ТАБРИКОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ БАХШИДА БА 25-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Гузашти 25-сол аз он рӯзи таърихие, ки чархи шикасти миллатро боз дошта, ҳалқаи наҷотро дар шароити маргбор насиби миллати мо гардонд, моро бори дигар ҳушдор месозад, ки дар ҳифзи соҳибдавлатӣ ҳушёру масъулиятшинос бошем. Зеро арсаи муносибатҳои ҷаҳонӣ арсаи мубориза ва талошҳои руйиросту пинҳонӣ барои ҳифз ва ба даст овардани манфиатҳо буда, дар ин ҷода оне метавонад ғолиб бошад, ки қоидаҳои ин бозиҳои бузургро риоя намояд.

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон руйдоди таърихии тақдирсозест, ки дар таърихи давлатдории навини мо мақом ва ҷойгоҳи махсуси худро дошта, оғози марҳилаи нави ташаккули муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ гардид. Дар чунин як шароити ҳассосу пуртаҳлукаи сиёсӣ қабул намудани қарори хирадмандона, ба даст овардани созиш, новобаста аз гуногунии ақидаҳо ва мавқеъҳо, авфи гуноҳ, даъват ба бародарию баробарӣ, сулҳу созиш, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, талош барои нигаҳдории якпорчагии давлату сарҷамъии миллат - ин ҳама нишонаҳои асосии эҳёи хиради азалӣ ва ташаккулёбии фарҳанги нави сиёсӣ дар ҷомеа буд.

Рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, маҳз дар ҳамин иҷлосия дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон тасдиқи худро ёфтанд. Тасдиқ шудани рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ дар шароити бениҳоят мушкили сиёсӣ бори дигар собит сохт, ки Ҳукумати тозаинтихоб бо сардории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ муносибати ҷиддӣ, қатъӣ ва собитқадамона дошт ва дар арсаи байналмилалӣ бо Парчами худ ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ муаррифӣ гардид.

Илм ва таҷрибаи таърихӣ борҳо собит намудааст, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи ниҳоди сарварӣ қодир аст, ки дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад. Аҳамияти таърихии фаъолияти ин ниҳодро имрӯз мо метавонем дар мисоли мактаби сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос намоем. Баргардонидани гурезаҳо яке аз омилҳои муҳими таъминкунандаи ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик маҳсуб меёфт. Маҳз аз ҳамин сабаб Раиси Шӯрои Олии мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буд, ки «… то як тоҷик берун аз ватан қарор дорад, ман худамро ором ҳис карда наметавонам» ва ин бори дигар собит месохт, ки тоҷик дигар бедавлату бесоҳиб нест ва фақат худи ӯ қодир аст ватанашро обод намояд.

Аҳамияти таърихии ин Иҷлосия бо гуфтаҳои боло маҳдуд нашуда, бо гузашти давраҳои муайяни таърихӣ аҳамияти он боз дучанд меафзояд, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия шахсияти таърихие ворисии миллатро ба дӯш гирифт, ки имрӯз тамоми миллат ӯро ҳамчун Пешвои худ эътироф намудааст. Дар ин замина таҷлили Рӯзи Президент, ҳамчун иди умумиллӣ бесабаб набуда, натиҷа ва нишонаи эътирофи умумихалқии ин шахсияти бузурги таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин рӯз рамзи эҳтиром гузоштан ба меҳнату талош ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ сафинаи давлатдориро бе осеб пеш бурда истодааст.

Арҷ гузоштан ба таърих ва хизматҳои шоистаи фарзандони фарзонаи миллат василаи бо эътимоди тарбияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ буда, насли ҷавонро барои шинохти арзишҳои муҳими давлатдорӣ роҳнамоӣ намуда метавонад.

Дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, мустаҳкам шудани мавқеи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ натиҷаи татбиқи сиёсати дурандешонае мебошад, ки Пешвои муаззами миллат тайи ин солҳо амалӣ намуд.

Вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои аз ҳама ҷиҳат зарардида дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, имрӯз маҳз тавассути ҳамин сиёсат ба як минтақаи пешрафтаи кишвар мубаддал гашта, дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нишонаи гуёи нусрат ва баракати сулҳу салоҳ мебошад. Дар як давраи кутоҳи таърихӣ дар вилоят садҳо муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки баҳри таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатнок аҳамияти махсус доранд. Дар ин замина ҳазорҳо нафар ҷавонони мо муассисаҳои таҳсилотии кишвар ва хориҷро хатм намуда, дар рушду инкишофи вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошта истодаанд.

Дар шароити кунунии рушди равандҳои ҷаҳонишавӣ таҳкими пояҳои давлатдорӣ муҳим буда, аз ҳар як нафар фарди ватандор ифтихору ғурури баланди миллиро талаб менамояд. Бинобар ин, бояд аз таҷрибаи талхи гузашта сабақ гирифта, ояндаро бунёд намоем. Нагузорем, ки дигар қувваи аҳримание ваҳдату ягонагии моро халалдор созад. Бо ин мақсад дар атрофи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида муттаҳидтар бошему, истиқлолу якпорчагии Ватани азизамонро ҳифз намоем.

Хотираи ҳамаи онҳоеро, ки ҷони худро баҳри саодати имрӯзи мо қурбон кардаанд, пос дошта, ба хотири оромии рӯҳи онҳо суботи ҷомеаро нигаҳбон бошем.

Созандагию бунёдкориро мақсади зиндагии худ қарор дода, баҳри пешрафти кишвар ва беҳбуди зиндагии мардум саҳмгузор бошем.

Танҳо дар ин сурат мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки рисолати ватандориро иҷро намудем.

Дар ин роҳи пуршараф ба ҳар яки Шумо муваффақияту барор ва саодату сарбаландӣ таманно дорам.

Ҷашни 25 - солагии Иҷлосияи таърихии XVI –уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Саломату хонаобод бошед!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11