РАСОНИДАНИ КӮМАК АЗ ТАРАФИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ

       Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо сохторҳои зертобеъи худ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар арафаи идҳо кӯмак расонидан ба маъюбон  табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафаи “Соли нави мелодӣ” ба Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалистони шаҳри Қӯрғонтеппа ва филлиали ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон”, ташкилоти ҷамъиятии маъюбони “Шодком”, ташкилоти ҷамъияти маъюбони “Ғамхор”-и  дар шаҳри Қӯрғонтеппа буда, кӯмаки молиявӣ ҷамъ ба маблағи -24487 сомонӣ расонида шуд. Инчунин ба собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти ва меҳнат-400 сомонӣ, ба  ятимони хона- интернат дар ноҳияи  Ҷалолиддини  Балхӣ ба маблағи 800 сомонӣ, ба ду нафар шахсони яккаву танҳо ва маъюбон аз ҳисоби табибони кӯдаконаи ноҳияи Вахш, Бохтар ва Маркази саломатии шаҳри Қурғонтеппа  ба маблағи 810 сомонӣ  ба ҷамъияти нобиноёни шаҳри Қурғонтеппа  кӯмак расонида шуд. Ба Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон аз буҷҷаи маҳали  ба маблағи 28000 сомонӣ дастгоҳи фавқулсадо ворид гардид, ки ба ниёзмандон хизмат мерасонад.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11