ПЕШГИРИИ ТАМОЮЛИ БЕГОНАПАРАСТӢ

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оиди пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, омода намудани фарзандон аз ҷумла, духтарони ҷавон ба ҳаёти мустақилона, тарғиби ҳунари катбонугии занон дар маҳаллаҳо, ва дигар мавзӯҳои муҳим гурӯҳи корӣ таъсис намуда, дар маҳаллаҳо, деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо занону духтарон суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодааст.

Чунин як вохӯрӣ дар маҳалаи Ҳувайдулоеви шаҳри Қӯрғонтеппа бо занони хонанишин баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ иброз карда шуд, ки миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшида, зеро фарҳанг ҳастии миллат ва нишондиҳандаи урфу одат ва расму оин мебошад, ки занону духтаронро баҳр ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳунаромӯзӣ ва ксбомӯзӣ даъват намуда, ба бар кардани либосҳои ғайри фарҳанги миллати тоҷик ва хотима бахшидан ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ва тарғиб намудани он, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастӣ гирифта шавад.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11