СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ МИЛИТСИЯ»

Муҳтарам кормандони мақомоти милитсия, афсарону сарбозон, собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ҳамаи давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз субботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад.

Имрӯз бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва таъмини амнияту оромӣ дар кишвар, ки саҳми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар он назаррас аст, ҳамаи Шумо-ҳозирини гиромӣ ва кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоятро ба ифтихори ҷашни касбӣ, яъне «Рӯзи милитсия» самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихор барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳозирини арҷманд.

Ҳар яке аз мо медонем, ки фаъолияти милитсияи тоҷик ҳанӯз дар давраи дигаргунсозиҳои инқилобӣ, ҳамчун ҳайати шахсии кормандони комисариати халқии корҳои дохилӣ ташкил шуда, ба фаъолият оғоз кард ва то имрӯз дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва суботи ҷомеа хизмати арзанда карда истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои содиқонаи кормандони мақомоти корҳои дохилиро қадр намуда, таъкид менамояд, ки: «Таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон вазифаи боифтихор ва масъулиятнок буда, ҷомеа ва давлат ин вазифаҳоро ба души мақомоти корҳои дохилӣ гузоштаанд».

Ин рисолати худро мақомоти милитсия дар мушкилтарин ва ҳасостарин лаҳзаҳо, дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон, ки доираҳои муайяни бадхоҳ бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашанд, содиқонаю сарбаландона иҷро намуд.

Дар ин роҳи пуршараф, ки масири ҳимояи нангу номус ва шаъну шараф буд, ҷавонмардони ин мақомот сина сипар намудаанд.

Кормандони милитсия дар таъмини суботи ҷомеа, пешгирӣ аз суйиқасдҳои хоинона ва кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ низ аз худ мардонагӣ нишон додаанд.

Аз соли 1992 то имрӯз барои оромӣ ва сулҳу салоҳ дар кишвар 593 нафар кормандони милитсияи вилояти Хатлон ҷони худро нисор кардаанд.

Мо имрӯз сари таъзим пеши шуҷоату мардонагии онҳо фуруд оварда, хотираи неки онҳоро абадан пос медорем. Зеро дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон додан, ин сабт намудани номи хеш дар саҳифаи абадии таърих аст.

Дӯстони гиромӣ,

Раёсати Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар самти иҷрои ӯҳдадориҳои худ ҷиҳати таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муташаккилона фаъолият намуда, эътимоду боварии аҳли ҷомеаро соҳиб гаштааст. Маҳз натиҷаи талошҳо ва дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ҷомеа буд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиноятҳои вобаста ба қаллобӣ, нашъамандӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ ва ҷиноятсодиркунии ноболиғон кам гаштааст.

Имрӯз фаъолияти кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вобаста ба пешгирӣ намудани ҷиноят, татбиқи чорабиниҳои махсус оид ба фош намудани ҷиноятҳои муташаккилона, халъи силоҳ, ошкор ва мусодираи маводи мухаддир, мубориза бар зидди ришвахурӣ назаррас мебошанд.

Боиси ифтихору хурсандист, ки имрӯз дар сафҳои милитсияи тоҷик дар баробари мардон занону бонувон ҳам шуҷоатмандона фаъолият намуда истодаанд, ки мо ба онҳо аҳсану офарин мегуем.

Муҳтарам кормандони мақомоти милитсия,

Ҳамаи мо медонем, ки рушду пешрафт фақат дар натиҷаи суботу амният ба даст оварда мешавад, ки дар таъмин ва таҳкими ин субот нақши Шумо беандоза калон аст.

Ҳамин аст, ки вилоят ба нишондиҳандаҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақавии вилояти Хатлон ба 11 миллиарду 473 миллион сомонӣ расид.

Иҷрои барзиёди нақшаи андоз, таъсиси 32 ҳазору 460 ҷойҳои нави корӣ, зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи 8 миллиарду 894 миллион сомонӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4 миллиарду 401,8 миллион сомонӣ маҳз аз баракати тинҷию амонӣ ва суботу оромӣ дар кишвар аст.

Ҳамчунин, соли ҷорӣ аз диди баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ барои мо дар вилоят соли муҳим буд. Дар ин давра сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 13 шаҳру ноҳияҳои вилоят сурат гирифт.

Натиҷаи фаъолияти самараноки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд, ки ҳангоми баргузории ин чорабиниҳо амният ва тартиботи ҷамъиятӣ пурра таъмин карда шуд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба кулли кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ, изҳори минтадорӣ менамоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Мо имрӯзҳо мебинем, ки тазодҳои ҷаҳонӣ, мухолифатҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон мушкилиҳои сангинеро ба бор оварда истодаанд. Дар чунин вазъият масъулияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ бағоят калон аст.

Бо назардошти ин моро зарур аст, ки робитаи зичи тамоми сохтору мақомотро бо аҳолӣ пурзӯр гардонида, сар задани ҳолатҳои номатлубро ҳамаҷониба пешгирӣ намоем.

Имрӯз, мутаассифона, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мушоҳида шуда истодааст, ки метавонад хатари ҷиддиро ба суботу амнияти кишвар эҷод созад.

Шумо, кормандони милитсия, ки дар сангари пеши ин муқовиматҳо қарор доред, мавҷудияти таҳдидҳои эҳтимолиро зиёдтар эҳсос мекунед. Бинобар ин, мо, аҳли ҷомеа, ба ҳушёрӣ, зиракӣ ва шуҷоатмандии шумо эътимоди қавӣ дошта, омодаем ҳамкориро дар ҳама самт пурзӯр намоем.

Муҳтарам ҳозирин!

Вилояти Хатлон ҳамчун яке аз вилоятҳои калони ҷумҳурӣ дар маркази диққати Роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор дошта, баргузории чорабиниҳои муҳими фарҳангию сиёсӣ моро дар пеш аст.

Боиси ифтихор аст, ки  баргузории таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2018» дар маркази вилоят-шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шуда истодааст.

Боварии комил дорам, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вазифаҳои ба зимма доштаашонро бо дилу нияти пок иҷро намуда, дар баргузории ҷашни «Наврӯз-2018» дар шаҳри Қӯрғонтеппа, саҳми арзанда мегузоранд.

Бо ин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шуморо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба муносибати «Рӯзи милитсия» аз самими дил табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, сарбаландию сарфарозӣ, иқболи баланд ва баҳри таъмини волоияти қонун комёбиҳои беназирро орзӯ менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11