ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАГУЗОРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

10 –октябр тибқи нақша – чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон дар муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин маҳфил дар мавзӯи «Пешвои миллат – заминагузори сиёсати давлатии ҷавонон» бо иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва коллеҷи омӯзгорӣ гузаронида шуд.

Маҳфилро китобдорони ҷавон оғоз намуда оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ибрози ақида намуданд. Зимни суҳбат қайд гардид, ки бо ифтихор метавон гуфт, ки имрӯзҳо бо дастгириҳои падаронаи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳои таҳсил аз лиҳози китобҳои дарсӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва истифодаву омӯзиши техналогияи иноватсионӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин баъди истиқлолият ба дастовардан, ҷавонон соҳиби комёбиҳои зиёд гардида, имрӯзҳо бештари онҳо дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кор ва фаъолият доранд.

Инчунин донишҷӯён низ фикру ақидаҳои худро иброз намуда, шукргузор аз он шуданд, ки ба онҳо оид ба дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон тӯли солҳои Истиқлолият як қатор имтиёзҳо фароҳам оварда шудааст.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11