РАФТИ ЗИМИСТОНГУЗОРОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ФАРХОР

Бо мақсади амалӣ намудани рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 06.05.2016, №93 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.05.2016, №130 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017», тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 06.02.2017, №42, рӯзҳои 6 то 8 феврали соли ҷорӣ вазъи ташкили ҷараёни таълиму тарбия, омодагии шуъбаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Фархор ба давраи тирамоҳу зимистони соли 2016-2017 аз тарафи гурӯҳи кории раёсат мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор дода шуд.

Натиҷаи санҷиш дар ҷамъомади васеи кормандони ноҳия бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Хидирзода Махфират Умар ва раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Вализода Сулаймон баррасӣ гардида, оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастур дода шуд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11