САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ШАҲРИ ҚӮРҒОНТЕППА

Субҳи имрӯз 17 июн Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои созандагӣ бахшида ба таҷлили 20 –солагии Ваҳдати миллӣ ва ба истифода додани як чанд иншооти гуногун ба шаҳри Қӯрғонтеппа ташриф овард.

Сарваризи мамлакатро дар ин сафар раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамроҳӣ намуданд.

Сарварзир бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави иловагии мақамоти прокуратураи вилоят, бинои нави Факултети омӯзгории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар маҳаллаи Дӯстии халқҳо оғоз бахшида, ба сохтмони бинои марказии маъмурии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав санги асос гузошта, барои дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани иншооти мазкур ба масъулин маслиҳат ва дастурҳо доданд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11