СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ГУЛМАҲМАДЗОДА Д.Қ. ДАР НИШАСТИ МАТБУОТИ СОЛИ 2016

Муҳтарам рӯзноманигорон,

Ҳозирини гиромӣ !

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи кормандони васоити ахбори оммаи вилоят барои иштироки фаъолонаашон дар инъикоси сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар рушду нумуъ ва тарақиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят бахусус дар инъикоси муҳимияти баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, аз ҷумла ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо як шукуҳу шоҳомати хоса бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят баргузор гардид, арзи сипосу минатдории хешро баён менамоям.

Бояд қайд намуд, ки ҳар як сафари кории Президенти мамлакат ба вилояти Хатлон боиси сарфарозӣ ва рӯҳбаландии мардуми вилоят гардида, маслиҳату ҳидоят ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар пешрафти рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ нақши арзанда мебозад.

Ба истифода супоридани корхонаҳои азим, биною иншоотҳои гуногуни соҳаҳо ва вохӯриҳои  Пешвои миллат бо фаъолони вилоят, шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида, ба меҳнаткашону сокинони вилоят руҳу илҳоми тоза бахшида, ҷиҳати боз ҳам пурсамар меҳнат намудан, огоҳи ёфтан аз таъриху тамаддуни хеш, ватандӯсту хештаншинос будан ва чун гаҳвараки чашм нигоҳ ва дӯст доштани ин миллати куҳантамаддуну сарзамини хеш шаҳодати он буда, бо таъсис ёфтани корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ ҳазорҳо нафар қувваи қобили меҳнатӣ, аз ҷумла ҷавононе, ки аз хориҷи кишвар баргаштаанд, бо ҷойи кор таъмин гардида, дар ниҳояти кор ба ғанигардонии қисми даромади буҷети маҳаллӣ мусоидат менамояд.

Боварии комил дорам, ки тамоми фаъолон, меҳнаткашон, аз ҷумла кормандони васоити ахбори оммаи вилоят аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси ҷамъбасти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016-ум, инчунин зимни сафарҳои кориашон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дода буданд, тадбирҳои зурурӣ андешида, соли 2017-ро низ ба мувафақиятҳои назаррас ҷамъбаст хоҳанд кард.

Соли 2016-ро тамоми фаъолон ва меҳнаткашони вилоят чун соли бобарор, рушдёбандаи ҳаётан сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷамъбаст намуда, ҳамаи ин баракату дастовардҳо аз ҳидояту дастурҳои Пешвои миллат мебошад, ки ба мо муясар гардида истодааст.

Дар давоми сол мо фаъолон ва заҳматкашони вилояти Хатлон натанҳо тавонистем чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангиро бо сарбаланди пешвоз ва истиқбол гирем, балки бо дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, сазовори Шоҳҷоиза ва Шаҳодатномаи вилояти Беҳтарин дар ҷумҳурӣ ноил гардидем.

Инчунин боиси ифтихор аст, ки баъди баргузории иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон озмуни беҳтаринҳои соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳои онҳо бо тӯҳфаҳои хотиравии арзанда ва кумакпулиҳо қадрдонӣ гардонида шуданд.

Дар қатори 76 нафар пешқадамони истеҳсолии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 14 нафар кормандони васоити ахбори оммаи вилоят ва ҷумҳурӣ бо туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят сарфароз гардиданд, ки минбаъд низ хизматҳои Шумо кормандони соҳа қадрдонӣ карда мешавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бояд қайд намуд, ки тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар соли 2016 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақавӣ, нисбати ҳамин давраи соли 2015-ум 6,6 фоиз афзоиш ёфта, 53 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 60 фоизи истеҳсоли ғалладонагиҳо, 55 фоизи сабзавот, 67 фоизи пахта, 78 фоизи полезиҳо, 55 фоизи гушт, 65 фоизи пашм, 77 фоизи моҳӣ ва 33 фоизи ҳаҷми маҳсулотҳои саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсол-шаванда ба вилояти Хатлон рост омада, ин нишондод сол ба сол тамоили афзоиш дорад.

Дар натиҷаи андешидани як қатор тадбирҳо ба буҷети вилоят 802,0 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки дар муқоиса ба соли 2015-ум 54 миллион сомонӣ ва нисбати нақшаи тасдиқшуда 17,4  миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз рӯи ҳисоботҳо шумораи соҳибкорон дар вилоят 30031 нафарро ташкил дода, аз ҳисоби онҳо дар соли 2016 ба буҷети маҳаллӣ 69 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.

