СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ГУЛМАҲМАДЗОДА Д.Қ. БАХШИДА БА «РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА» ВА ГУСЕЛОНИДАНИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам даъватшавандагон, афсарону сарбозон!

Падарону модарони гиромӣ!

Ҳозирини арҷманд !

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2017, таҳти №852 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои 1990 – 1999-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматӣ ҳарбӣ» имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои муташакилона сафарбар намудани ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ оғоз гардида, ҷавонони бонангу номуси Ватан барои адо намудани қарзи фарзандии хеш дар назди Модар – Ватан ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҳозир шуда, аксари онҳо бо хоҳиши худ баҳри содиқона хизмат намудан камари ҳимат бастаанд.

Чи тавре, ҳар яки мову Шумо шоҳиди он гашта истодаем, ки даъватшавандагони чорабинии имрӯза, бо як меҳру муҳаббати беандоза, содиқ будан ба ин халқу ватани аҷдодии хеш барои адо намудани хизмати ҳарбӣ дар ин саҳни ҷавонмардӣ саф оростаанд.

Барои ташаббуси содиқона, меҳру муҳаббати ҷовидона, бастани камари ҳимати мардонагӣ ба ҳар яки Шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ орзу намуда, минатдории хешро баён карда, хоҳони онам, ки ҳамеша сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвари соҳибистиқлоли азизамон пойдор бошад.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ баргузор гардидани «Рӯзи даъватшаванда» чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангию маърифатӣ баргузор гардида истода, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ аз ҷумла, дар байни ҷавонон идома доранд.

Инчунин барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида таъмин намудани нақшаи даъвати баҳории даъватшавандагон ба сафи Артиши миллӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳаё гардидааст.

Ҷавонони азиз! Падарону модарони гиромӣ!

Инро набояд фаромуш кард, ки заминаи асосии таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар дар ҳама давру замон Артиш буд ва то абад мемонад.

Бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ тамоми шароиту имкониятҳо муҳаё гардида, қисмҳои низомӣ бо кадрҳои баландихтисосӣ ҳарбӣ таъминанд, ки баҳри ҳимояи марзу бум, таъмини бехатарӣ, сулҳу субот ва дар таъмини амнияти кишвар омодаанд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, аз ҷумла дар вилоят, инчунин дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллии кишвар ҳиссаи назарраси хешро мегузоранд.

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Соли ҷавонон эълон гардид.

Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои солҳои пешин бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори миллату давлати мо мебошад.

Аз асотир ва достонҳои гузаштагон то ба мо омада расидааст, ки ба сафи Артиш беҳтарин ғаюру шуҷоъаттарин мардон хоста гирифта мешуданд ва ин анъана имрӯз низ давом дорад.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар ин майдон ҷавононе саф оростаанд, ки онҳо дар қалбу тафаккури худ меҳри Ватан - модар ва ҳимояи марзу буми кишварро ҷой додаанд, бо амри виҷдон ба нуқтаҳои даъват бо ҳидоят ва дуои неки волидон ҷамъ омадаанд ва хизмат дар сафи Артиши миллиро пешаи кори худ қарор додаанд ва дар назди падару модарон, хешу ақробон, дӯстону наздикони худ қавл додаанд, ки хизмати Ватан - модарро бо сари баланд, содиқона адо менамоянд. 

Падару модароне ҷамъ омадаанд, ки тавонистанд, дар тарбияи ҳисси мардонагию шуҷоат ва ватандӯстиву ватандорӣ дар зеҳну вуҷуди фарзандони хеш муваффақ шаванд.

Ман аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Шумо ҷавонони ғаюру шӯҷоъ ва волидони бо ору номус аҳсан мегӯям.

Боварӣ дорам, ки дар оянда насли наврасу ҷавонони ҳузурдоштаи  чорабинии имрӯза, пайваста ба ғамхориҳои Пешвои миллат, ин ташаббус ва иқдоми некро идома дода, барои ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини бехатарӣ, амният, сулҳу субот, ҳисси баланди ватандорӣ ба миллату давлати хеш омода мешаванд.

Аз ҳама ҷавононе, ки имрӯз баҳри гусели даъватшавандаҳо омадаанд, даъват менамоям, ки аз амали ҷавонмардонаи ин ҳамсолони шуҷои худ ибрат гирифта, баҳри дар оянда хизмат намудан ба Ватан – модар омода бошанд.

Пас, ба ҷавонони ояндасози давлату миллати хеш муроҷиат карда гуфтаниам, ки дар чунин шароит ҳар ҷавони бонангу номусро зарур аст, дар иҷрои қарзи шаҳрвандии хеш, яъне хизмат ба Ватан - модар таъхир накарда, дар ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ масъулияти бештар нишон диҳад.

Муҳтарам даъватшавандагон ва ҷавонони даврони соҳиб-истиқлолии кишвар!

Маъракаи даъвати баҳории имсола ба даврае рост омадааст, ки тамоми сокинони кишвар аз ҷумла, ҷавонон ва кулли мардуми Хатлонзамин бахшида ба Соли 2017 – эълон гардидани Соли Ҷавонон, таҷлили бошукуҳи ҷашнҳои 20 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар санаҳои таърихӣ омодагиҳои ҷиддӣ дида истода, кушиш ба он намуда истодаанд, ки ин ҷашҳои муҳими сиёсӣ дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ташкилӣ, сиёсию фарҳангӣ таҷлил гарданд.

Шумо, ҷавонону наврасон, бояд хуб дарк кунед, ки истиқлолияти воқеӣ доштан ва соҳибдавлату соҳибватан будан барои инсон чӣ неъматест, бузург ва волотар аз ҳамаи ормонҳои зиндагӣ аст.

Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар, пеш аз ҳама, ба зиммаи шумо - ҷавонон вогузор аст. Шумо бояд Ватанро дар баробари модари худ дӯст доред, қадр кунед ва ҳифз намоед.

Шумо ҷавонон заминаи боэътимоди муҳофизат аз Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастед.

Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки мардум, падару модарон ва хоҳару бародарони мо дар симои ҳар яки Шумо ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизони сарзамин ва марзу буми аҷдодиро мебинанд ва боварӣ доранд, ки Шумо ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Ватан - модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода ҳастед.

Мо ифтихор аз Шумо ва волидони Шумо дорем ва барои Шумо ҷавонмардони шӯҷоъ, родмардони ватандӯсту ватанхоҳ аҳсан мегӯем! Бигузор амалу рафтори имрӯзаи Шумо барои ҳазорон нафар ҷавонони вилоят дарси ибрат бошад.

Ҳамин аст рисолати ватандорӣ ва ҳамин аст қарзи фарзандии ҳар яки мову Шумо дар назди Ватан – модар.

Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи Шумо дар адои ин амали пуршараф  саломатӣ,  хушбахтӣ,  ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва шуҷоати Рустамона таманно менамоям.

Саломату сарбаланд бошед, фарзандони шӯҷоъӣ Ватан !

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11