ТАБРИКОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, МУҲТАРАМ ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ БАХШИДА БА 26-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз мардуми шарафманди вилояти Хатлон дар қатори кулли сокинони Тоҷикистони азизамон, ҷашни бузург ва таърихии миллат, 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намуда истодааст. Соҳибистиқлоли орзуи деринаи аҷдодони гузаштаамон бо ҳукми таърих дар охири асри ХХ амалӣ гардид, яъне баъд аз ҳазор соли шикасти давлати бузурги Сомониён.

Аммо, дар тамоми давраҳои маҳрумият аз давлатдории худ, халқи соҳибтамаддуну фарҳангдӯсти тоҷик, ҳуввияти баланди миллӣ ва рӯҳияи истиқлолхоҳӣ дошт, зеро ғояи истиқлолият дар шуури миллӣ ташаккулу такомул ёфта, мақоми хоса пайдо намуда буд.

Имрӯз халқи Тоҷикистон сиёсати оқилонаю хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати рушди босуръати иктисодиёту иҷтимоиёт ва ободию шукуфоии кишвари азизамон хуш пазируфта, дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати комил, истиқлолияти миллӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти кишварамон бо азму ғайрати бепоён меҳнат карда истодаанд. Бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, ба ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои моҳиятан муҳим, аз ҷумла суръатбахшии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, эҳёи соҳаҳои саноат, энергетика ва сохтмони пулҳо, нақбҳову роҳҳо имкониятҳо пайдо гардиданд.

Ҳадафи асосии ин нақшаҳои бузург гузоштани пойдевори мустаҳкам барои тараққиёти босуръати иқтисодиву ичтимоӣ, беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, меҳнату фароғат ва муҳити мусоиду арзанда барои мардуми азизи кишварамон мебошад.

Дар давоми 26-соли пойдории истиқлолият, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар дар бахшҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон низ пешравию дигаргуниҳои бузург ба амал омада, даҳҳо корхонаҳои нави саноатӣ, иншоотҳои дигари барои иқтисодиёти миллиамон аҳамияти калондошта арзи ҳастӣ намуданд. Дар ин давра пастравии истеҳсолот дар вилоят боздошта шуда, нишондодхои микроиқтисодию истеҳсолӣ рӯ ба афзоиш ниҳод ва сатҳи зиндагии аҳолии вилоят беҳтар гардид.

Тоҷикистон кишваре мебошад, ки халқи ватандӯст, тамаддуни куҳан, мероси фарҳангии бой, нерӯи тавонои ақлонӣ, захираву сарватҳои бузурги табиӣ дорад. Бо шарофати истиқлолият дар давоми 26-сол мардуми шарифи кишвар ба дастовардҳои беназири сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Дар баробари ин барои ҳар як фарди ҷумҳурӣ, аз он ҷумла вилоятамон иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ, маърифати баланду огоҳии сиёсӣ, худшиносиву эҳсоси ватандорӣ имрӯз аз ҳарвақта дида, бештар зарур ва муҳим мебошад.

Фарҳангу маърифати баланди сиёсӣ, ватандӯстиву ватандорӣ яке аз рукнҳои асосии ташаккули давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ буда, ҳар як ватандӯстро водор месозад, ки ифтихор аз Ватан, миллат, таъриху мероси фарҳангӣ дошта бошад ва ба арзишҳои умумибашарӣ, дастовардҳои фарҳангии халқу миллатҳои дигар, пешрафти илму техникаи муосир эҳтиром гузошта, аз онҳо баҳра бардорад ва ба манфиату пешрафти Тоикистон равона созад.

Насли наврас ва ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоем. Онҳо бояд шахсони бомаърифат, эҷодкор, номбардори миллат ва давлати соҳибистиқлоли  Тоҷикистон гарданд. Тоҷикистонро  ҳамчун модари азизи худ дӯст доранд, аз он ифтихор кунанд ва ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Зеро ҳаёт ва таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар он ҷое, ки ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ арзи вуҷуд дорад, тараққиёт, пешравӣ ва маданияти баланду рӯзгори осуда мавҷуд мебошад.

Имрӯз мо шукронаи онро мекунем, ки дар мамлакатамон марҳилаи созандагию бунёдкорӣ ва эҳёи иқтисодии кишвар, таҳкими истиқлолияту амнияти иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии он қуввату инкишоф ёфта истодааст. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои дар кишвар пойдор гардидани сулҳу субот, дӯстию рафоқат ҳамдилӣ ва ваҳдати миллӣ заҳматҳои зиёд кашидаю бо қатъият талош меварзанд.

Мо бояд шукри даврон карда, ба қадри заҳматҳои дар роҳи таҳкими сулҳу ваҳдат, беҳбудии рӯзгор ба харҷдодаи Роҳбари давлат бирасем, дар атрофи ӯ бештару зичтар муттаҳид гардида, баҳри ҷомаи амал пӯшонидан ба мақсад ва ниятҳои неку наҷиби ин фарзанди арзандаи миллат нерӯ, ғайрат ва ҳиммати хешро дареғ надорем.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба ормонҳои миллиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҷашни бузурги миллатро бароятон муборакбод гуфта, итминон дорам, ки мардуми тамаддунофари мо таҳти сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба дастовардҳои бузург, рушду нумӯъ, шукуфоӣ ва дигаргуниҳои азим ноил гардидан минбаъд низ меҳнати пурсамару аҳлонаро ба роҳ мемонанд.

Ҷашни бузурги таърихии миллат муборак,  ҳамдиёрони азиз!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11