СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ ДАР ФОРУМИ ЗАНОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА СОХТОРҲОИ НИЗОМИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Муҳтарам афсарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, Ҳозирини гиромӣ!

Баргузории Форуми дуюми занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилояти Хатлонро ба ҳамаи Шумо табрик гуфта, ба кори Форум барор таманно дорам.

Қайд карданро зарур медонам, ки баргузории Форуми мазкур арсаи беҳтарини муаррифии фаъолият ва дастовардҳои занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ буда, ҳамчун намунаи беҳтарини шуҷоату садоқат ва ифтихори ватандӯстӣ маънидод мешавад.

Дар баробари ин зани низомипӯш, ки ҳам модар асту ҳам афсар, барои садҳо нафар ҷавондухтарони дигар мояи ибрат шуда метавонад.

Ҳозирини арҷманд,

Фаъолияти занон дар сохторҳои низомӣ таърихи дурудароз дошта, ҳанӯз дар давраи Петри I дар Оинномаи соли 1716 ҳуқуқи занон барои хизмат дар сафҳои артиш дарҷ гардида буд.

Дар охири асри XVIII бо супориши княз Потемкин ротаи махсуси «амазонӣ» аз ҳисоби ҳамсарон ва духтарони афсарон таъсис ёфта буд, ки бо шуҷоатмандӣ ва нотарсии худ фарқ мекарданд.

Далелҳои иштироки занони тоҷик дар муҳорибаҳо баҳри ҳифзи марзу бум, таърихи куҳан дошта, нақлу ривоятҳо дар ин бора хеле зиёданд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 800 ҳазор нафар занон дар ҷанг интирок намудаанд, ки дар байни онҳо занони тоҷик низ буданд ва якчанд нафари онҳо бо унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ мушарраф гардидаанд.

Ҳамаи ин моро ба хулосае водор мекунанд, ки арсаи ватандорӣ арсаи нангу номус ва шаъну шарафи инсонист, ки онро бо баҳои ҷон бояд дифоъ намуд.

Дар роҳи дифои он марду зан масъулияти якхела дошта, ин марзу бум муқаддас, ивазнашаванда ва ягона барои ҳамаи мост.

Дар ин масир нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бағоят калон буда, фаъолияти содиқонаю шабонарӯзии онҳо мояи хоби ороми тифлакон, осудахотирии модарон ва меҳнати созандаи падарон мебошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 ин нуқтаро таъкид намуда, иброз доштанд, ки таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.

Бо ифтихор ва шукргузорӣ аз суботи ҷомеа метавон гуфт, ки Тоҷикистони азизамон дар зери сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар дар ҳоли рушд қарор дошта, зина ба зина соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд, ки саҳми занон, хусусан шумо занони матину қавиирода, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ фаъолият доштеду доред, ниҳоят калон аст.

Ҳамдиёрони азиз,

Сиёсати имрӯзаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дар самти татбиқи ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон хусусияти устувор дошта, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба таҳаввулоти ҷиддии ақида ва мафкураи аҳли ҷомеа вобаста ба мавқеи занон мусоидат намуд.

Ин аст, ки намояндагии занон дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ зиёд гашта, стреотипи мавҷуда дар бораи касбҳои «мардона» ва «занона» мунтазам аз байн рафта истодааст.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ теъдоди занон дар баъзе мақомоти давлатӣ, аз он ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ангуштшумор буд.

Имрӯз бошад вазъият ба куллӣ тағйир ёфта истодааст, ки чорабинии имрӯза далели ин гуфтаҳост.

Мо заҳматҳои шабонарӯзии шуморо дар самти иҷрои уҳдадориҳои оиннномавӣ ва садоқат ба савганди ёд кардаатон медонем.

Таҳлили фаъолияти Шумо, гурдофаридони замон, нишон медиҳад, ки дар шароити кунунии рушди равандҳои ҷаҳонӣ мубориза бо ҷинояткорӣ, ки доимо симои нав ба худ касб карда меистад, кори осон нест.

Ошкор ва кушодани онҳо, малака, дониш ва истифодаи усулҳои махсуси фаъолиятро тақозо менамояд.

Шумо, ки дар сангари пеши муқовимату мубориза бо падидаҳои хатарнок истодаед, ин таҳдиду хатарҳоро аз дигарҳо дида хубтар эҳсос менамоед.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, аз ҷумла терроризм ва экстремизм барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол вазифаи муҳим мебошад.

Имрӯзҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят зиёда аз 350 нафар занон фаъолият менамоянд, ки теъдоди онҳо сол ба сол зиёд гашта, дастовардҳои хизматиашон ҳам назаррас гашта истодаанд.

Дар ин самт мақомоти корҳои дохилии вилоят нишондиҳандаҳои хуб дошта, дар дастгоҳи марказии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон 138 нафар занон фаъолият менамоянд, ки дар тамоми чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҷомеа фаъолона иштирок намуда, 4 нафари онҳо бо медали «Барои хизматҳои шоён», як нафар бо медали «Милитсияи Тоҷикистон», 8 нафар бо нишонаҳои сарисинагии «Барои хизмати аъло дар Вазорати корҳои доҳилӣ» ва «Аълочии милитсия», 27 нафари онҳо бо «Ифтихорнома», «Сипоснома» ва «Раҳматнома»-ҳои Вазири корҳои дохилӣ сарфароз гардидаанд.

Аз теъдоди зикргардида, 6 нафар дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Сафи занҳо дар мақомотҳои Прокуратура низ сол то сол зиёд гардида истодааст.

Агар то солҳои 2001 дар мақомоти прокуратураи вилот 7 нафар занон фаъолият дошта бошанд, имрӯз шумораи онҳо дар ин мақомот ба 16 нафар расидааст.

