ПЕШГИРИИ ФУРӮШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ФИТТАҲОИ ПАСТСИФАТ

Имрӯзҳо дар нуқтаҳои фурӯши маводҳои аудиовизуалӣ ва бозиҳои компютерии шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ҷалолиддини Балхӣ ва Бохтар рейди санҷишии якҷояи Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» ва КФД кино ва видеои вилояти Хатлон идома дорад.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ пешгирии фаъолияти ғайриқонунии соҳибкороне, ки ба фурӯши маводхои аудиовизуалӣ, паҳн намудани фиттаҳои ғайристандартӣ, пиратӣ, мазмуни ваҳшоният, зӯроварӣ ва порнографидошта мебошад.

Боиси зикр аст, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 400 рейдҳо гузаронида шуда, зиёда аз 4000 адад фиттаҳои пастсифат мусодира карда шуд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11