ТАХТИ САНГИН ТАЪРИХИ БЕШ 2 ҲАЗОР СОЛА ДОРАД

Шаҳри қадимаи Тахти сангин дар мавзеи якҷошавии дарёҳои Вахш ва Панҷ ки Амударёро ташкил медиҳанд ҷойгир буда, ҳудудаш ба имруза ноҳияи Қубодиён рост меояд. Шаҳри Тахти Сангин дар соҳили муқобили ому бо кишвари Афғонистон ҳамсоягӣ дорад. Ин шаҳри бостони дорои таърихи беш аз 2-ҳазор сола буда, корҳои татқиқоти дар он аз солҳои 70-уми қарни гузашта оғоз гардидааст. Бостоншиносон давоми татқиқоту ҷустуҷӯйҳои зиёд шаклу нақшаҳои қасрҳои иқомати ибодатгоҳ, устохонаҳо ва дигар утоқҳои лозима барои инсон лозимаро муайн намудаанд. Дар бунёду сохтмони ҳар як утоқу ҳуҷраҳои ин шаҳри қадима сохтмончиён маданияти меъморию шаҳрсозиро истифода намудаанд. Бозёфтҳои гаронбаҳои зиёде, ки аз мавзеи Тахти Сангин ёфт шудаанд шаклу сифати худро то ба имрӯз нигоҳ доштаанд. Дар рафти ҷустуҷӯйҳои археологи олимони соҳа барои чӣ хизмат намудани ҳар иншшооти ин мавзеъро муайян кардаанд. Бозёфту Сангҳои калонҳаҷме,ки барои сохтмон ва ороиши он давра истифода гардидаанд собит менамоянд, ки ҳануз зиёда аз 2-ҳазор сол қабл сокинони ин мавзеъ аз санъати меъморию шаҳрсозии онвақта огаҳ буданд: Тахти Сангин ё ин ки маъбади окс ин маъбадест, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Тибқи маълумоти  бостоншиносон Тахти Сангин дар асрҳои 5-3 то мелод сохта шуда ба олиҳаи об таълуқ дорад. Кофтуковҳои археологи аввалин бор дар ин мавзеъ солҳои 1976 оғоз гардидааст. Ҳаҷми маъбад диққатҷалбкунанда мебошад. Он шакли чоркунҷадошта ҳар як қитьаи он 51-метр дарози дорад. Дар бунёди ин маъбад тамаддунҳои гуногнуни он замон дида мешавад. Ҳангоми ҷустуҷӯ аз Тахти Сангин олимон номгӯи зиёди ашёи рӯзгор ва дигар лавозимотҳои ёрирасонро пайдо намудаанд, ки имрӯз қисме аз онҳо дар осорхонаи бостоншиносии шаҳри Душанбе маҳфӯз нигоҳ дошта мешаванд.

Шарипова Савсан

БОЗЁФТХО АЗ ТАХТИ САНГИН.jpg                     НИГОРАХО АЗ ХУДИ ТАХТИ САНГИН.jpg

Нигорахои ёфтшуда аз тахти Сангин.jpg нигорахо аз Т САНГИН.jpg

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11