РӮЗИ ВАҲДАТ СУБҲИ БЕДОРИСТ ДАР АФКОРИ МАН

Дар Литсейи касбию техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ёвон бахшида ба 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Рӯзи ваҳдат субҳи бедорист дар афкори ман» конфронси илмию адабӣ доир гардид.

Дар ин ҳамоиш зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ чун раванди асосии пешрафту тараққиёт кӯшиши хастанопазири аъзои ҷомеа ва кулли ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайриҳукуматӣ ва сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятиро тақозо менамояд. Махсусан, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вусъат додани эътимоди иҷтимоии аъзои ҷомеа ба сифати яке аз омилҳои таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ хеле барҷаста аст ва аз ин хотир, дар ин самт фазои ҳамкории судмандро пайваста бо онҳо густариш додан боиси манфиат мебошад. Инчунин тарбияи кадрҳои ҷавон ва ҷалби бештари онҳо дар раванди идоракунии ҷомеа яке аз омилҳои муҳими устуворсозии пояи Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Донишҷӯёни муассиса дар қисмати охири ҷамъомад зери шиори «Ватан, меҳрат ба дил азбаски ҷо шуд» барномаи ҳунарии худро намоиш доданд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11