Дар соли 2016 барои таъмин намудани талаботи ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 1 миллиарду 300,5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона карда шуданд. Аз ҳаҷми умумии маблағҳои қисми хароҷот 1 миллиарду 67 миллион сомонӣ ё 82,1 фоиз ба соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона карда шудаанд.

Шумораи нафақахӯрон дар вилоят 222 ҳазору 244 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо то давраи бозҳисобӣ 220 сомониро ташкил медод. Аз моҳи августи соли 2016 нафақаи зиёда аз 196,9 ҳазор нафақахӯрони вилоят мавриди бозҳисобӣ қарор дода шуд. Ҳаҷми маблағи аз ин ҳисоб зиёдгардида дар як моҳ 9,1 миллион сомонӣ ё ба ҳисоби миёна 21,2 фоиз зиёд гардида, ҳисоби миёнаи маблағи нафақапулии нафақахӯрон ба 262 сомонӣ баробар гардид. То ин давра маблағи нафақапулиҳои нафақахурон бо пуррагӣ пардохт карда шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 49,1 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд, ки 100 фоизи иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад. Аз ҷумла 284 ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 2913 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Гардиши савдои мол ба 3,9 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 1,6 миллиард сомонӣ расида, афзоиш нисбати соли 2015-ум мутаносибан 548 ва 18 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра дар вилоят 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи он 424,5 миллион доллари америкоӣ ташкил медиҳад.

Илова бар ин дар соҳаҳои иқтисодии шаҳру ноҳияҳо дар ҳаҷми 12,6 миллиард сомонӣ сармоягузории хориҷӣ, ки 11,8 миллиард сомонии онро сармояи мустақим ташкил дода, амалӣ гардида истодааст. Танҳо дар соли 2016 аз ин ҳисоб ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардид.

Дар соли 2016-ум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 11 миллиарду 729 миллион сомониро ташкил дода, нисбати соли 2015-ум 536,0 миллион сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 4,8 фоизро ташкил дод.

Дар соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 870,3 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 193,1 ҳазор тонна пахта, 245,4 ҳазор тонна картошка, 954,4 ҳазор тонна сабзавот, 463,2 ҳазор тонна полезӣ, 158,9 ҳазор тонна меваҷот, 100 ҳазор тонна ангур, 125,7 ҳазор тонна гӯшт, 447,1 ҳазор тонна шир, 69,3 миллион дона тухм, 4,9 ҳазор тонна пашм, 381,4 тонна пилла, 1527 тонна моҳӣ ва 960,0 тонна асал истеҳсол гардид, ки нисбати соли 2015-ум афзоиш мутаносибан аз 2 то 8 фоизро ташкил медиҳад.

Пахтакорӣ яке аз соҳаи муҳими кишоварзӣ ба шумор рафта, соли ҷорӣ кишоварзони вилоят дар майдони 115535 гектар кишти пахта гузаронида, 219,3 ҳазор тонна ҳосили пахта истеҳсол карданд, ки баробари 88 фоизи иҷроиши дурнамо буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28,7 ҳазор тонна зиёд мебошад ва ба корхонаҳои коркарди пахта 193,1 ҳазор тонна супорида шуда, масъалаи мазкур таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Дар вилоят саршумори чорво сол то сол зиёд гардида, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ чорвои калони шохдор ба 943,6 ҳазор сар, моли майда 2 миллиону 209,5 ҳазор сар, асп 56,8 ҳазор сар, парранда 1,8 миллион сар ва занбури асал ба 59,0 ҳазор оила, аз ҷумла дар бахши  ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад чорвои калони шохдор ба 83,8 ҳазор сар, моли майда 494,5 ҳазор сар, асп 15,5 ҳазор сар, парранда 244,3 ҳазор сар ва занбури асал ба 11,5 ҳазор оила расонида шуд.

Нисбати соли 2015 афзоиш дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла чорвои калони шохдор 44943 сар, моли майда 114328 сар, парранда 72541 сар, асп 332 сар ва оилаи занбӯр 1077 оила зиёд мебошад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 21258 гектар майдонҳои заминҳои боир мавҷуд мебошад, ки аз он 19676 гектараш заминҳои боири обӣ буда, то соли 2016-ум 1803 гектари он ба гардиши кишоварзӣ дароварда шудааст, ки корҳо бояд дар ин самт идома дода шавад. Илова бар ин то ин давра дар майдони 2923 гектар заминҳои партов кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбати соли 2015-ум 946 гектар зиёд мебошад.

Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо мунтазам маблағҳои буҷетӣ ҷудо гардида, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ масоҳати 1725 гектар, дар маҷмӯъ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳо 6,4 миллион сомонӣ маблағ масраф шуда, ҳолати мелиоративии 4722,1 гектар заминҳо беҳтар карда шуд.

