СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ ДАР НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Рӯзноманигорони муҳтарам,

Ҳозирини гиромӣ,

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки корхонаю муассисаҳои вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамо, барномаҳои тасдиқшуда тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодаанд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда дар вилоят шароит муҳайё гардид, ки нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят  бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст карда шаванд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои иловагӣ иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи аввали соли 2017-ум 101,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 444 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 6,2 миллион сомонӣ ва ҳамин давраи соли 2016-ум 28,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи сипаришуда оид ба маблағгузории ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, тибқи ҳисоботҳо ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 671 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаҳои маориф 381 миллион сомонӣ, тандурустӣ 169 миллион сомонӣ, фарҳанг 23 миллион хоҷагии манзилию коммуналӣ 12 миллион сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 3,5 миллион сомонӣ ва сохтмон 18,6 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона карда шуданд.

Дар вилоят бо мақсади сари вақт пардохт намудани маблағи нафақапулиҳо аз ҳисоби воридоти маблағи андози иҷтимоии худӣ ва кӯмакҳои молиявӣ 368 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Дар вилоят барои ба шуғл фаро гирифтани захираҳои меҳнатӣ тадбирҳо андешида шуда, дар давраи сипаришудаи сол иҷрои Барнома 30,4 фоиз таъмин карда шуда, 15,7 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда таъсис дода шуд.

Инчунин дар ин давра 190 ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 3,8 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2017 аз тарафи бонкҳои вилоят 455,2 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ҷудо карда шуд, ки аз он 35 фоиз (160 млн сомонӣ) ба соҳаҳои кишоварзӣ, 44 фоиз (202 млн сомонӣ) ба соҳаи саноату сохтмон ва 21 фоиз (93 млн сомонӣ) ба соҳаи савдо ва хизматрасонӣ рост омода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 37 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ, гардиши савдои чакана 2,2 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ бо нархҳои ҳақиқӣ ба 831 миллион сомонӣ расид, ки мутаносибан 115,8 ва 107,8 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Гардиши савдои хориҷӣ дар ин давра ба 97,8 миллион доллари америкоӣ расид, ки аз он 50,8 миллион доллар содирот ва 47,2 миллион доллар воридоти молу маҳсулотро ташкил дода, тарози  савдои хориҷӣ мусбӣ арзёбӣ мегардад.

Аз рӯи маълумотҳои оморӣ аз вилоят 63,6 ҳазор тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шуд

Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 3 миллиарду 195 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6 фоиз зиёд буда, аз ин 71 фоиз ба бахши растанипарварӣ ва 29 фоиз ба бахши чорводорӣ рост омада, ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар маҷмуи маҳсулоти умумии кишоварзӣ 50 фоизро ташкил медиҳад.

Имсол кишоварзон дар майдони 413,9 ҳазор гектар ҳамагӣ кишти зироатҳо гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 1,5 ҳазор гектар зиёд мебошад. Дар баробари ин истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 461 ҳазор тонна, картошка 101 ҳазор тонна, сабзавот 438 ҳазор тонна, полезӣ 164 ҳазор тонна ва мева 30 ҳазор тонна, ангур 1,4 ҳазор тонна расонида шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016, бо истиснои истеҳсоли картошка, хеле зиёд мебошад.

Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 320,1 ҳазор тонна ҳосили ғалладонагиҳо ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 15 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар ин давра истеҳсоли сабзавот ба 302,6 ҳазор тонна расид, ки афзоиши он нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21 фоизро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли полезӣ ба 136,5 ҳазор тонна расид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12,4 ҳазор тонна зиёд аст.

Истеҳсоли мева ба 19,2 ҳазор тонна расида, афзоиши он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоизро ташкил дод.

То ин давра аз 90,4 ҳазор гектари кишти такрории банақшагирифташуда дар майдони 86,4 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки 96 фоизи дурнаморо ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2720 гектар зиёд мебошад.

