ТАБРИКОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, МУҲТАРАМ ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки миллати тоҷик баъд аз заволи давлати Сомониён боз соҳибистиқлол ва соҳибдавлат гардида, муқаддасоти миллии худро соҳиб гардид.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърих ва сунати кадима дошта, аҷдоди мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст, ки ба хотираи ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо намудаанд.

Мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро, ки моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллӣ - давлати тоҷикон таҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон – Парчам ва Нишон қабул карда шуданд бо ифтихор ба хотир меорем, ки он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо Фармони худ аз 20 ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон доштанд. Ба хотири мақому манзалати Парчам Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт ва дар дуюмин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид ва рӯзи 30 августи соли 2011 дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон дар пояи 165 метр, ки баландтарин дар ҷахон буд, парафшон гардид, ки таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон мебошад.

Парчами давлатӣ нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва хидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳони парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад. Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромонона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буд, ки қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад. Ин аст, ки рамзҳои давлатии мо тариқи заминаи устувори ҳуқуқӣ ҳифз карда мешаванд.

Моро зарур аст, ки дар ҳамаи маврид шароит муҳайё намоем, ки Парчами миллӣ рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад. Зеро тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ҳамеша дар ҳама ҷо дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд».

Аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдатамон, арҷ гузоштан ба парчаму парчамдории миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро бохабар созем ва онро ба унсури устувори фарҳанги ҷомеаамон табдил диҳем. Агар мо имрӯз тавонем, ки ин рисолати миллиамонро иҷро намоем, фардо он бузургтарин сабақе хоҳад буд, ҷиҳати пос доштани муқаддасоти миллӣ ва рушду такомули сулҳу ваҳдат.

Бо ҳамин ниятҳои нек Рӯзи Парчами миллиро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, дар ин рӯзи таърихӣ ба мардуми вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ хуррамиву осоиши рӯзгор, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозиро орзу менамоям.

Бигузор, Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини вилояту ҷумҳуриамон меҳри Ватанро афзунтар созад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.

Бигузор Парчами давлатии мо, ки нишонаи нангу номус ва иқболи баланди мост, доимо бо ҷавлони пурғурури худ, ифтихору ғурури ватандории моро ҳам болотар барад.

Ҷовидону парафшон бод, парчами давлатӣ чун сари баланду нерӯи тавонои миллати сарбаланди тоҷик!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11