Табрикоти раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии  муҳофизати кӯдакон

Боиси сарфарозист, ки зери осмони соф, сулҳи комил дар кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият пайдо намудем, ки дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар рушд намоем, мушкилотҳои иҷтимоию иқтисодиро ҳаллу фасл намуда иду ҷашнвораҳоро дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ баргузор кунем.

Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн ҷашн гирифта мешавад, яке аз ҷашнҳои муҳим мебошад.

Чунки, яке аз самтҳои муҳими сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ намудан ба кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои солиму бардам ба камол расида, соҳиби илму маърифат ва фарҳанги баланд гашта, ворисони сазовори насли калонсол шудани кӯдакон мебошад.

Воқеан ҳам кӯдакону наврасон ояндасозони Ватан мебошанд ва меҳру муҳаббати мо нисбати онҳо бояд зиёд бошад ва баҳри фароҳам овардани шароит барои рушду камолоти босуботи онҳо  кӯшишҳои зиёд ба харҷ диҳем.

Маҳз натиҷаи кӯшишҳои  Роҳбари давлатамон аст, ки дар ҷумҳуриамон ҳуқуқи кӯдак зери ҳимояи давлат буда, барои риояи ҳатмӣ ва бечунучарои «Эъломияи ҳуқуқи кӯдак» дар мамлакат пайваста тадбирҳо амалӣ гардид ва меъёрҳои ин ҳуҷҷат ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи мақомоти маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ қарор дорад.

Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак, ки вазифаи муҳим ва аввалиндараҷаи  ташкилотҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, падару модар ва дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа мебошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки дар такмил ва таҳкими институти байналмилалии ҳимояи ҳуқуқ ва мафиатҳои кӯдак, баланд бардоштани масъулияти падару модар, мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа дар эътироф ва риояи таъмини ҳуқуқҳои фитрии кӯдак саҳифаи комилан нав кушод.

Яъне, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳз барои тарбияи инсон, ба хотири тақвият бахшидан ба сармояи зеҳнии фарзандон ва таъмини рушди захираҳои зеҳнии инсон таҳия шудааст. Рушди тафаккури кӯдакону наврасон, дар ниҳоди онҳо тарбия намудани шахси худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир, дорои қобилияти шинохтани равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯза, дар маркази фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, дар самти амалӣ гаштани он тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Имрӯз эҳсос мекунем, ки ҷаҳони муосир аз мо тарбияи инсони комил, мусаллаҳ бо донишҳои навин ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёдро тақозо менамояд.

Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ, барои таълиму тарбия ва ҳаматарафа ташаккул додани маърифати кӯдакон, дар онҳо тарбия намудани тафаккури эҷодӣ, умуман ба камол расонидани насли ҳамаҷониба тарбияёфта ва соҳиби дониши амиқ тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонида истодааст.

Баргузории чорабиниҳои умумӣ ҷиҳати инкишофи маҳорату малакаи касбӣ бо ғояҳои сулҳдӯстию ватанпарварӣ, адолати иҷтимоӣ, нигоҳдории арзишҳои аз тарафи умум эътирофшуда, риояи ҳуқуқ ва қонунҳо аз қабили чунин тадбирҳо мебошанд.

Имрӯз дар вилоят шумораи умумии кӯдакони синни то 18-сола зиёда аз 1 миллиону 716 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини рушди босуботи кӯдакон, ҳифзи сиҳатӣ, таълиму тарбия, ва дастгирии иҷтимоии кӯдакони ба дастгирии давлат ниёзманд, пайваста тадбирҳои зарури андешида истодааст.

Айни замон дар вилоят 1326 мактаби таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 666249 хонанда ва 128 кӯдакистон бо фарогирии 15987 нафар кӯдакон фаъолият карда истодааст.

