РӮЗИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯ БАЛҶУВОН

1-уми июл соли ҷорӣ вохӯрии раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар асоси нақшаи пешбинишуда вобаста ба рӯзи қабули шаҳрвандон дар деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бо сокинони ноҳия доир гардид.

Зимни вохӯрӣ шаҳрвандони ноҳия, вобаста ба масъалаҳои дохилшудан ба донишгоҳ, таъмири мактабҳои деҳот, надоштани нерӯи барқ, соҳилмустаҳкамкунӣ, хусусӣ намудани бунгоҳи тиббӣ, таъмири роҳи Кангурт-Балҷувон, ба хоҷагии деҳқонӣ табдил додани чарогоҳи оммавӣ аз раиси вилоят дархост намуда, хостори ҳалли масъалаҳои мазкур шуданд.

Раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода баъд аз шунидани пешниҳодҳои сокинон ба масъулини дахлдор ҷиҳати ҳали дархости онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11