РАФТИ КОРҲОИ ТАҶДИД ДАР НБО-И САРБАНД

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани яке аз се ҳадафи асосии стратегии давлат, расидан ба истиқлолияти энегетикӣ бо шарофати оромию суботи ҷомеа ва бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» лоиҳаи «Барқарорсозии Нерӯгоҳи барқӣ обии Сарбанд бо иқтидори 240 мВт» ба имзо расид, ки аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи аввали он оғоз гардидааст.

Тавре, директори Силсила нерӯгоҳҳои барқӣ обии Вахш Холназаров Н.Д. иброз дошт, давомнокии лоиҳа аз соли 2017 то соли 2020 ба нақша гирифта шуда, айни замон нақшабардорӣ ва корҳои ибтидоии сохтмони бинои ҶДММ «Синохайдро» рафта истодааст.

Қайд карданд, ки корҳои азнавсозӣ дар Нерӯгоҳи барқӣ обии «Сарбанд» дар 2 марҳила гузаронида шуда, баъди ба анҷом расонидани корҳои азнавсозӣ ҷиҳати мусоидат намудан ба таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ, иқтидори он ба 252 мВт расонида мешавад.

Бояд гуфт, ки саршавии сохтмони Нерӯгоҳи барқӣ обии «Сарбанд» аз соли 1956 оғоз гардида, 27 декабри соли 1962 ба истифода дода шуд.

Аз 20 июли соли 1965 саркарда нерӯгоҳ бо иқтидорӣ 210 мВт пурра ба истифода дода шуда, соли 1993 баъди модернизатсиякунонӣ иқтидори он ба 240 мВт-соат расонида шуда буд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11