рисолаи илмӣ, 3 монография, 23 дастури таълимӣ-методӣ ва 19 китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ тақризҳо пешниҳод гардид, ки ин нишонаи эътирофи онҳо дар доираҳои илмии ҷумҳурӣ мебошад.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11