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калони шохдор, аз ҷумла модагов, гӯсфанду буз, асп, парранда ва оилаи занбӯри асал  нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 хеле афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра, дар ҳамаи бахшҳо 29,9 ҳазор тонна гӯшт, 134,9 ҳазор тонна шир, 28,3 миллион дона тухм, 2710 тонна пашм, 341 тонна моҳӣ ва 256 тонна асал истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Маркази татбиқи васеи лоиҳаи “Обёрии заминҳои Данғара” дар марҳилаи якум 2500 гектар (соли 2006), марҳилаи дуюм 1750 гектар заминҳои нав азхуд карда шуда, марҳилаи сеюм дар майдони 1750 гектар ба нақша гирифта шуда, дар мавзеъи Қарадуми ноҳияи Ҷайҳун аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ Иттиҳодияи Аграрии “Водии Заррин” 4065 гектар заминҳои партов ва чарогоҳ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Бо ин мақсад дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Данғара низ аз тарафи ҶСП “Чжунтай Хатлон Син Силу” корҳои муайян иҷро гардида, тибқи маълумотҳо дар ноҳияи Дӯстӣ то ин давра 1542 гектар кишти пахта ва дар ноҳияи Данғара бошад, 1583 гектар пахта ва 150 гектар гандум кишт карда шуд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои хизмати обрасонӣ 460,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ҳолати 417 гектар заминҳо беҳтар гардонида шудааст. Инчунин аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҳолати мелиоративии 1123 гектар замин, ба маблағи 366 ҳазор сомонӣ беҳ гардонида шудааст.

Дар ин давра корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 2,6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, ҳаҷми истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта 615 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ 30 фоиз ва муқоисавӣ 18 фоиз таъмин гардид.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли намудҳои маҳсулот, ҳиссаи саноати коркард 42,4 фоиз, саноати истихроҷи маъдан 3,9 фоиз, истеҳсоли неруи барқ 47,5 фоиз, тақсимоти нерӯи барқ, газ ва дигар хизматрасонӣ 6,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра асосан истеҳсоли маводи хӯрока, нӯшокиҳо дар сатҳи 7,5 фоиз, истеҳсоли нассоҷӣ 2,6 баробар, дӯзандагӣ -16,3 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва дигар маснуоти чӯбин 16,4 фоиз, маводи кимиёвӣ -35,0 фоиз, маснуоти резинӣ ва полиэтиленӣ 18 маротиба, маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 56,0 фоиз, таҷҳизоти барқӣ 3 баробар, мебелбарорӣ 7,0 фоиз, истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқ ва маҳсулоти нафтӣ 30,8 фоиз ва ғайра замина фароҳам овардаанд.

Айни замон танҳо дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сохтмони 11 иншооти саноатӣ идома дошта, тибқи нақша баъзе аз онҳо то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Дар давраи сипаришудаи сол ҳаҷми боркашонӣ ба 10257 ҳазор тонна (101,3 фоиз) ва мусофиркашонӣ ба 40376 ҳазор нафар (135 фоиз) баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидааст.

Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 1064 километр роҳҳо таъмири асосӣ ва ҷорӣ, 273 км сангфарш, 32 адад пул ба маблағи 12,5 миллион сомонӣ гузаронида шуд.

Аз ҷумла аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ дар вилоят ба маблағи 4,7 миллион сомонӣ дар масофаи 13 километр таъмири роҳҳо, 43 км таъмири ҷорӣ, 273 км сангфаршкунӣ ва 32 пул ба анҷом расонида шуд.

Дар соҳаи комплекси сохтмони вилоят дар давраи сипаригардидаи сол 2017 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 415,8 миллион сомонӣ маблағгузориҳо азхуд карда шудаанд.

Дар ин давра, ба маблағи 343 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, 134 адад иншоотҳо ва 847 адад хонаҳои шахсӣ дар масоҳати 94,5 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шуд.

Дар соҳаи маориф дар 24 мактаб барои 4927 ҷойи нишаст, дар соҳаи тандурустӣ 6 адад бунгоҳҳои тиббӣ барои қабули 104 нафар беморон дар як баст ва як қатор иншоотҳои варзишӣ муассисаҳои томактабӣ, фарҳангӣ, биноҳои маъмурӣ ва биноҳои истиқоматии баландошёна ва 57 адад иншоотҳои тиҷоратӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар давраи сипаригардида аз ҷониби корхонаҳои давлатии фаръии Хоҷагии манзилию коммуналӣ ба маблағи 11,8 миллион сомонӣ корҳои хизматрасонӣ, тозагӣ, санитарӣ, ободонию кабудизоркунӣ ба анҷом расонида шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят диққати асосии худро ба рушди соҳаи маориф равона намуда, ҷиҳати мустаҳкам гардидани заминаи модди техникии соҳа ва муҳайё намудани шароити мусоид барои таҳсили хонандагон мунтазам чораҷӯи менамояд.