Аз ҳисоби заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва боир 23,4 ҳазор гектар барои кишти зироатҳо ба Иттиҳоди Аграрии “Водии Заррин” ва Ширкати муштараки Тоҷикистону Хитой “Хатлон-Ҷунтай Син - Силу” тариқи шартномаҳо ҷудо гардида, аз ҷониби онҳо дар майдони 6439 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, 28,1 километр заҳбуру заҳкашҳоро тоза кардаанд ва барои бо оби полезӣ таъмин шудан 22 адад дастгоҳҳои обкашӣ васл ва насб карда шуданд.

Бо дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат ба хоҷагиҳои кишоварзии вилоят аз соли 2008 то ин ҷониб 884 адад тракторҳои гуногунтамға, 1320 адад таҷҳизотҳо ва 15 адад комбайнҳои ғалладарав тавассути иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ворид гардида, шумораи марказҳои хизматрасонии техникӣ ба 16 адад расонида шуд. Тавассути Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” ба ноҳияҳои Ш. Шоҳин, Муъминобод, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг ҳамагӣ 211 адад тракторҳои гуногунтамға ва 1000 адад таҷҳизотҳо ворид гардид.

Инчунин дар ин давра 5 адад комбайнҳои ғалладарави тамғаи “Нива-эффект” ба ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Фархор ва Темурмалик дастрас карда шуда, тибқи лоиҳаи «Беҳдошти сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» 62 адад тракторҳои МТЗ ва 424 адад мошинолотҳои кишоварзӣ ба ноҳияҳои Ш. Шоҳин ва Муъминобод тақсим гардида, ба пешрафти соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуда истодааст.

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар вилоят идома дошта, зиёда аз 7,1 ҳазор метр бо арзиши 5,2 млн сомонӣ саддҳои муҳофизатӣ барқарор ва 122 км шабакаҳои обрасонӣ, 89,3 км заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуда, 93 адад иншоотҳои гидротехникӣ, 86 адад таъмири нуқтаҳои обченкунӣ ва 173 адад дастгоҳҳои обкашӣ аз таъмир бароварда шуданд.

Рӯзноманигорони арҷманд,

Дар соли 2016 иҷрои дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 163,6 фоиз таъмин гардида, аз ҳудуди вилоят 91 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбати соли 2015-ум 9537 тонна зиёд буда, дар ин ҷодда саҳми беандозаи ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбандро қайд кардан бо маврид аст.

Гардиши савдои хориҷӣ дар вилоят сол то сол беҳтар гардида, дар соли ҷорӣ ин нишондиҳанда 310,8 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Нисбати соли 2015-ум ҳаҷми гардиши содироти молу маҳсулот ба хориҷӣ  кишвар  ҳиссаи содироти маҳсулотҳои табии - 3,0 тонна, пилла - 16,2 тонна, калобаи ресандагӣ - 268,7 тонна, намак - 2111,7 тонна, тухми парранда - 108,0 ҳазор дона, кунчаки оҳанӣ - 324,0 тонна, қувваи барқ – 143,7 миллион квт соат, дигар маҳсулотҳо - 3529,0 тонна ва маҳсулоти кишоварзӣ бошад - 1890,2 тонна зиёд гардидааст.

Ҳамзамон боиси қайд аст, ки бо ба истифода додани корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент», “Ҷунтаи Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон содироти сементи маҳаллӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон афзоиш ёфта, дар ин давра 202 ҳазору 441 тонна семент содирот карда шуда, ба коҳишёбии воридоти он мусоидат намуд. Дар ин давра, ҳамагӣ ба вилоят 35 тонна семент ворид шудааст, ки нисбати соли 2015-ум  6342,5 тонна кам мебошад.

Дар вилоят барои боз ҳам зиёд намудани иқтидори содиротӣ ва коҳиш додани молу маҳсулотҳои воридотивазкунанда имкониятҳои бисёре мавҷуд аст, ки дар ин давра ба вилоят воридотӣ 62,7 ҳазор тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 5730 тонна биринҷ, 6502,3 тонна гушт коҳиш ёфтааст.

Яке аз сарчашмаҳои содироти маҳсулотҳои саноатӣ ба хориҷи кишвар ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ бояд бошанд. Дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 26 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 24 ададаш фаъол буда, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ 1,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби корхонаҳои истеҳсолии минтақаи номбурда, дар соли сипаригардида ба маблағи 16,1 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуда, пардохти андозҳо 5,2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки беш аз 1750 нафар сокинони вилоят ба ҷойи корӣ таъмин шудаанд.

Дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 15 субъект ба қайд гирифта шуда, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ 5,6 миллион сомониро ташкил дода, корхонаҳои саноатии минтақа ба маблағи 174,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ, ба 4 миллиарду 801,4 миллион сомонӣ расида, нисбати соли 2015-ум 525,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад (суръати афзоиши он 12,3 фоизро ташкил медиҳад).

Дар ин давра вобаста ба иҷрои нақшаи амал 75 адад корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 3222 ҷойи корӣ ташкил карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Соҳаи саноат сол ба сол рушд ёфта, нисбати соли 2015-ум истеҳсоли маҳсулотҳои дузандагӣ 137 фоиз, маҳсулотҳои заргарӣ 102 фоиз, оби маъданӣ 165 фоиз, коркарди намаки ошӣ 168 фоиз, истеҳсоли мазут 120 фоиз, бензин 111 фоиз, сӯзишвории дизелӣ 116 фоиз, битум 127 фоиз, хишт 140 фоиз ва трансформатор 162 фоизро ташкил медиҳад.

Нисбати соли 2015-ум маблағгузориҳои асосӣ аз ҳамаи манбаҳо 875,2 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкорӣ аз ҳамаи манбаҳо 270,4 миллион сомонӣ ва корҳои пудратӣ бошад 155,9 миллион сомонӣ зиёд гардида, ба маблағи 1 миллиарду 86 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуд. Дар соли 2016 дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 349 адад биною иншоотҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 679,1 миллион сомонӣ ва зиёда аз 2891 адад хонаҳои истиқоматӣ дар масоҳати 288,4 ҳазор метри муррабаъ сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Бояд қайд намуд, ки  аксари иншоотҳои ҷашние, ки бахшида ба таҷлили ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда буданд, дар арафаи ин ҷашн ва дар рӯзи таҷлили ин санаи таърихӣ ба истифода дода шудаанд.

Нисбати соли 2015-ум суръати афзоиши ҳаҷми боркашонӣ 4,0 фоиз ва мусофиркашонӣ 17,0 фоиз таъмин гардида, мутаносибан 802,8 ҳазор тонна ва 10546 ҳазор нафар мусофир зиёд мебошад.

Таъмир ва истифодабарии роҳҳо бошад 116,2 фоизро ташкил дода, дар соли 2016-ум дар вилоят 2286,6 километр роҳҳо 35 адад пул бо дарозии 1602 метр ба маблағи 733 миллиону 658 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуданд.

Дар ин давра аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бошад ба маблағи 30 миллиону 767 ҳазор сомонӣ корҳои таъмирӣ, аз ҷумла 52,8 километр роҳҳо, 19 километр роҳҳо мумфарш, 22 пул бо дарозии 187 метр иҷро гардида, 423 километр роҳҳо сангфарш карда шуданд, ки бештари корҳо ба шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Бохтар, Вахш, Қубодиён, Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Муъминобод, Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик, Данғара, Ховалинг ва Балҷувон рост меояд.

Бо андешидани тадбирҳо вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ дар вилоят рӯ ба беҳбудӣ оварда, ҷараёни амалигардонии дастуру супоришҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатии соҳаҳо зери назорати доимӣ қарор доранд.

Бояд қайд намуд, ки баъди тадбирандешӣ нисбати соли 2015-ум шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемориҳои шадиди меъдаю руда - 3114 нафар, домана - 15 нафар, ислоҳоти хунин - 12 нафар, брусселёз - 21 нафар, бемории сил - 7 нафар, табларза - 4 нафар ва осебдидагон аз ҳайвонот - 183 нафар кам шуда, шумораи муассисаҳои тиббӣ бошад - 15 адад, теъдоди духтурон - 238 нафар, кормандони миёнаи тиббӣ - 1917 нафар зиёд гардидаанд.

Нисбати соли 2015-ум шумораи муассисаҳои таълимӣ - 7 адад, теъдоди омӯзгорон - 2754 нафар ва хонандагон - 14712 нафар зиёд гардида, барномаи компютеркунонии мактабҳо 109 фоиз таъмин карда шудааст (+1760).

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар ҳаракати олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани 76 ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 14 медали тилло, 15 медали нуқра ва 47 медали биринҷиро ба даст овардаанд.

Ҷиҳати дастгирии омӯзгорони ҷавон дар вилоят пайваста ғамхориҳо зоҳир карда шуда, то инҷониб ба 1933 нафар омӯзгори ҷавон қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, ба 134 нафар қитъаи замин барои полезкориву боғдорӣ ва ба 329 нафар қарзи имтиёзноки бонкӣ дода шуда, аз ин шумора 182 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 75 қитъаи замини полезкориву боғдорӣ ва ба 54 нафар ҷудо намудани қарзи имтиёзноки бонкӣ ба соли 2016 рост меояд.

