ТАКМИЛИ УСЛУБҲОИ ТАЪЛИМ - ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Такмили услубҳои таълим ҳамеша дар маркази диққати олимону муаллимон қарор дошт ва дорад. Алҳол ягон услуб ё гурӯҳи услубҳоро нисбат ба дигарҳояшон афзалиятнок ҳисобидан норавост, зеро онҳо фақат дар алоқамандӣ, дар шароити муайян самар оварда метавонанд. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳаматарафаи услубҳо идома дорад. Ва шарту шароити истифодабарии онҳоро тасдиқ накарда чун услуби беҳтарин тавсия додан мумкин нест.

Ҳамон услуб хуб аст, ки корбасти он натиҷаи дилхоҳ оварад ва муҳассилинро ба инкишофи кори мустақилона ва фаъолиятнокии босамар  ноил гардонад. Ана ҳамин далел роҳи такмили минбаъдаи методҳои таълимро равшан месозад.

Асри XXI асри пешрафти беназири таълим ба ҳисоб меравад. Ба фаъолияти фитрии муҳассилин беш аз пеш эътибор меафзояд. Ин талаби замон аст. Танҳо фаъолиятнокии кори фикрӣ лозим аст, то ки шогирдон донишҳоро ҳаматарафаю амиқ азбар намоянд.

Дар раванди таълим ҳамеша  проблема ё  савол донишҷӯро ба ҳайрат меоварад, онро яку якбора фаҳмида наметавонад, чунки дар байни чизҳои медонистагӣ ва намедонистааш зиддият ба вуҷуд омада, ӯро водор месозад, ки фикру андеша ронда, ҷавоби савол ё проблемаро биёбад. Ана  ҳамин чиз асоси услуби нави таълимро ташкил менамояд, ки онро таълими проблемавӣ меноманд.

Масъалаи ҳалталабро проблема  мегӯянд, ки ба калимаи роиҷи «муаммо» ҳамрадиф мебошад.

Методи таълими проблемавӣ ташкили ҳаракату кӯшишҳои самарабахши донишҷуро баҳри фаҳмидану ҳал кардани проблемаи муоинашаванда нишон медиҳад.

Хусусияти муҳими таълими проблемавӣ ба вуҷуд овардани вазъияти проблемавӣ мебошад. Вазъияти проблемавӣ дар асоси далелҳои ҳаётӣ ва воқеаҳои замон ба вуҷуд оварда мешавад.

Мавриди қайд аст, ки таълими проблемавӣ усулҳо ва қоидаҳои амалкунандаи таълимро инкор намекунад, балки ба онҳо такя намуда, дар раванди таълим фаъолона фикр кардани шогирдонро ҷорӣ менамояд. Фикру андеша мазмуни эҷодӣ пайдо мекунад.

Маълум аст, ки мақсад аз ташкили раванди таълим ва истифодаи дурусти услубҳо ба дараҷаи баланд бардоштани самаранокии таълим иборат мебошад. Услуби таълими проблемавӣ ба кори устод чӣ навигарӣ ворид мекунад?

Пеш аз ҳама, устод набояд маводи таълимро ба шогирдон дар шакли тайёр нақл карда диҳад, хулосаҳои тайёрро баён намояд.

Ба устод лозим аст, ки фикри донишҷӯёнро ба маводи таълимӣ ҷалб кунад, то ки онҳо донишҳои гирифтаашонро ба чизҳо ва воқеаҳои мушоҳидакардаи худ муқоиса намуда, дар асоси онҳо баровардани хулосаҳои умумиро ёд гиранд.

Олими соҳаи дидактика М. Скаткин тарзҳои зерин таълими проблемавиро муайян кардааст.

Баёни проблемавии донишҳо.

Устод ба шогирдон ҳеҷ гуна қоидаву қонунро баён накарда, сухангӯён проблема мегузорад. Роҳи ҳалли проблемаро нишон медиҳад. Шогирдон мустақилона ба иҷрои ҳалли проблемаи мазкур шурӯъ менамоянд.

Устод шогирдонро ба проблемагузорӣ ҳидоят менамояд.

Устод  дар мавриди баёни мавзӯъ саволҳо гузошта, шогирдонро ба ҷустуҷӯ ҳидоят месозад. Донишҷӯён дар ин асно худ мустақилона проблемаро баён карда, аз пайи ҳалли он мегарданд.

Таълими барномавӣ.

Ин услуби нисбатан навест, ки ба ташкили кори мустақилонаи муҳассилин асос ёфтааст. Ин услуб барномасозиро оид ба азхудкунии донишҳо дар назар дорад.

Таълими барномавӣ дар шогирд андешаронии мустақилонаро одат мекунонад ва аз рӯи намунаи додашуда донишҷӯ амалҳои пайдарҳами алоқамандро сомон бахшида, донишҳои навро азхуд мекунад.

Таълими барномавӣ вазифа мегузорад, ки маводи таълимӣ ба қисмҳо ҷудо карда шавад. Ҳар як қисм бо роҳу тарзҳои ба нақша даровардашудаи махсус азхуд карда мешавад. Чи тавре, ки қадами дуюмро бе якумаш пеш гузоштан мумкин нест, қисми аввали маводро ҳазм накарда, шогирдон ба қисми дигар намегузаранд.

Ду навъи барномасозӣ дар таълим мавҷуд аст: мунтазам ва бисёршоха (гуногунпаҳлӯ).

Барномасозии мунтазам, ки осонтар мебошад, ду амал – дуруст ва нодурустро назди донишҷӯ мегузорад ва ӯ бояд дурусташро ёбад. Қадам ё амали нодуруст боз ба такрори амал бармегардонад, ки ин қадам, яъне амали такрорӣ дуруст хоҳад шуд.

Барномаи бисёршоха (гуногунпаҳлӯ) аз байни ҷавобҳои бисёр интихоби якеро пешниҳод мекунад. Ҷустуҷӯи ҷавоби дуруст аз байни чанд ҷавоб донишҷӯро водор менамояд, ки маводи таълимиро ҳамаҷониба азхуд кунад, онро гаштаю баргашта фикр карда барояд, бо мисолҳои мушаххас дурустии ҷавобашро исбот карда нишон диҳад.

 

Ҷ.Азизӣ - профессор

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11