САИДОВ Бобоҷон  Шарифович

*аз 16 июни соли 2016 дар мансаби мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон кор мекунад

*Соли таваллуд 31 майи соли 1970      *Ҷои таваллуд ноҳияи Вахш

*Миллат тоҷик                                          *Таҳсилот олӣ

*соли 1996 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро (рӯзона) хатм кардааст

*Ихтисос омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик

*Унвони илмӣ надорад

*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, узбекӣ

*Вакили  Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст  не

*Вазъи оилавӣ оиладор

*Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1987-1988-

Сарвожатии мактаби миёнаи № 35-и ноҳияи Вахш

Солҳои 1988-1990-

Хизмат дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ

Солҳои 1990-1991-

Ронандаи фирмаи «Контакт»-и назди Кумитаи комсомолии шаҳри Қӯрғонтеппа

Солҳои 1991-1996-

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

Солҳои 1996-1998-

Судиҷрочии суди шаҳри Қӯрғонтеппа

Солҳои 1998-2000-

Ҳуқуқшиноси Раёсати хоҷагии оби ноҳияи Бохтар

Солҳои 2000-2001-

Тарҷумон дар идораи давлатии хоҷагии оби вилояти Хатлон

Солҳои 2001-2005-

Муҳоҷири меҳнатӣ дар Федератсияи Русия

Солҳои 2005-2006-

Мутахассиси пешбари бахши кадрҳои шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Солҳои 2006-2010-

Сармутахассиси шуъбаи назорати дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Солҳои 2010-2011-

Мудири шуъба оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва муносибати байни миллатҳои дастгоҳи раиси  вилояти Хатлон

Солҳои 2011-2015-

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси  вилояти Хатлон

Солҳои 2015-2016-

Мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси  вилояти Хатлон

Аз июни соли

2016 то  ҳоло-

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси  вилояти Хатлон

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11