РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – САНАИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ

Дар қатори рӯзҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президент изофа гардид, ки 16 – уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, ки воқеан 16 – уми ноябр барои миллату давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи хос ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин сана санаи 14 – уми ноябр дар Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин таҳти унвони «Рӯзи Президент – санаи муҳими таърихӣ» ҷамъомад бо иштироки устодону донишҷӯёни ДДҚ ба номи Носири Хусрав ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид.

Дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки Рӯзи Президент як санаи муҳими таърихист, ки мо шаҳрвандони Тоҷикистон онро дар сатҳи баланди фарҳангию сиёси ҷашн мегирем.

Иштирокчиён баргузор намудани чунин ҷамъомаду чорабиниҳоро ҷиҳати ташвиқу тарғиби қаҳрамонӣ ва хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқароршавии сулҳу ваҳдати пойдор дар сарзамини аҷдодӣ зарур шумориданд.

Инчунин, дар доираи чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Президент маъмурияти китобхона ба беҳтарин роҳбарони муассисаҳои таълимие, ки хонандагонашон дар китобхона ба китобхонӣ пурра фарогир шудаанд, бо асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонида шуд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11