Бо мақсади дастгирии соҳибкории занон грантҳои Раиси вилоят дар ҳаҷми 250 ҳазор сомонӣ таъсис дода шуда, бори нахуст 21 нафар занон аз ин имтиёз баҳравар гардиданд. 

Боиси зикр аст, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2017 - Соли ҷавонон эълон гардид ва саҳми ҷавонон дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо муносиб арзёбӣ мегардад.

Дар соли сипаришуда бори нахуст Форуми ҷавонони вилоят дар ноҳияи Ховалинг ва Фестивали дӯстии ҷавонони вилоят дар шаҳри Кӯлоб бо фарогирии зиёда аз 6000 нафар ҷавонон гузаронида шуд.

Дар соли 2016-ум варзишгарони вилоят дар 113 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, дар умум 487 медали тилло, 490 медали нуқра, 625 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 1602 медал ба даст оварданд, ки нисбати соли 2015-ум  117 медал зиёд мебошад.

Дар соли 2016-ум 15 толори варзишӣ, 30 майдончаи варзишӣ, 6 варзишгоҳ, 3 майдони тенис ва 1 маҷмааи варзишӣ ба маблағи 155,4 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонии 1 маҷмааи варзишӣ, 8 толори варзишӣ, 2 варзишгоҳ ва 43 майдончаи варзишӣ ба маблағи 25 миллиону 700 ҳазор сомонӣ бо маром идома доранд.

Дар соли 2016-ум 61276 адад маъракаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2015-ум 5860 адад маъракаҳо зиёд гардида, аз ҷониби масъулин 249 ҳолати қонуншиканиҳо ошкор карда шудааст.

Дар ин давра 284 адад туйҳои домодию арӯсии хайриявӣ ва 5261 адад тӯйҳои хатнасури хайриявии дастаҷамъона аз оилаҳои ниёзманд доир карда шуданд, ки нисбати соли 2015-ум 1476 адад зиёд мебошад.

Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар арафаи идҳо расонидани садақа ба маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои ниёзманд, фақирону муҳтоҷон, ятимону барҷомондагон, бепарасторон ва собиқадорони меҳнат аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои вилоят, соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар маҷмуъ ба маблағи 8,2 миллион сомонӣ кумакҳо расонида шуданд.

Дар соли 2016-ум саҳми тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят дар сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аз қабили қабул ва гусели меҳмонони олиқадр бениҳоят назаррас арзёбӣ мегардад.

Дар соли сипаришуда аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 4858 ҷиноят ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2015-ум 154 ҷиноят зиёд буда, сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 4568 ададро ташкил медиҳад, ки 326 адад зиёд мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки равандҳои иҷтимоию сиёсии ҷомеаи муосирро бе таъминоти иттилоотӣ тасаввур кардан мумкин нест. Бо ин мақсад, соли 2016 сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар тарҳи нав роҳандозӣ карда шуда, ҳамарӯза иттиоолоти он нав карда мешавад.

Ҳамчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии рӯзноманигорон баҳри инъикоси воқеии вазъи ҷомеа дар соли 2016-ум Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон дар соҳаи рӯзноманигорӣ таҳти унвони “Нерӯи сухан” таъсис дода шуд.

Дар соли 2016 дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ доир ба ҳаёту фаъолияти шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ тавассути васоити ахбори омма 93 хабару мақолаҳои таҳлилию танқидӣ пахш ва нашр гардидаанд, ки то имрӯз ба 85-тои он вокуниш карда шуда, 8 адади дигар дар мавриди баррасӣ қарор доранд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо вуҷуди муваффақиятҳои ба дастовардаи соли 2016-ум, дар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят захираҳои зиёди истифода нашуда ва масъалаҳои ҳалношуда низ ҷой доштанд.

Боварии комил дорам, ки мардуми заҳматкаши вилоят ва фаъолони он аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои таъмини пурраи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ҷиҳати рушди устувору босуботи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Меҳнаткашони вилояти Хатлон сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сидқан ҷонибдорӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои зичтар муттаҳид гардидан дар атрофи Пешвои муаззами миллат, инчунин дар иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳое, ки дар назди ҷомеаи мо гузоштаанд, сафарбар карда, бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ ҷашнҳои дар пешистодаи солро сазовор пешвоз гирифта, соли 2017-ро низ бо натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ҷамъбаст хоҳанд кард.

Ташаккур ба диққататон!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11