СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, МУҲТАРАМ ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛ ДАР «РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА»

Муҳтарам афсарон!

Падару модарони азиз!

Даъватшавандагон ба Артиши миллии Тоҷикистон!

Мо, миллати сарбаланди тоҷик хушбахт ва шукргузор аз он ҳастем, ки соҳиб-ватанему дар домони ин марзу буми аҷдодӣ озодона зиндагӣ намуда, аз файзи соҳибистиқлолии кишвар имконияти рушду пешрафти мустақилонаро дорем.

Вобаста ба ин, дар хотир бояд дошт, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, ҳар яки моро водор месозад то дар роҳи таъмини субботу амнияти он доимо талош дошта бошем.

Зеро, ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваст буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад.

Дар робита ба ин бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол, Қувваҳои мусаллаҳаш мебошад.

Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлолияти комили худро таъмин намояд.

Таҷрибаи ҳазорсолаи таърихии давлатҳо собит намудааст, ки кишвари ба нерӯи ҳарбии хориҷӣ дар таъмини иқтидори мудо-фиавии худ такякунанда, бешубҳа ба шикаст рӯ ба рӯ аст.

Маҳз аз ҳамин сабаб, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ - дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуданд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбиашон дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом доданд ва дар айни замон аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузаштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи имконият-ҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир дар Қувваҳои мусаллаҳ равона карда, айни замон мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти моддии сохторҳои низомӣ асосан бартараф карда шуда, дар доираи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ сохтмон ва азнавсозии инфраструктураи қисмҳои низомӣ вусъат ёфта истодааст.

Дар вилоят низ вобаста ба имкониятҳои мавҷуда дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шуда, мавзеъҳое, ки ҷузъу томҳои низомӣ дар онҳо ҷойгир мебошанд, ба меъёру талаботи шаҳрчаҳои ҳарбӣ мутобиқ карда шуда истодаанд.

Ҳозирини арҷманд!

Хизмат ба Ватан - Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.

Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад.

Ин лаҳзаҳо аз чеҳраи ҳар як даъватшавандае, ки барои адои хизмати Ватан - Модар ҳозир шудааст, маълум аст, ки меҳру муҳаббати беандоза ва содиқ будан ба ин халқу ватан онҳоро дар ин роҳ сафарбар намудааст.

Ин ҷавонон, ба худ қавл додаанд, ки хизмати Ватан – модарро бо сари баланд, содиқона адо намуда, саҳми босазои худро дар рушду пешрафти он мегузоранд.

Ҳар як даъватшаванда бояд донад, ки имрӯз барои адои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷи-кистон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ таъминанд, ки барои омодасозии Шумо баҳри ҳимояи марзу бум, таъмини амният, сулҳу суботи кишвар омодаанд.

Айни ҳол маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар муқоиса ба солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба нерӯи тавоное табдил ёфтааст.

Пас, ба ҷавонони ояндасози давлату миллати хеш муроҷиат карда гуфтанием, ки дар чунин шароит ҳар ҷавони бонангу номусро зарур аст, дар иҷрои қарзи шаҳрвандии хеш, яъне хизмат ба Ватан – Модар таъхир накарда, дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ масъулияти бештар нишон диҳад.

Бояд ҳамеша дар назар дошт, ки интизоми қавӣ ва тартиботи қатъӣ шарти муҳимтарини омодагии ҷангиву қобилияти мудофиавӣ ва нишондиҳандаи мустаҳкамии сафҳои артиш мебошад.

Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст.

Падару модарони азиз!

Ба Шумо изҳори сипос намуда гуфтаниям, ки тарбияи дурусти фарзандон, роҳнамоии созанда намудани онҳо, дар вуҷудашон ҷой намудани эҳсоси меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан -Модар, ифтихору ғурури миллӣ ва ватандорӣ ин натиҷаи заҳматҳо ва бедорхобиҳои Шумо дар роҳи саодатманд гардони-дани фарзандон буда, мактаби тарбия ва оиладории Шумо арзандаи омӯзиш ва таҳсину офаринҳост.

Ҳамин аст рисолати ватандорӣ ва ҳамин аст қарзи шаҳрвандии ҳар яки мову Шумо дар назди Ватан – Модар.

Даъватшавандагони муҳтарам!

Иқдоми Шуморо дар роҳи ҳимояи Ватан ва иҷрои қарзи фарзандӣ намунаи волои ҷавонмардӣ шуморида, ба Шумо дар иҷрои ин рисолати бузург иқболу сарбаландӣ таманно дорам. Дониста бошед, ки Шумо имрӯз ҳимоятгари марзу буми аҷдодӣ, сулҳу осудагии ҳар як хонадон, шодии модарон, хандаи беғаши хоҳаракону додаракони худ буда, хотири ҷамъи тамоми мардуми Тоҷикистони азиз ҳастед.

Ман шахсан аз номи худ ва кулли мардуми вилояти Хатлон ба Шумо ҷавонони матинирода ва волидони бо ору номус аҳсан мегӯям.

Бори дигар таъкид месозам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ифтихор аз он дорад, ки имрӯз Шумо ҷавонони ғаюру шуҷоъи диёр баҳри ҳимояи марзу буми Ватан, ҳимояи сохтори конститутсионӣ, таъмини шароити мусоид барои амалишавии ҳадафҳои бузурги давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри дил ва бо ҳидояту дуои неки волидон ва ҳамдиёрон ба комиссариати ҳарбӣ омада, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва адои қарзи шаҳрвандиро пешаи худ кардаед.

Дар ин масир ба ҳамаи Шумо дар адои ин амали пуршараф саломатӣ,  хуш-бахтӣ, ҳушёрию зиракӣ матонату ҷасорат ва шуҷоати Рустамона таманно менамоям.

Роҳатон сафед, иқболатон баланд, дуои неки волидон Шуморо дар ин роҳи пуршараф ҳамеша ҳамроҳ бошад.

Саломату саодатманд бошед!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11