Туфайли ғамхориҳои ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайваста амалӣ гардидани тадбирҳои зарурӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола садҳо адад муассисаҳои таълимӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, даҳҳо мактабҳои замонавии муҷаҳҳаз бо воситаҳои муосири таълимӣ бунёд ёфта, зербинои моддию таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯз то рӯз мустаҳкамтар гардида, таъминоти онҳо бо мизу курсӣ, асбобу ашёи таълимӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони техникӣ ҳалли худро ёфта истода, баҳри беҳдошти вазъи таълиму тарбия заминаҳои хуб фароҳам оварда шуда истодаанд.

Эътибори ҷиддӣ додан ба бачагони болаёқат, муҳайё намудани шароити мусоид барои таълиму тарбияи босифати онҳо низ аз масъалаҳои бағоят муҳими рӯз ба ҳисоб меравад, ки дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.

Ба ин мақсад алҳол дар вилоят 46 адад мактабҳои типпи нав, аз ҷумла 25 гимназия ва 21 литсей бо фарогирии 15595 нафар кӯдакони лаёқатманд фаъолият карда истодаанд, ки аксарияти ин муассисаҳо дар таълиму тарбияи ҳаматарафаи кӯдакону наврасон нисбат ба мактабҳои анъанавӣ бартарӣ доштани худро собит кардаанд. Ғамхорӣ намудан ба кӯдакони ятиму бепарастор, дастгирии иҷтимоии кӯдакони маъюб ва оилаҳои камбизоат яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади зери ҳимояи махсуси давлат қарор додани кӯдакони ятим ва оилаҳои ниёзманд, дар вилоят 18 адад муассисаҳои интернатӣ бо фарогирии 3190 нафар кӯдакони ятим, аз ҷумла 72 нафарашон ятимони кул ва оилаҳои ниёзманд фаъолият карда истодаанд. Ташкил намудани фароғат ва истироҳати  кӯдакону наврасон низ аз самтҳое мебошад, ки мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттифоқҳои касаба, ба он диққати махсус медиҳанд.

Бо мақсади ба низом даровардани вақтҳои холии ноболиғон, бахусус дар рӯзҳои таътили тобистона ва зимистонаи мактаббачагон, пешгирӣ намудани оворагардиҳои номатлуб ва ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани онҳо дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфилҳои фаннӣ, ҳунаромӯзӣ ва варзишӣ фаъолият карда истодаанд.

Бо мақсади хубтару беҳтар доир намудани истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар давраи таътили тобистона соли 2015 дар вилоят 1817 майдончаҳои солимгардонӣ, лагеру истироҳатгоҳҳои назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, мактаб-интернатҳо, лагерҳои истироҳатию меҳнатӣ ва осоишгоҳҳои беруназшаҳрӣ фаъолият карданд, ки дар се баст зиёда аз 182196 нафар  кӯдакону наврасонро ба истироҳат фаро гирифтанд.

Имсол Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ба даврае рост омад, ки Ватани азизи мо 25-солагии Истиқлолияти давлатиашро ҷашн мегирад.

Итминон дорам, ки кишварамон туфайли меҳнати софдилона ва содиқонаи халқи азизамон зери партави дастгирии сиёсати имрӯзаи  давлат боз ҳам ободтару зеботар мегардад.

Насли калонсол ва падару модарон мувофиқи имкон ва тавоноии худ дар шукуфоии Тоҷикистони азиз ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ҳисса гузоштаанд. Мову шумо низ вазифадорем, ки пайгири падарон бошем ва дар шукуфоии ин диёр бо дониши хубу аъло ва рафтору ахлоқи намунавии худ саҳм гузорем.

Ман боварӣ дорам, ки фарзандони мо, насли навраси имрӯза тамоми кӯшиши худро барои мусаллаҳ шудан бо донишҳои муосир, андӯхтани маърифату фарҳанги баланд равона намуда, дар таҳкими истиқлолияти комили кишвар, рушду пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз нақши арзанда мегузоранд.

Идатон муборак фарзандони азиз!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11