Ҳамзамон, бо назардошти иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ, муваффақиятҳои шоёни меҳнатӣ дар пурзӯр намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ Саидзода Дилбар - ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Восеъ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии прокуратура» қадрдонӣ карда шудааст.

Лозим ба қайд аст, ки саҳми занон дар сохторҳои раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят низ калон буда, онҳо баҳри таъмини амнияти давлат, ҳифзи сохти конститутсионии мамлакат, мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳо фаъолона иштирок намуда истодаанд.

Ҳамчунин, соли ҷорӣ дар баргузории чорабиниҳо бахшида ба ташрифи меҳмонони олиқадр ҳамаи онҳо содиқона хизмат намуданд.

Ин буд, ки барои муносибати софдилона ба иҷрои ӯхдадориҳои хизматӣ ва ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас ду нафар хизматчиёни ҳарбӣ - занон бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуда, ба ду нафари дигарашон раҳматнома эълон карда шуд.

Рутбаи ҳарбии се нафари онҳо баланд бардошта шудааст.

Теъдоди занон дар раёсат ва марказҳои адлияи шаҳру ноҳияҳо низ давра ба давра зиёд гашта, барои фаъолияти босамарашон 4 нафари онҳо бо медали 90-солагии адлияи Тоҷикистон, 3 нафарашон бо ифтихорномаи Вазорати адлия мукофотонида шуданд.

Теъдоди занон дар мақомоти судӣ низ марҳила ба марҳила зиёд гашта, имрӯз дар суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 7 нафар занон, аз он ҷумла як нафар дар вазифаи раиси суд, 6 нафар судяҳо, фаъолият намуда, дар татбиқи адолати судӣ саҳми босазои худро гузошта истодаанд.

Ман, имрӯз аз ин минбари баланд, ба Шумо хоҳарону бонувони шуҷоъ ва матинирода муроҷиат намуда, изҳор карданӣ ҳастам, ки воқеан ҳам ҳар яки Шумо шоистаи таҳсину офарин ва миннатдорию қадрдонии мо, кулли ҷомеа, ҳастед.

Мо бо Шумо ифтихор дорем.

Ҳозирини арҷманд,

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи байни баргузории форуми якум ва дуюм муваффақиятҳои Шумо дар ҷодаҳои мушкилу пурмасъулияти фаъолиятатон назаррас гаштаанд.

Бинобар ин, мо, аҳли ҷомеа, ба ҳушёрӣ, зиракӣ ва шуҷоатмандии Шумо занони сохторҳои қудратӣ эътимоди қавӣ дошта, омодаем дар фаъолияти корӣ шуморо ҳамаҷониба дастгирӣ намоем.

Бояд қайд кард, ки ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амиқан бояд дарк намояд, ки дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд зиндагӣ ва кору фаъолият менамояд.

Бинобар ин, онҳо вазифадоранд, ки ҳимоя ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро дар маркази фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд.

Зеро, ҷинояткориро танҳо дар ҳолате коҳиш додан мумкин аст, ки беэҳтиромӣ ба қонун ва беэътиноӣ ба ҳуқуқ дар маҷмӯъ аз байн бурда шуда, риояи ҳатмии тартиботи ҳуқуқӣ ҳамчун рафтору кирдори табиӣ ба шуури мардум ворид карда шавад.

Муҳтарам иштирокчиёни Форум,

Бояд қайд намоям, ки бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат шароити зиндагӣ ва фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои низомӣ беҳтар шуда истодааст.

Соли ҷорӣ зимни сафарҳои кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон як қатор иншоотҳо барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла бинои шуъбачаи Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, бинои нави шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил дар шаҳри Қӯрғонтеппа, бинои отрядҳои сарҳадии раёсати Кумитаи сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар натиҷа як қатор кормандони ин мақомотҳо шароити фаъолият ва манзилии худро беҳтар намуданд.

Ҳозирини арҷманд,

Дӯстони гиромӣ,

Бояд қайд намуд, ки Форуми имрӯза моро водор менамояд то аз дастовардҳо ёдовар шуда, баҳри пешбурди фаъолият дар оянда масъалаҳои мавҷударо низ баррасӣ намоем.

Бинобар ин, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари онҳо бо мардон зарур аст, ки минбаъд низ:

- ба масъалаи ҷалби занону духтарони лаёқатманд, донишманд ва ҷисман обутобёфта ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ чораандешӣ карда шавад.

Зеро, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомии вилоят теъдоди занон бениҳоят каманд ва ё умуман дар онҳо занон фаъолият надоранд;

- минбаъд низ матонат ва донишу кордонии занонро ба инобат гирифта, теъдоди онҳоро дар мансабҳои роҳбарикунанда зиёд намудан лозим аст;

- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки баҳри дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии занони дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ фаъолияткунанда мунтазам чораандешӣ намоянд.

Боварии комил дорам, ки Шумо кормандони соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар навбати худ вазифаҳои ба зиммаатон гузошташударо бо дилу нияти пок иҷро менамоед ва дар бунёди давлати ҳақиқатан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми арзанда мегузоред.

Ман ба ақлу заковат, донишу маҳорат, поквиҷдонӣ, ватандӯстиву меҳанпарастии ҳар кадоми шумо бовар дорам ва мутмаинам, ки минбаъд низ аз иҷрои вазифа ва супоришҳое, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар назди шумо гузоштаанд, сарбаландона мебароед.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ба ҳамаи шумо тансиҳатию сарбаландӣ ва дар кори пурмасъулиятатон муваффақиятҳои беназирро таманно дорам.

Бигузор дурахши ситораҳои сари китфи Шумо дурахши ситораҳои иқбол дар зиндагии оилавию фаъолиятатон бошад!

Ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед!

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11