РАИСИ ВИЛОЯТ: «БА АРЗУ ДАРХОСТИ МАРДУМ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕБОЯД»

Охири ҳафтаи гузашта раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, рӯзи қабули шаҳрвандонро дар шаҳри Норак баргузор намуд.

Дар қасри фарҳангии шаҳри Норак бо ширкати беш аз 700 нафар сокинони шаҳри Норак мулоқоти раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир гашт. Раиси вилоят дар оғози қабули шаҳрвандон иброз дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини кумитаи вазорат, раисони вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ба ғайр аз қабул дар утоқи корӣ, дар шаҳру ноҳияҳо низ қабули сайёрро ба роҳ монда, ба арзу матлаби сокинон расидагӣ менамоянд.

Ҳамин тавр, сокини шаҳри Норак Юсуф Маҳмадхонов, раиси хоҷагии “Сафармоҳ” аз Ҷамоати деҳоти “Дӯконӣ”, оид ба гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замини хоҷагии деҳқонӣ арзи матлаб намуд. Тавре ки равшан гардид, хоҷагии деҳқонии “Сафармоҳ” дар ҳаҷми 3,6 га замин таъсис ёфта, 0,54 га замини он дар баҳс бо хоҷагии деҳқонии “Юзмурод” қарор дорад.

Масъалаи мазкур аз ҷониби намояндагони мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин хусус қарори раиси шаҳри Норак низ ба тасвиб расидааст. “Мутаассифона, масъалаи мазкур аз ҷониби масъулини соҳа дар шаҳри Норак то ҳол роҳи ҳалли хешро наёфтааст”, иброз дошт Юсуф Маҳмадхонов.

Оид ба ҳали қазияи мазкур тибқи қонунҳои амалкунанда раиси вилоят ба масъулини дахлдор супоришҳои қатъӣ дод. Нурулло Холназаров бошад, аз Ҷамоати деҳоти “Пули Сангин”, доир ба масъалаи кӯчонидани аҳолии деҳаи Кибил ба мавзеи Палангдара арзи матлаб намуд. Тавре ки равшан гардид, бо сабаби дар мавзеъҳои хатарзо ҷо гирифтани манзилҳои иқоматӣ сокинони ин минтақа пайваста дар ташвишанд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид дошт, ки имрӯз аз ҷониби сокинони маҳалҳо бераҳмона нест кардани ҷангалзорҳо ба чашм мерасад. Чорвои шахсӣ дар талу теппаҳо шабонарӯзӣ бе назорат гаштугузор менамоянд ва ин боиси канда шудани талу теппа ва кӯҳҳое, ки сафедхоканд, мегарданд.

Раиси вилоят: «Ба арзу дархости мардум таваҷҷуҳи бештар мебояд»

Соҳибкор Абдураҳмон Темиров аз Ҷамоати деҳоти “Дӯконӣ” дархост намуд, ки барои бунёди макони дилхушӣ барои кӯдакон қитъаи замин ҷудо намоянд. ӯ омодааст, ки бо соҳибкорон дар деҳаи “Дӯконӣ-2” ба бунёди марказ шурӯъ намоянд.

Баҳриддин Ризоев, истиқомат-кунандаи кӯчаи Айнӣ, хобгоҳи рақами 2, барои ба моликияти шахсии истиқоматкунандагон табдил додани хобгоҳи мазкур, так-лиф ба миён гузошт. Ҳамин тавр, Нурмаҳмад Ганҷаков-омӯзгор, Рустам Давлатов- раиси маҳаллаи Сари Гузари 2, Неъматулло Холмуродов-сардори муассисаи давлатии маҷмааи гармхонаҳои шаҳри Норак, Ёрмаҳмад Иброҳимов, Гулчеҳра Юнусова, Камолиддин Абдуллоев ва дигарон доир ба масъалаҳои вобаста ба қитъаи замини иқоматӣ, муассиса ва иншоотҳои фарҳангӣ ва ғайраҳо арзи матлаб намуданд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, пас аз шунидани арзу матлаби сокинони шаҳри Норак ба масъулини соҳа баҳри ҳаллу фасли масоили ҳалталаб дастуру супоришҳо дод. Сипас, доир ба ҷамъбасти 9-моҳаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Норак, дастоварду камбудиҳои ҷойдошта таъкид ба миён оварда, баҳри ислоҳи камбудиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҷойдошта масъулинро муваззаф намуд.

Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Норак раиси вилоят таъкид дошт, ки шаҳри Норак мавзеи беҳтарини сайёҳӣ ба шумор меравад, барои ҷалби сайёҳон бояд шароитҳои мусоид фароҳам оварда шавад. Шаҳри Норакро, ки шаҳри нур унвон шудааст, бо меҳру муҳаббат ободу зебо намоем.

Ҳамин тавр, раиси вилоят доир ба Паёми навбатии Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистн сухан намуда, таъкид дошт, ки танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардидааст. Музди миёнаи меҳнат бошад, дар бист соли охир ба 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Дар замони истиқлолият ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳан, нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Чуноне ки Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқот зикр намуд, то замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият дошта бошад, айни замон муассисаҳои олӣ ба 39 адад ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ низ сухан ронда, таъкид дошт, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомониро ташкил додааст. Тибқи таъкидҳои Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон, Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба ҷумҳурии саноатӣ-аграрӣ табдил дода шавад. “Аз ин рӯ, масъулини шаҳри Норакро зарур аст, ки баҳри фаъолияти мунтазами муассисаҳои саноатӣ ва бунёди коргоҳу корхонаҳои нав тадбирҳо андешанд”, -ироа дошт раиси вилоят зимни суханронӣ.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11