Бояд қайд намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” тасдиқ гардида, тибқи қарори мазкур дар давраи амалишавии Барнома бояд аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 566 муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шаванд.

Дар 135 муассисаи томактабии вилоят 15167 нафар ва дар 758 марказҳои инкишофи кӯдак бо фарогирии 18099 нафар кӯдакон фаъолият доранд, ки дар маҷмӯъ 33266 нафарро ташкил медиҳанд.

Хонандагони таҳсилоти умумии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соли 2017 бо гирифтани 105 ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 18 медали тилло, 30 медали нуқра ва 57 медали биринҷӣ сазовор гардидаанд.

Дар вилоят барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва устувор намудани заминаҳои моддию техникии иншоотҳои тандурустӣ тадбирҳо андешида шуда, дар 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ш. Шоҳин, Дӯстӣ, Ҳамадонӣ, А. Ҷомӣ, Қубодиён ва Ёвон таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ ворид карда шуд.

Сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ баланд гардида, нишондиҳандаҳо дар самти саломатии модару кӯдак, паст намудани шиддати бемориҳои сироятӣ беҳтар гирдидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят диққати худро ба рушди соҳаи фарҳанг равона намуда, дар солҳои охир дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят иншоотҳои гуногуни фарҳангӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар давраи сипаригардида, аҳли фарҳангӣ вилоят вобаста ба омодагӣ ба ҷашну идҳои таърихӣ, аз ҷумла рӯзҳои “Артиши миллӣ”, Наврӯзи аҷам, Ваҳдати миллӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабиниҳои фарҳангӣ фароғатӣ доир намуданд.

Дар васоити ахбори омма 69 хабару мақолаҳои таҳлилию танқидӣ пахш ва нашр гардида, ба 47-тои онҳо вокунишҳо ирсол гардида, 22 адад дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.

Дар ин давра, дар вилоят 56 мусобиқаҳои вилоятӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш доир карда шуд, ки дар он 4,5 ҳазор варзишгарон ширкат варзиданд. Варзишгарони вилоят дар 40 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 1114 медал гардиданд.

Дар вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ҳангоми вохӯрӣ бо варзишгарон 4 маҷмааи варзишӣ, 63 толор, як маркази табобатӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 5 варзишгоҳ ва 572 майдончаҳои варзишӣ ба маблағи 280 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода, дар 56 адад иншоотҳои варзишӣ корҳо ба маблағи 26 миллион сомонӣ идома доранд.

Дар раванди татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат вобаста ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд. Шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дар 6 моҳи соли 2017 5516 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 316 нафар зиёд мебошад.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби ноболиғон 65 ҳуқуқвайронкунӣ ва ба ҷиноят даст задани ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 54 ҳолат кам мебошад.

Имсол ба қабули Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 10 сол пур мешавад ва вобаста ба ин чорабиниҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд.

Дар ин давра 22162 ҷашну маъракаҳо доир гардиданд, ки маблағи хароҷот 67,6 миллион сомониро ташкил дода, ба сари ҳар як чорабинӣ ба ҳисоби миёна 3051 сомонӣ рост меояд. Аз ҷумла дар ин давра 2874 хатнасури хайриявӣ, 203 ҷуфт тӯйи домодию арусии хайриявӣ доир карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ҷиҳати таъмини волоияти қонун тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 3556 ҳолатҳои ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 41 ҷиноят зиёд буда, кушодашавии ҷиноятҳо 84,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳозирини гиромӣ,

Дар маҷмӯъ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар давраи ҳисоботӣ мусбӣ арзёбӣ намуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар оянда низ барои густариши дастовардҳо чораҳои иловагӣ хоҳад андешид.

 

Ташаккур ба диққататон!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11